Мақомот мегӯянд, имсол нархи ҷиҳоз ва либоси ягонаи мактабӣ арзон аст, чун асосан моли корхонаҳои ватаниро ба фурӯш гузоштаанд. Бо ин ҳол, бархе аз волидон мегӯянд, барои ба мактаб омода кардани як фарзанд ба камияш 450 сомонӣ, муодили чиҳил доллари амрикоӣ зарур аст. Чизе, ки ба гуфтаи онҳо на ҳар хонавода дорад.
“Ин ҳадди ақали ҳисоб аст. Аз либоси ягона гирифта то ҷузвдон ва қаламу дафтар. Агар оилаҳое, ки се фарзанди мактабхон доранд, бояд 150-200 доллар харҷ кунанд. Инро аз куҷо меёбем?”, -- суол гузошт яке аз харидорон дар намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ дар Душанбе.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Мавҷуда Давлатоваи 30-сола, сокини ноҳияи Синои пойтахт, имсол духтари дувумаш Оишамоҳро ба мактаб гусел мекунад. Вай кор намекунад. Ягона ноновари хона шавҳараш аст, ки моҳе ду ҳазор сомонӣ, муодили дусад доллар маош мегирад. Бахше аз ин пул ба хӯрок ва хадамоти коммуналӣ харҷ мешавад.
Ӯ рӯзи 6-уми август гуфт: “Дирӯз бозорҳоро гаштам. Барои либосу ҷиҳози як кӯдак шашсад сомонӣ даркор шуд. Як ҷузвдони хуб беш аз сад ва дафтару қаламу китоб беш аз дусад сомонист. Шавҳарам мегӯяд, барои ҳар кадом аз фарзандон аз панҷсад сомонӣ зиёд дода наметавонад. Маслиҳат дорем. Кори осон нест.”
Чанд соли охир бо дастури мақомот волидон бояд либоси ягонаи мактабиро аз корхонаҳои ватанӣ харанд. Ҳар сол нарх ва сифати либосҳои истеҳсоли дохилӣ баҳсҳоро ба миён меорад.
Бархе аз волидон мегӯянд, ҳарчанд дар ярмаркаҳо нархи либос аз бозор нисбатан арзон аст, “сифаташ ҳанӯз ба талабот ҷавобгӯ нест”. Муҳаббат, яке аз харидорон гуфт, “нархаш хуб аст, вале дар бозор бо нархи гарон либоси босифат ёфтан мумкин аст.”
Аз соли 2007 дар мактабҳои Тоҷикистон либоси ягонаи мактабӣ ҷорӣ шудааст. Дар аввал волидон ҳаққи интихоби либос барои фарзандонро доштанд ва онро асосан аз бозорҳо мегирифтанд. Аммо солҳои охир аз волидон талаб шудааст, ки либосҳоро аз ширкатҳои ватанӣ бигиранд. Ҳомиёни ҳуқуқ борҳо инро як навъ поймоли ҳуқуқи сокинон донистаанд.
Соли гузашта дар баъзе аз ноҳияҳо бо сабаби қарздор шудани волидон аз корхонаҳои либосдӯзӣ баҳсҳо сар зада буд. Волидон гуфта буданд, бо сабаби гаронии нарх наметавонанд якбора ҳамаи пулро пардохт кунанд.
Дар Тоҷикистон шумораи хонандагони мактабҳои миёна ба 1 миллиону 900 ҳазор мерасад. Дар 5 моҳи имсол дар 53 корхона танҳо каме беш аз 400 ҳазор либоси мактабӣ истеҳсол шудааст.
Хушмаҳмад Ҷомаҳмадов, раиси Корхонаи “Нассоҷи тоҷик” гуфт, дар ин корхона дар ним сол беш аз 90 ҳазор либоси мактабӣ омода карданд.
Ба хотири ҳавасмандӣ бо як қарори ҳукумат моҳи майи ҳамин сол корхонаҳои истеҳсоли либоси мактабӣ аз андози фурӯши маҳсулот озод шуданд. Мақомот мегӯянд, солҳои наздик талаботи аҳолиро бо сару либоси мактабӣ пурра таъмин мекунанд, волидон ҳам умед доранд, ки сифати либосҳо хуб ва нархаш ба “талабот”-и кисаи онҳо баробар мешавад.