София Ҳоҷипантели, модели 22-солаи амрикоӣ аст ва номи ӯ маҳз ба хотири абрӯвони ғайримуқарарриаш вирди забонҳо шуд. Духтари зардинамӯй бо чашмони шаҳлову абрӯвони пайваста ва барҷастааш ҷалби таваҷҷӯҳ мекунад.
Худи София мегӯяд, ҳамеша мехост, дигар бошад ва дар хотири бинандаи аксу наворҳояш бимонад. Бо ҳамин мақсад дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷумбишеро бо ҳештеги #unibrow ё (“абрӯвони пайваста“) ба роҳ монд.
Имиҷи модели ҷавон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ғавғову ҳаёҳу барпо кард ва корбарон ба ду ҷабҳа тақсим шуданд. Бисёре аз корбарон, зери аксҳояш шарҳ гузошта, ӯро “аҷуза”, “зишт””, “тарснок” номидаанд, вале София Ҳоҷипантели ин ҳамаро нодида мегирад.
“Ҳар субҳ шарҳҳои даҳшатнокро мехонам. Вале ин назарҳо маро бештар ташвиқ мекунад, ки ҳамин тафовути худро ҳифз кунам. Аз сӯи дигар, ман бо ин корам дидам, ки афроди муҳофизакорро ба ҷунбиш овардам ва ҳамин назорат аз болои онҳо барои ман хеле муҳим аст” – мегӯяд, ӯ.
Ҷонибдорони абрӯвони пайвастаи София ҳам кам нестанд ва ба тарафдории ӯ садо баланд мекунанд.
Ман ба зидди абрӯвонам шӯриш бардоштам
“Ҳар вақте мардум дар бораи маъракаи интернетии “абрӯвонии пайваста”-и ман мепурсанд, савол медиҳанд, ки чӣ боис шуд, чунин бикунам? Вале воқеият ҳамин аст, ки ман шахсан намехоҳам абрӯвонамро бичинаму кам кунам. Аз ин шакли абрувонам розӣ ҳастам. Дар оғоз ман гӯё зидди абрӯвонам шӯриш кардам. Ҳоло ба ин назарам, ки бояд ҳамингуна бимонам. Бисёр одамон ба ман мегӯянд, ки ман ба онҳо намуна шудам ва аз ин чиз шодам”- гуфт, София.
София Ҳоҷипантели бовар дорад, ки шабакаҳои иҷтимоӣ барои муваффақияти инсон, аз ҷумла дар эътимод ба худ хеле кӯмак мекунанд. Ин духтари ҷавон мегӯяд, як идеяи муҳими таблиғи абрӯвони барҷастааш ҳимоят аз симои табии занон аст.
Бархе ҷонибдорони ин духтар мегӯянд, ки воқеан ҳам солҳои охир ҷаҳони мӯд босуръат пеш меравад, тағйир меёбад ва дар талоши зебоиву беҳамтоӣ, бисёриҳо тавассути амалиёти ҷарроҳӣ, тату ё холкӯбӣ ва ғайра ба таҳриру тағйири куллии чеҳраи худ даст мезананд.
Мунаққидони ин ҷараёнҳо мегӯянд, талоши бисёр занон ба таҳрири симои худ аз ноқаноатмандии ботинӣ ва нодида гирифтани арзишҳои аз ин баландтари маънавӣ дар зиндагӣ маншаъ мегирад.
Дар Тоҷикистон низ занону духтарон дар ҳама давру замон талош мекарданд зебову беҳамто бошанд. Дари кошонаҳои ҳусн баста намешавад, бозори беҳтарин стилисту ороишгарон гарм аст ва ҳама талош мекунад аз мӯду замона қафо намонад.
Абрӯвони Нигинаву Манижа дигар пайваста нест
Дар мавзӯи шакли абрӯ дар Тоҷикистон дар гузашта асосан як андеша вуҷуд дошт: абрӯи пайваставу камоншакли ӯсмакашида намунаи зебоӣ шинохта мешуд. Ин анъанаро то панҷу даҳ соли пеш овозхонҳои маъруфи тоҷик – Нигинаву Манижа ҳифз карданд.
Вале ҳоло, ба гуфтаи ороишгари тоҷик Мавзуна Маҳмудова, бисёр бонувон дубора ба шакли наздик ба табиӣ оро додани абрӯ бармегарданд.
Ӯ гуфт, ҳарчанд мавзӯи абрӯвони пайваста дигар “аз мӯд рафтааст”, бисёр бонувони тоҷик баъди чидани абрӯ онро рангубор намекунанд. Ӯ гуфт, ки ин мавзӯъ мафҳуми “шаҳриву деҳотӣ” надорад, чун ҳама замонавӣ шудаанд ва тавассути интернет аз мӯди охир огаҳ ҳастанд.
Мавзуна Маҳмудова ба саволи ин ки то куҷо ӯ аз иқдоми модели амрикоӣ барои начидану баланд кардани абрӯвон ҷонибдорӣ мекунад, гуфт, зан бояд зебо ва абрӯвонаш ҳам бояд ба шакле бошанд, ки ба ҳуснаш ҳусн зам кунад.
Стилисти дигар – Элина Багдасарова бештар бо сокинони навҷӯву тозакори пойтахт кор мекунад. Ӯ дар салони зебоиаш бо рангубори ғайриоддии мӯи духтарони писарон таҷрибаҳо мегузаронад ва мегӯяд, ба фарқ аз ҷомеаи кишварҳое мисли Қазоқистону Русия, дар Тоҷикистон расму анъанаҳои пешина бештар ҳифз шудаанд.
"Абрӯро чунон меороянд, ки як мӯяш ҳам ҷудо намешавад"
Ӯ гуфт, ки бисёриҳо ҳамоно ба холзании абрӯву лабонашон рӯ меоранд, чизе, ки дар кишварҳои дигар кайҳо аз мӯд рафтааст. Элина гуфт:
“Дар Тоҷикистон ҳама чизи ғайритабииро дӯст медоранд. Чеҳраи зан бояд рангубори зиёд дошта бошад, абрӯвонаш хеле барҷаста бошанд, мижаҳои сохта мечаспонанд. Масалан дар Аврупо абрӯвони сермӯйро ҳеҷ гоҳ ранг намекунанд, фақат каме гел мемоланд, то ки табиӣ ва зебо бошад. Масалан, дар Қазоқистону Маскав ин чиз роиҷ аст, дар мо бошад абрӯро чунон меороянд, ки як мӯяш ҳам ҷудо намешавад”.
Элина Багдасарова мегӯяд, беҳтарин ороиш онаст, ки рангубор дар чеҳра дидаву эҳсос нашавад.
Симои зан бояд табиӣ бояд, то ки бо дидани ӯ кас на ба андозаи рангубори чеҳраи ӯ, балки ба шахсияти ӯ таваҷҷӯҳ кунад
“Симои зан бояд табиӣ бояд, то ки бо дидани ӯ кас на ба андозаи рангубори чеҳраи ӯ, балки ба шахсияти ӯ таваҷҷӯҳ кунад”, гуфт Элина. Айни замон, стилисти маъруф аз салони зебоӣ ва минбари шабакаи иҷтимоиаш мардумро ташвиқ мекунад, ки дигар шаванд. Дигар шудан, ба назари Элина, талоши дигар кардани худ аст.
Ӯ гуфт: “Ман на фақат даъват мекунам, ки дигар шавед. Дар Тоҷикистон ҳоло бисёр мардони ҷавон ҳам дар баробари кӯтоҳ кардани мӯй рангашро ҳам иваз мекунанд. Рангҳои мухталиф мезананд. Ҳадаф ҳам ин аст, ки ин ҷаҳон дар чашми онҳо торику бенур набошад, балки баробар бо симояшон, дар фикру андеша ва замири онҳо ҳам ранги бештар пайдо шавад”.
Элина мегӯяд, инсон набояд аз тағйир додани чизе дар зиндагӣ ва зоҳириаш ҳарос дошта бошад. Танҳо аз роҳи таҷрибаву озмоиш кас метавонад, роҳи худро интихоб кунад ва атрофиёнро ҳам ба дигару беҳтар шудан ташвиқ кунад. Мисли София Ҳоҷипантели, ки мегӯяд, дар самти муқобили қонуни мӯд шино дорад ва медонад, ки рӯзе ба соҳили муродаш мерасад.