Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

ЮНЕСКО чавгонро варзиши озариҳо эътироф кард


Ҳаштумин нишасти Кумитаи мероси ЮНЕСКО дар нишасти рӯзи сешанбеи худ чавгонбозиро ба номи ҷумҳурии Озарбойҷон сабт кард.

Озарбойҷон қаблан аз Кумитаи мероси маънавии ҷаҳонӣ, Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии СММ (ЮНЕСКО) дархост карда буд, ки ин варзишро таҳти унвони "Чавгон бозии суннатӣ бо асп дар Қарабоғ" ба номи ин кишвар ва дар феҳристи мероси маънавии ЮНЕСКО сабт кунад.

Ҳаштумин нишасти Кумитаи мероси маънавии ЮНЕСКО бо ҳузури 600 намоянда аз 95 кишвари ҷаҳон рӯзи якшанбе дар Боку ифтитоҳ ёфт ва ин кумита рӯзи сешанбе бо раъйдиҳии кишварҳои ширкаткунанда, чавгонбозиро ба номи Озарбойҷон сабт кард. Пеш аз ин кишвари Эрон ба ин дархости Озарбойҷон дар бораи саби ном шудани чавгонбозӣ эътирози шадид карда буд ва хоҳони сабти ин варзиши бостонӣ ба унвони "мероси муштараки чанд кишвар" шуда буд.

Таърихи ин варзиши бостонӣ ба асрҳои чаҳор ва панҷуми пеш аз милод бармегардад. Албатта дар асрҳои ахир ин варзиш чандон мавриди таваҷҷӯҳ қарор нагирифта буд. Аммо тайи солҳои гузашта ин варзиши бостонӣ дубора дар сатҳи ҷаҳонӣ густариш ёфта ва ҳамакнун дар беш аз 70 кишвар мусобиқаҳои чавгонбозӣ баргузор мешавад.

Дар бораи хостгоҳи ин варзиш низ ба хотири гузаштаи қадимаи он, дидгоҳҳои мухталифе вуҷуд дорад. Ин варзиш замоне аз Чин то Ҳинд, Осиёи Миёна, Қафқоз, Эрон ва кишварҳои арабӣ ривоҷ доштааст. Дар ашъори фолклории ин кишварҳо, низ борҳо калимаи "чавгон" бо таъбирҳо ва ташбеҳоти мухталиф мавриди истифода қарор гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол Ҷумҳурии исломии Эрон ба сабти номи шудани ин бозии бостони ба номи Озарбойҷон эътироз кардааст. Аммо Озарбойҷон дар матни дархости сабти номи ин варзиш ба ЮНЕСКО гуфтааст, ки "ин варзиш аз Қарабоғи кӯҳистонӣ ва аз ин минтақа ба сарзаминҳои дигар муаррифӣ шуда ва ба унвони варзиши бостонӣ паҳн шудааст."

Ҷумҳурии Озарбойҷон қаблан низ сози "тор"-ро дар ЮНЕСКО ба номи ин кишвар сабт карда буд, ки вокуниши мақомҳои эрониро барангехта буд. Аммо Озарбойҷон мегӯяд, ки Эрон метавонад тори худро (тори форсӣ) дар ЮНЕСКО ба сабт расонад.
XS
SM
MD
LG