Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи панҷшанбеи 21-уми декабр дар нишасти изтирории худ бо раъйи аксарият, тасмими ахири президенти Амрикоро дар бораи ба расмият шинохтаи Байтулмуқаддас ба унвони "пойтахти Исроил", ботил донист.
Сухангӯи ниҳоди раёсати ҷумҳури Фаластин билофосила ин қатъномаро "як пирӯзӣ барои Фаластин" номид. Аз миёни 193 кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид, 128 кишвар ба ҷонибдории қабули қатънома, 9 кишвар мухолиф раъй доданд ва 35 кишвар аз раъй додан худдорӣ варзиданд. Дар миёни кишварҳои ҷонибдорикарда аз қабули қатънома Тоҷикистон ва се ҷумҳурии дигари Осиёи Марказӣ - Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон мебошанд.
Амрико рӯзи душанбеи ҳафтаи ҷорӣ дар нишасти фавқулоддаи Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид пешнависи қатъномаеро, ки Миср барои пешгирӣ аз амалӣ шудани тасмими Амрико ироа карда буд, вето кард.
Амрико ва Исроил дар охирин соатҳои монда ба раъйгирӣ дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ҳама талоши худро карданд, то кишварҳои бештарро ба додани раъйи мухолиф ва ё ҳадди ақал худдорӣ аз раъйдиҳӣ, водор кунанд.
Расонаҳои исроилӣ қаблан хабар дода буданд, ки Амрико аз Исроил хоста буд, бо дарназардошти муносибатҳои наздике, ки бо кишварҳои африқоӣ дорад, талош кунад то шояд шуморе аз кишварҳои ин қораро ба додани раъйи мухолиф ё худдорӣ аз он ташвиқ кунад, аммо ин талош чандон муваффақ набуд.
Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳоле аз раъйи аксарияти бархӯрдор шуд, ки Доналд Трамп чанд рӯз қабл бо тағйири сиёсатҳои стратегии Амрико дар бораи Байтулмуқадас ва эътироф кардани он ба унвони "пойтахти Исроил", дастури интиқоли сафорати Амрико аз Телавив ба Байтулмуқаддасро имзо карда буд. Тасмими Доналд Трамп танҳо Исроилро хушнуд кард, дар ҳоле, ки бо вокунишҳои мухолифи қариб ба иттифоқи кишварҳои ҷаҳон рӯбарӯ шуд ва наздиктарин ҳампаймонҳои Амрико низ аз он фосила гирифтанд.
Амрико рӯзи душанбеи ҳафтаи ҷорӣ дар нишасти фавқулоддаи Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид пешнависи қатъномаеро, ки Миср барои пешгирӣ аз амалӣ шудани тасмими Амрико ироа карда буд, вето кард, дар ҳоле, ки ҳама 14 узви дигари доим ва ғайридоимии Шӯрои Амният аз он пуштибонӣ карданд.
Дар пайи ин иқдоми Амрико ва ветои пешнависи қатъномаи ёдшуда, Туркия дар мақоми раиси Созмони ҳамкориҳои исломӣ, Яман дар ҷойгоҳи раиси давраии кишварҳои араб ва Миср низ ба намояндагии Иттиҳодияи Араб бо ирсоли нома ба Маҷмаи Умумӣ, баргузории нишасти панҷшанбеи ин ниҳодро дархост карданд, ки бо раъйгирӣ бар сари пешнависи қатъномаи Миср, тасмими Амрико амалан ботил шуд.
Таҳдиди Амрико ба қатъи кӯмаки молӣ ба СММ
Аммо Никки Ҳейли, сафири Амрико дар СММ дар суханронии пеш аз раъйгирӣ бо дифоъ аз сиёсати кишвараш гуфт, алорағми аз ҳар тасмиме, ки Маҷмаи Умумии СММ бигирад, Амрико сафорати худро ба Байтулмуқаддас интиқол хоҳад дод. Ба гуфтаи хонум Ҳейли, "шармовар аст, ки СММ дар тӯли солҳо ҷое барои муқобила бо Исроил будааст. Шевае, ки ба коҳиши эътибори ин ниҳод сабаб шудааст". Хонум Ҳейли инро низ гуфт, ки "Амрико ин рӯзро ҳамчун рӯзе, ки аъзои СММ ӯро танҳо гузоштанд, ба хотир хоҳад супурд... ин раъй назари Амрикро нисбат ба СММ иваз хоҳад кард."
Сафири Амрико бо ёдоварӣ аз ин ки кишвараш "бузургтарин ироакунандаи кӯмакҳои молӣ ба СММ аст", нисбат ба кам кардани кӯмакҳои ҳушдор дод ва гуфт, "вақте аъзои ин созмон дар баробари Амрико меистанд, ин беэҳтиромӣ ба мост ва мо бояд тасмим бигирем, ки манбаъҳои молиамонро дар роҳҳои муфидтаре харҷ кунем." Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико низ рӯзи чаҳоршанбе гуфта буд, кишварҳое, ки алайҳи тасмими Амрико раъй медиҳанд, аз кӯмакҳои молии ИМА маҳрум хоҳанд шуд.
Нетаняҳу: "СММ хонаи дурӯғ аст"
Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил рӯзи панҷшанбе ва пеш аз раъйгирӣ дар Маҷмаи Умумии СММ бо ҳамла ба ин ниҳоди байналмилалӣ, онро "хонаи дурӯғ" номид ва гуфт, кишвараш "қатъномаи ин раъйгириро ҳатто пеш аз таъйиди ин қатънома, радд мекунад." Нетаняҳу дар як суханронӣ дар ҷануби Исроил гуфт, "СММ хонаи дурӯғ аст ва чӣ бихоҳад ва чӣ нахоҳад, Байтулмуқаддас пойтахти Исроил аст."
Вай гуфтааст, берун аз деворҳои СММ назари кишварҳои ҷаҳон дар бораи Исроил дигар шудааст ва ин амр дар ниҳоят ба СММ рахна хоҳад кард. Нахуствазири Исроил бори дигар сиёсатҳои Доналд Трамп ва Никки Ҳейли, сафири Амрико дар СММ -ро "шуҷоона" номид ва аз онҳо сипосгузорӣ кард.
Сафири Исроил дар СММ дар суханронии худ дар Маҷмаи Умумии СММ бо нишон додани сиккаи бостонӣ аз замони Довуд, гуфт, яҳудиён ҳазорон сол дар ин сарзамин зиндагӣ карда ва дар он ҳузур доштаанд ва тасмимоти "ноодилона"-и ЮНЕСКО ё қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ "ҳаргиз яҳудиёнро аз Байтулмуқаддас ҷудо нахоҳад кард."
Истиқболи Фаластин аз натиҷаҳои райъдиҳӣ
Аммо Риёз Ал-Моликӣ, вазири умури хориҷии Ташкилоти худгардони Фаластин дар суханронии пеш аз раъйгирии кишварҳои ҷаҳон дар СММ, Амрикоро ба лағви тасмими "хатарнок" дар пазируфтани Байтулмуқаддас ба унвони пойтахти Исроил, даъват кард. Ба гуфтаи вазири умури хориҷии Фаластин, Амрико "дар ҳошия қарор гирифтааст" ва фаластиниён бовар доранд, ки кишварҳои ҷаҳон бо такя бо таърихи Фаластин, раъй медиҳанд."
Вазири умури хориҷии Фаластин таъкид кардааст, ки "Амрико дигар наметавонад миёнҷии сулҳ бошад, аммо фаластиниён бо вуҷуди идомаи ишғолгарӣ ва беадолатии Исроил, аз иродаи худ барои расидан ба сулҳ ба ҳар қимате бошад, талош хоҳанд кард."
Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия низ пеш аз раъйгирӣ зимни радди таҳдиди Доналд Трамп гуфт, ки "Амрико наметавонад бо долларҳояш иродаи мардумро бихарад."