Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавсияи СММ ба Тоҷикистон: "Ниёзи аслии мардумро дуруст таъмин кунед"


Лео Ҳеллер, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба оби ошомиданӣ ва хадамоти беҳдоштӣ ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия додааст, ки ҳарчӣ зудтар вазъи дастрасӣ ба оби покро барои сокинон беҳтар намояд.

Ӯ соли 2015 ҳангоми сафар ба Тоҷикистон бо вазъи таъминоту дастрасии мардум ба оби ошомиданӣ ва васоили беҳдоштӣ ошно шуд. Дар гузориши 17 саҳифаии ӯ, ки баъди чаҳор соли сафараш нашр шуд гузоришгари СММ таъкид кардааст, ки ҳукумати Тоҷикистон барои ҳифзи ҳуқуқи сокинон ба дастрасӣ ба об ва хадамоти беҳдоштӣ бар асоси қонунҳои байналмилалӣ бояд корҳои бештаре анҷом диҳад.

Ӯ гуфтааст, дар дастрасӣ ба об ва хизматрасониҳои санитарӣ тафовути назаррас миёни шаҳрҳо ва деҳаҳои Тоҷикистон ба назар мерасад. Дар гузориш гуфта шудааст, ҳукумати Тоҷикистон дар робита ба пурсиши онҳо оид ба вазъи дастрасии сокинони деҳот ба об посух додааст, ки мушкилоти асосӣ ин аст, ки баъзе системаҳои обтаъминкунӣ фарсуда шудаанд. Муаллифи гузориш тавсия додааст, ки ҳукумат ба масоили обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот афзалият диҳад.

Гузоришгари вижаи СММ аз ҳукумати Тоҷикистон дархост намудааст, ки Кодекси об бознигарӣ шавад ва меъёри ҳуқуқи инсон ба дастрасӣ ба об ва хизматрасониҳои санитарӣ дар маркази таваҷҷӯҳ қарор гирад.

Дар Тоҷикистон танзимгари мустақили обу санитарӣ вуҷуд надорад, аз ин рӯ, гузоришгар тавсия додааст, ки бидуни таъхир дар бораи таъсиси як танзимгари босалоҳияти мустақил, ки таъминкунандагони хадамоти обро назорат кунад, тадбир андешида шавад.

Бар асоси таҳлилҳои гузоришгари СММ мушкили дастрасӣ ба табобат ва масъалаи сифати об дар Тоҷикистон оқибатҳои хатарноке доранд ва аз ҷумла сабаби фавти навзодон ва кӯдакони то 5-сола мешавад ва ҳалли ин масъала чораҳои фавриро тақозо мекунад.

Дар ҳоле ки ҳукумати Тоҷикистон иброз медорад, ки сифати об дар Тоҷикистон тибқи қонунгузорӣ назорат мешавад, гузоришгари махсус аз он, ки сифати об паст аст, изҳори нигаронӣ мекунад. Ба қавли Лео Ҳеллер дар деҳот сокинон партовҳои худро ба обанбор ё замин мепартоянд ва мушкили нигаҳдории партовгоҳҳо ҳатто дар шаҳри Душанбе низ ба назар мерасад.

Бо таваҷҷӯҳ ба вазъи нигаронкунандаи партовгоҳҳо ҳукумат ба пурсишномаи гузоришгари вижаи СММ посух додааст, ки барои беҳтар намудани вазъи партовҳои саноатӣ ва кишоварзӣ, ки метавонад ба сифати об таъсир расонад, чораҳои мушаххас меандешад.

Гузоришгари вижаи СММ таъкид намудааст, ки бо фарсудашавии зербунёдҳои таъмини обу хадамоти беҳдоштӣ мушкилиҳои зиёде барои таъмини сифати оби нӯшокӣ ба вуҷуд омадааст: “Дар ҳақиқат, маълумотҳои расмӣ тасдиқ намуданд, ки оби нӯшокӣ аксар вақт ба стандартҳои сифат ҷавобгӯ нест”.

Дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва бархӯрдор будан аз дигар хизматрасониҳои коммуналӣ аз масъалаҳоест, ки пайваста мавриди баҳсу баррасиҳои доираҳои гуногун қарор мегирад. Мушкили дастрасӣ ба об аз сӯи гузоришгари вижаи СММ дар ҳоле садо медиҳад, ки Тоҷикистон солҳо боз наметавонад дар доираи «Барномаи беҳтар намудани таъмини аҳолии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2008-2020» ин мушкилро бартараф созад.

Ҷамшед Табарзода, раҳбари корхонаи «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» моҳи июли имсол зимни як нишаст дар Душанбе гуфт, феълан 62 фоизи аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ доранд. Бо таваҷҷӯҳ ба камбуди оби ошомиданӣ дар кишвар, аз ҷумла дар деҳаҳои Тоҷикистон бархе огоҳони умур чунин оморро мавриди шубҳа қарор додаанд. Нигаронии сокинон низ аз камбуди оби ошомиданӣ ва набуди хизматрасониҳои комуналӣ борҳо тариқи расонаҳо садо додааст.

Ин дар ҳолест, ки барои таъмини аҳолӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ба ниҳодҳои марбутаи соҳаи об даҳо миллион доллар аз ҳисоби созмону ташкилотҳои байналмилалии молӣ ҷудо мегардад. Ахиран миёни Бонки ҷаҳонӣ ва ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини аҳолии деҳот ба оби ошомиданӣ лоиҳаи наве ба имзо расид, ки ҷудо намудани беш аз 50 миллион доллари ИМА-ро аз ҳисоби ин бонк дарбар мегирад.

XS
SM
MD
LG