Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми "депорт"-и модари Умаралӣ аз Русия бе тағйир монд


Зарина Юнусова, модари Умаралӣ
Зарина Юнусова, модари Умаралӣ

Додгоҳи шаҳри Санкт-Петербург 12 ноябр қарори додгоҳи ноҳияи Октябрро дар бораи 5 ҳазор рубл ҷарима ва ихроҷи модари Умаралӣ Назарови панҷмоҳаро бетағйир гузошт.

Додгоҳи шаҳри Санкт-Петербург рӯзи 12 ноябр шикояти Зарина Юнусова, модари Умаралӣ Назаров – тифли панҷмоҳаи тоҷикро аз болои қарори додгоҳи ноҳияи Откябр баррасӣ карда, аммо онро бе тағйир боқӣ гузошт. Додгоҳи Октябр рӯзи 13 октябри соли ҷорӣ Зарина Юнусоваро барои нақзи қоидаҳои будубош дар Русия муттаҳам карда, қарори ихроҷ ё "депорт"-аш аз ин кишварро содир намуда буд. Инчунин, Юнусова бар асоси ин қарор ба пардохти 5 ҳазор рубл ҷарима муваззаф шудааст.

Даря Лебедева, сухангӯи додгоҳи Санкт-Петербург рӯзи 12 ноябр, баъди чанд дақиқа аз анҷоми муҳокима, дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, онҳо шикояти Зарина Юнусоваро қонеъ накарда ва қарори додгоҳро бетағйир гузоштаанд ва аз ин рӯ, қарори додгоҳи ноҳияи Октябр ҳукми иҷро гирифтааст.

"Аммо қонунгузории мо иҷоза медиҳад, ки аз рӯи қарори ҳукми иҷро гирифта ҳам ба додгоҳи болоӣ шикоят баранд. Агар вакилони дифои шаҳрванд Юнусова аз ҳукми додгоҳ норозӣ бошанд, метавонанд ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят кунанд," -- афзуд Лебедева.

Зарина Юнусова шаби 13 ба 14 октябри соли ҷорӣ аз сӯи маъмурони пулис ва хадамоти федеролии Русия барои нақзи қоидаҳои будубош боздошт ва ба додгоҳ бурда шуд. Он вақт кӯдаки панҷмоҳаашро аз ӯ ҷудо карданд ва ӯ баъдан дар бемористони ба номи Тсимбалина даргузашт. То он вақт чанд соат кӯдакро дар шӯъбаи пулиси ноҳияи Адмиралтейск нигоҳ дошта буданд.

Наздикони Умаралӣ Назаров дар марги ин тифли панҷмоҳаи тоҷик асосан маъмурони пулиси Адмералтийскро муттаҳам медонанд, ки ӯро аз модараш ҷудо кардаанд. Аммо маъмурони пулис бо нашри видеои дурбини назоратии дохили идораашон гуфтанд, онҳо баъди ҷудо кардани кӯдак аз модараш аз ӯ ба хубӣ муроқибат кардаанд ва ин иддао асос надорад. Дар видеои нашркардаи онҳо низ дида мешавад, ки як зани пулис дар дасташ кӯдакеро нигоҳ медорад ва ҳангоми гиря карданаш ба ӯ аз шиша шир медиҳад. Вале дурустии ин видео таъйид нашудааст.

Илова бар ин, бар асоси натиҷаи ташхисе, ки ҷониби тафтишот гузарондааст ва ҳафтуми ноябр эълон шуд, Умаралӣ Назаров гӯё аз бемории сармохӯрдагӣ даргузаштааст. Санҷиши тиббӣ-додгоҳии ҷасади Умаралӣ 16 рӯз давом кардааст.

Бо ин ҳол, марги Умаралӣ Назаров сарусадои зиёдеро дар ҷомеаи ҳам Русия ва ҳам Тоҷикистон ва берун аз он ба по кард. Бисёриҳо амалкарди пулиси Санкт-Петербургро барои ҷудо кардани кӯдаки панҷмоҳа аз модараш шадидан интиқод карда, бархе ҳам онро на “беэҳтиётӣ”, балки “ҷиноят” номиданд. Рӯзи 11 ноябр Павел Астахов, омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар назди раиси ҷумҳури Русия низ аз ҷараёни тафтиши қазияи Умаралӣ Назаров норизоятӣ кард ва талаб намуд, ки тафтишот аз сари нав гузаронда шавад.

Оқои Астахов рӯзи чоршанбе дар суҳбат бо расонаҳои русӣ гуфтааст, дар ин бора расман ба вазири корҳои дохилӣ ва додситони кулли Русия муроҷиат мекунад, зеро ба гуфтаи ӯ, “ин гуна тафтишот бояд зери назари додситон сурат бигиранд.” Ӯ дар идома иброз дошта, ки дар бораи қазияи, ба қавли ӯ, муаммобарангези марги Умаралӣ ба Владимир Путин низ гузориш хоҳад дод.

Дар ҳамин ҳол, волидони Умаралӣ Назаров мегӯянд, ки рӯзҳои охир аз тарафи мақомоти тафтишотӣ таҳти фишор қарор гирифтаанд. Аз ҷумла, рӯзи 10 ноябр мақомоти Кумитаи тафтишот волидони Умаралӣ Назаровро барои гирифтани намунаи хунашон ба бемористони ба номи Боткини Петербург бурдаанд. Мақомот мегӯянд, ин барои муайян кардани манбаи вирусе, ки бино ба натиҷаҳои ташхиси тиббӣ ва додгоҳӣ, сабаби марги кӯдаки ин хонавода шудааст, лозим аст.

Вале Рустам ва Зарина – волидони Умаралӣ - аз додани намунаи хунашон саркашӣ кардаанд. Ин саркашӣ метавонад далели ифтитоҳи парванда алайҳи ин падару модар шавад, чунки моддаи 308-уми Кодекси ҷиноии Русия барои саркашӣ аз супурдани намунаи хун ҷавобгарии ҷиноӣ муқаррар кардааст. Аммо Рустам Назаров ва Зарина Юнусова мегӯянд, ки онҳо аз додани намунаи хунашон саркашӣ накардаанд, балки хостаанд ин кор дар ҳузури вакилони мудофеашон сурат бигирад.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки қазияи марги Умаралиро пайгирӣ доранд ва Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия низ ду ҳафтаи пеш дар ҷараёни сафараш ба Душанбе ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ваъда дода буд, ки ин қазия таҳти назорати ӯст ва мунсифона баррасӣ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG