Нашрияи амрикоии "The Washington Post" хабар дод, ки мақомоти иктишофии Амрико натиҷаҳои таҳлили аксҳои марбут ба суқути ҳавопаймои мусофирбари Малайзия дар шарқи Украинаро нашр кардааст. Гуфта мешавад, ин аксҳо масири ҳаракати мушакандозҳои зиддиҳавоӣ ба сӯи Русия ва афзоиши фаъолиятҳои низомиёни Русияро нишон медиҳанд.
Чанд далели иртиботи Русия бо суқути ҳавопаймои Малайзия

1
Муқоисаи аксҳои моҳвораии пойгоҳи низомии Русия дар наздикии Ростов зоҳиран аз афзоиши фаъолиятҳо аз моҳи июн ба ин сӯ дарак медиҳанд.Ба навиштаи "The Washington Post," мақомҳои иктишофии Амрико бори аввал ин пойгоҳро манбаи асосии таъмини ҷудоиталабон дар шарқи Украина номиданд.

2
Акси нашршуда дар як шабакаи иҷтимоӣ гӯё ҳаракати мушакандози "Бук" ба самти Русия аз тариқи шаҳри Краснодонро нишон медиҳад. Мақомоти амрикоӣ ин аксро рӯзи 22 июл нашр карданд. "The Washington Post" менависад, ки ин акс даст доштани Русия дар ҳамла ба ҳавопаймои Малайзияро, ки 298 кушта ба ҷо гузошт, нишон медиҳад.

3
Ин акси нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ба гуфтаи мақомҳои амрикоӣ, нишон медиҳад, ки мушакандози "Бук" баъди задани ҳавопаймо аз наздикии Краснодон ба самти Русия меравад.

4
Ин акси нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ба гуфтаи мақомҳои амрикоӣ, нишон медиҳад, ки мушакандози "Бук" баъди задани ҳавопаймо аз наздикии Краснодон ба самти Русия меравад.