Хабаргузории "Интерфакс"-и русӣ аз қавли вакили мардумии Украина Олег Ляшко хабар додааст, ки Виктор Саенко рӯзи ҷумъа дар ҷараёни даргириҳо дар назди шӯрои шаҳрӣ кушта шудааст.
Рӯзи гузашта Арсен Аваков, вазири умури дохилии Украина дар бораи ҳалокати тақрибан 20 ҷудоихоҳи рустабор дар ҷараёни даргириҳо дар раёсати милисаи шаҳри Мариуполи вилояти Донетск хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, дар ин задухӯрд як корманди милиса кушта ва панҷ каси дигар маҷрӯҳ шудаанд.
Аваков дар саҳифаи худ дар Фейсбук навишт, ки панҷ тан аз ҷудоихоҳон асир уфтоданд, дигарон силоҳҳои худро партофта дар маҳаллаҳои зист панаҳ бурданд. Ба иттилои идораи ҳифзи сиҳати вилояти Донетск, дар ҷараёни амалиёти низомӣ дар Мариупол се нафар ба ҳалокат расида, 25 каси дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтаанд. Дар маркази шаҳри Мариуполи виляоти Донетск рӯзи ҷумъа, 9 май, тирандозӣ сурат гирифт.
Украина сафари Путинро ба Қрим маҳкум кард
Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин дар ҳамоише ба муносибати 9-уми май -- Рӯзи пирӯзӣ бар фошизм дар шаҳри Севастополи Қрим, аз пайвастани Қрим ба Русия истиқбол кард ва онро "бозгашт ба оғӯши модар-ватан" номид.
Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин, ки бо як сафари ғайримунтазира вориди Қрим, минтақаи аз тарафи Русия аннексияшудаи Украина шуд ва дар ҷашни 69-солагии пирӯзӣ бар фашизми олмонӣ ширкату суханронӣ кард.
Пеш аз ин вай киштиҳои ҳарбӣ ва ҳавопаймоҳои ҷангии Русия дар бандари Севастополи Қрим дид ва бо ҳарбиёни рус сӯҳбат дошт. Дар паёмаш дар ҳамоиши идона Путин гуфт, Русия имрӯз худро қавитар аз гузашта ҳис мекунад.
Қабл аз парвоз ба Қрим, Путин дар паради бузурги ҳарбӣ дар Майдони сурхи Маскав ширкат кард.
Вазорати умури хориҷии Украина сафари Путин ба Қримро маҳкум кард ва онро хилофкорие зидди истиқлолият ва тамомияти арзии Украина хонд. Дар изҳорот ҳамчунин омадааст, ки ин амал маънои "дидаву дониста афзудани шиддат"-и бӯҳрон аст.
Дабири кулли НАТОТ Адрес Фоғ Расмуссен дар Таллин рӯзи 9-уми май сафари Путинро "номуносиб" номид.
Дар ин байн аз ҷангҳои сахт дар маркази шаҳри Мариуполи вилояти Донетск хабар мерасад. Эҳтимол меравад, дар ин даргирӣ даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуда бошанд. Вазорати умури дохилии Украина хабар дод, ки дар ҷангҳо наздик ба 20 "террорист" кушта шудаанд.
Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ки тирандозӣ аз ҷониби бинои раёсати шаҳрии милиса ва қисмии низомии Горди миллӣ ба гӯш мерасад. Сомонаи шарҳдории Мариупол хабар дод, ки афроди ношинос талоши забти бинои раёсати милиса ва қисми низомиро мекунанд. Маркази шаҳр барои ҳаракати нақлиёт ва равуои одамон баста шудааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода шудааст, ки зиреҳпӯшҳо бо парчами Украина аз маҳаллаи фурудгоҳ сӯи шаҳр ҳаракат карданд.
Чанд рӯз пеш вазири умури дохилии Украина Арсен Аваков хабар дода буд, ки Мариупол таҳти назорати нерӯҳои ҳукуматӣ қарор гирифтааст.