Михаил Горбачёв, аввалин ва охирин президенти Иттиҳоди Шӯравии пешин ба муддати панҷ сол аз вуруд ба Украина манъ карда шуд.
Хадамоти амнияи Украина вуруди Михаил Горбачёв, президенти Иттиҳоди Шӯравии пешин ба он кишварро ба муддати панҷ сол манъ кардааст. Олена Гитлянска, суханӯи Хадамоти амниятии Украина рӯзи панҷшанбеи 26-уми май ба хабаргузории русии Интерфакс гуфтааст, ки мамнуияти вуруди раҳбари Михаил Горбачёв ба он кишваро, барои он чи "манфиати миллии Украина" хонд, сурат гирифтааст.
Ин мамнӯият пас аз изҳори назари Михаил Горбачёви 85-сола дар бораи пайвастшавии нимҷазираи Қрим ба Русия ва ҳимояти ӯ аз иқдоми Маскав, рӯи даст гирифта шудааст. Михаил Горбачёв дар мусоҳиба бо рӯзномаи бритониёии "Sunday Times" гуфта буд, ки ӯ низ агар ба ҷои Владимир Путин, президенти Русия мебуд, ҳамин корро мекард.
Михаил Горбачёв то ба ҳол дар мавриди мамнуияти вуруди худ ба Украина, изҳори назар накардааст.
Пайвастшавии нимҷазираи Қрим ба Русия бо интиқодҳои шадиди кишварҳои Ғарб рӯбарӯ шуд ва Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико алайҳи Русия таҳримҳо ҷорӣ карданд. Нимҷазираи Қрим Украина дар авҷи бӯҳрони он кишвар, бо имзои Владимир Путин, дар моҳи марти соли 2014 бо вуҷуди мухолифатҳои сахти Киев аз Украина ҷудо шуд ва дар пайи як референдум ба Русия ҳамроҳ карда шуд.
Михаил Горбачёв, муаллифи бозсозӣ ва нафаре ки суқути Иттиҳоди Шӯравиро ба номаш рақам мезананд, аз барҷастатарин сиёсатмадорони солҳои 80 ва ибтидои солҳои 90-и дунёст, ки дар сарнавишти кишвари бузурге, ки раҳбарӣ мекард, нақши муҳим бозӣ кардааст.
Як гурӯҳ Горбачёвро нахустин мунодии озодӣ ва демократия дар паҳнои бузурги Шӯравии собиқ, ки то расидани ӯ ба раёсат дар тӯли қариб 70 сол зери бори режимҳои мустабиди коммунистӣ қарор дошт, унвон мекунанд.
Аммо мунтақидон Горбачёвро гунаҳкори асосӣ дар фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, як қудрати як замон бузург ва дар саҳнаи сиёсати ҷаҳонӣ матраҳ мешуморанд. Ин гурӯҳ мӯътақиданд, ки агар ӯ бо сиёсати бозсозиаш намешуд, Шӯравӣ ва дигар кишварҳои ҷаҳони коммунистӣ то ҳол побарҷо буд ва ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ чунин саргардону дарбадар намешуданд.
Михаил Сергеевич Горбачёв 2 марти соли 1931 дар рустои Приволноеи кишвари Қафқози шимолӣ, ҳоло кишвари Ставрополи Русия дар хонаводаи деҳқон ба дунё омадааст. Соли 1950 ӯ мактаби миёнаро дар зодгоҳаш бо медали нуқра хатм кард ва ба риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Маскав шомил шуд. Соли 1955, баъди хатми донишгоҳ ва ҳамагӣ 10 рӯз дар додситонии Ставропол, Горбачёв, ки соли 1952, ҳанӯз дар даврони донишҷӯияш узви КПСС шуда буд, ба кори комсомол гузашт.
Ӯ алакай соли 1956 котиби аввали комсомоли шаҳр ва соли 1961 котиби аввали комсомоли кишвари Ставропол шуд. Аз соли 1962 ба кори ҳизби гузашт ва соли 1970 ба мақоми котиби аввали ҳизби коммунисти кишвари Ставропол расид. Дар поёни соли 1978 ба Маскав даъват ва котиби Кумитаи марказии КПСС таъин шуд.
Баъди даргузашти паиҳами се раҳбари солхӯрдаи Иттиҳоди Шӯравӣ – Леонид Брежнев, Юрий Андропов ва Константин Черненко - дар солҳои 1982, 1984 ва 1985 – қарор шуд, ки ба ҳайси ҷойгузини Черненко ягон нафари ҷавонтар интихоб шавад ва ин интихоб рӯи Горбачёв қарор гирифт. Горбачёв 11 марти соли 1985 котиби генералии КМ КПСС интихоб шуд ва дар ин мақом то 24 августи соли 1991, яъне то рӯзе ки бо фармони худи ӯ фаъолияти КПСС манъ карда шуд, раҳбарии ин ҳизби иборат аз 24 миллион узвро бар ӯҳда дошт.
Горбачёв рӯзи 25 декабри соли 1991 дар охирин паёми телевизиониаш ба ҳайси президенти СССР эълон кард, ки ин кишвар дигар вуҷуд надорад ва ӯ аз мақомаш истеъфо медиҳад.
Горбачёв баъди истеъфояш аз мақом Сандуқи вижаеро бо номи “Горбачёв-Фонд” таъсис дод, дар чандин реклама, ба мисли рекламаи “Пицца –Хатт” бозӣ кард ва то ҳол, гоҳ-гоҳе дар бораи масоили гуногуни сиёсии Русия ва ҷаҳон изҳори назар мекунад.