Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киев мегӯяд, Словянск аз ҷудоихоҳон поксозӣ шудааст


Степан Полторак, фармондеҳи Горди миллии Украина изҳор дошт, ки шаҳри Словянск тақрибан аз ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия поксозӣ шудааст.

Дар ин бора вазорати корҳои дохилаи Украина хабар додааст. Ба гуфтаи Полторак, дар ҷараёни амалиёти поксозӣ Горди миллӣ талафоти ҷонӣ надодааст. Ситоди амалиёти зидди террористӣ ба раҳбарони ҷудоихоҳ муроҷеа кард ва аз онҳо хост, ки асиронро раҳо кунанд ва аслиҳаи худро ба замин гузоранд.

Дар мусоҳибае аз Тэтена Ярмошук-таҳлилгари умури Украина дар радиои "Озодӣ" нахуст дар бораи амалиёти ҷонибҳо пурсидам:

Ярмошук: Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки шаҳр комилан ба муҳосира дароварда шудааст ва онро на неруҳои Украина, балки террористҳо, ҷудоихоҳон ба муҳосира гирифтаанд. 2 май истгоҳи роҳи оҳан баста буд, мактабҳо ҳам бастаанд. Мегӯянд, ки дар роҳҳо монеаҳо гузоштаанд ва имкони берун рафтан аз шаҳр вуҷуд надорад. Аз ҷумла, бузургтарин роҳ ба самти Краматория комилан баста шудааст. Ман бо як сокини шаҳри Словянск телефонӣ сӯҳбат кардам. Вай ба нақша гирифта буд, ки рӯзи ҷумъа Словянскро тарк хоҳад кард. Вале ба сабаби баста будани вокзал натавонистааст берун равад”.

Суол: Дар бораи рафту омади сокинони шаҳр чӣ хабарҳо мерасанд? Муассисаҳо кор мекунанд?

Ярмошук: Мағозаҳо субҳи ҷумъа боз буданд. Вале ҳоло на ҳамаи онҳо бозанд. Бо вуҷуди ин мегӯянд, ки баъд аз соати 8 субҳ баъд аз се соати амалиёт вазъ то андозае ором шудааст. Амалиёт соати 5-и субҳ шуруъ шуда буд. Вале роҳҳои хуруҷӣ бастааст ва мардум аз шаҳр берун рафта наметавонанд”.

Суол: Ҷудоихоҳон аз куҷо аслиҳа мегиранд ва чӣ тавр онҳо бар зидди нируҳои муназзами низомӣ ҷанг мекунанд ва муқовимат нишон медиҳанд?

Ярмошук: Агар мо вазъи шаби гузаштаро дар назар бигирем, ки бо тупи дифои зиддиҳавоӣ чархболи Украинаро заданд ва сарнагун карданд, дар он сурат мо аз онҳо мудофеони сулҳҷӯ ном бурда наметавонем. Ин як навъ аслиҳаи ҷиддӣ дар ҷанг мебошад ва аксари коршиносон мегӯянд, ки онҳо аслиҳаро аз Русия мегиранд ва Русия ба онҳо ин аслиҳаро медиҳад”.

Суол: Дуруст аст, ки коршиносони низомии Русия роҳҳои истифода аз ин аслиҳаро ба ҷудоихоҳон ёд медиҳанд?

Ярмошук: Аз муддатҳо пеш дар ин бора ҷониби Украина сӯҳбат мекунад. Дар ин бора баъд аз куштори Владимир Рибак-намояндаи порламони Украина аз Донетск низ хадамоти махсуси Украина изҳорот доданд, ки дар ин куштор корманди ГРУ ё нируҳои кашфи низомии Русия даст дорад. Гузашта аз ин , ҷониби Украина мегӯяд, ки дар миёни ҷудоихоҳон низомиёни Русия ҳастанд ва онҳоро таълим медиҳанд ва фаъолияти онҳоро ҳамоҳанг мекунанд”.


УКРАИНА КУШТА ШУДАНИ ДУ ПИЛОТРО ТАЪЙИД КАРД

Шаҳри Словянск, ки дар контроли ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия қарор дорад, бомдоди ҷумъа мавриди ҳамлаи нерӯҳои давлатии Украина қарор гирифт.
Вазорати дифои Украина гуфт, ки дар ҷараёни амалиёти густардаи бозпас гирифтани шаҳри Словянск, ду чархболи ин кишвар сарнагун шуда ва саринишинҳо ҷони худро аз даст додаанд.

Арсен Аваков, Вазири умури дохилии Украина бо шарҳи ин амалиёт дар Фейсбук навиштааст, ки ҳадаф озод кардани гаравгонҳо, халъи силоҳ, озод кардани биноҳои маъмурӣ ва барқарор кардани тартибу низом дар шаҳр аст.

Шаҳри Словянск, бо 140 ҳазор аҳолӣ аз моҳи гузашта ба ин тараф таҳти назорати ҷудоихоҳони русгаро буд. Аваков гуфт, ки ҷудоихоҳон мушакҳои зидди ҳавопаймо ва силоҳи вазнинро ба кор бурданд. "Ин ҷанги воқеъи аст ва мо бо муздурони ҳирфаӣ сару кор дорем" - гуфт вазири умури дохилии Украина.

Ҷудоихоҳони Украина дар шаҳри шарқии Словянск амалиётро "хеле густарда" унвон карданд ва Стелла Хорошева, сухангӯи ҷангиён гуфт, ки дар муҳориба як нафари онҳо кушта шудааст.

Дар фазои шаҳр дуди тира ғалаён дорад ва хабарнигорон аз садои тиру таркишҳо гузориш медиҳанд. Хабарнигори AFP мегӯяд, дар қисмати ҷануби шаҳр се зиреҳпӯши нерӯҳои Украинаро мушоҳида кардааст, ки постгоҳи таҳти назорати ҷудоихоҳонро убур карданд.

Шӯришгарон шаҳрдори Словянск, якчанд хабарнигор, се ходими амнияти Украина ва тими нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврпуоро ба гарав гирифтаанд. Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия амалиёти Украинаро
"ҳамлаи муҷозотӣ" унвон кард ва гуфт, ки ҳавопаймоҳои ҷангӣ ба "манотиқи осоишта" ҳуҷум бурданд. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки амалиёти низомӣ охирин умеди зистпазирии созиши Женеваро аз байн мебарад.

Ин ҳама дар ҳолест, ки дар Донетск, пойтахти музофот, 100 километрии Словянск, рӯзи 1-уми май, садҳо ҷудоиталаби русгаро ба бинои додситонии маҳаллӣ ҳуҷум бурданд. Онҳо пулисро сангборон ва латту куб карда, бидуни абзори ҳифозат ба фирор маҷбур карданд.

Дар Киев бошад, раҳбари муваққати Украина Александр Турчинов амри даъвати аскариро имзо кард, ки дафъатан ҳукми иҷро мегирад. Турчинов бо ишора ба ташаннуҷи авзо дар ҷанубу шарқи Украина ва таҳдид ба якпорчагии Украина эҳёи даъват ба артишро як амри зарурӣ хонд.
XS
SM
MD
LG