Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, рӯзи панҷшанбеи 13-уми декабр дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси Миллӣ таъкид кардааст, ки таҷлили Соли нави милодӣ дар тақвими расмии Тоҷикистон бо ҳарфҳои сурх зикр шуда ва барномаи таҷлили он дар пойтахт ботантанаву шукуҳи хосса баргузор хоҳад шуд.
Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдори Душанбе, ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ҳоло барномаи махсуси таҷлили Соли нав рӯи даст гирифта шуда ва мувофиқи он дар майдони асосии пойтахт арчаи бузурги соли навӣ бо ҳамаи ороишот гузошта мешавад. Илова ба он, ба гуфтаи ӯ, барои хурдсолон дар саҳни Сирки давлатӣ низ арчаи дигар гузошта хоҳад шуд.
Ҷаноби Саидов дар идомаи суҳбаташ гуфт, дар иҷлосияи рӯзи панҷшанбеи Маҷлиси Миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев таъкид кардааст, ки таҷлили Соли нав марбут ба рӯзи милоди Исои Масеҳ нест. Ин ҳарфҳои шаҳрдорӣ як навъ посух ба пешниҳоди Муҳибуллои Қурбон, сардабири торнамои Ҳизби наҳзати исломист, ки моҳи гузашта аз шаҳрдорӣ хоста буд, дар майдони асосии шаҳр арчаи солинавӣ наорояд.
Ӯ дар номаи худ таъкид карда буд, ки “дар Душанбе тахмин то се дарсади аҳолӣ русзабон буда, боқӣ ҳама мусалмонем. Ва шинондани арча ва таҷлили иди соли нави милодӣ барои ҷавонони мусалмони тоҷик маъное надорад.”
Муҳибуллоҳи Қурбон дар идомаи пешниҳоди худ гуфтааст, аз сӯи дигар шинондани арчаи солинавӣ дар маркази шаҳр харҷи зиёде дорад, ки беҳтар аст, ин маболиғ ба кори дигар ва ё кӯмак ба солмандони танҳои масеҳӣ дар кишвар сарф гардад.