Полиси шаҳри Вилнюси Ҷумҳурии Литва ахиран ду шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми қочоқи беш аз 12 кг ҳероин боздошт кард. Қимати тахминии ин мол дар бозори сиёҳ тахминан 400 ҳазор евроро ташкил медиҳад.
Ба иттилои полис, мошини ин ду нафар шаби 14 июн дар шоҳроҳи Каунас-Вилнюс манъ шуд ва дар дохили мошини онҳо бастаҳои пинҳонкардаи маводи сахттаъсири ҳероин ошкор ва мусодира шудааст. Паулюс Радзюлавичус, сухангӯи идораи полиси шаҳри Вилнюс дар як сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ гуфт, ки танҳо исми ин ду марди боздоштшударо метавонад ошкор кунад: Хуршеди 35-сола ва Гамади 45-сола, аз рӯи иттилои онҳо, бо интиқоли мошинҳо аз хоки Аврупо ба Тоҷикистон машғул буданд ва дар дохили мошини онҳо ин маводи мамнӯъ ошкор ва мусодира шуд.
“Масъала ин аст, ки ҳанӯз як соли пеш шӯъбаи мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи полиси Вилнюс ба таҳқиқи фарогири мавридҳои интиқоли
маводи мухаддир аз Тоҷикистон ба Вилнюс шурӯъ кард ва ин ду нафар, ба қавле, дар ҷояш ва бо далели собит боздошт шуданд. Гумони мо ин аст, ки ин нафарон маводи мухаддирро ба тоҷирони нашъаи марбут ба лӯлиёни маҳаллӣ, ки дар маҳаллаи Табори канори Вилнюс ба сар мебаранд, интиқол медоданд. Як қисми зиёди сокинони ин минтақа дар гузашта ҷинояткор буданд ва машғулияти аслиашон ҳам қочоқи маводи мухаддир аст”.
Мардони тоҷики боздоштшуда метавонанд бахше аз як гурӯҳи азими қочоқчиёни маводи мухаддир бошанд, ки аз Тоҷикистон ба Литва "марги сафедро интиқол медоданд". Ҳоло ин ду нафар ба ҳайси гумонбар дар боздошти пешакӣ қарор доранд. Паулюс Радзюлавичус айни замон таъкид кард, ки ҳодисаҳои ба даст афтодани шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаҳри Вилнюс ё Литва ҳодисаи нодир аст ва омори полис ҳам роҷеъ ба ҷиноятҳои эҳтимолии онҳо маълумоти зиёд дода наметавонад.
Бино ба иттилои сохторҳои гумруки Ҷумҳурии Литва ҳам, аслан қочоқи маводи мухаддир ба ин кишвар аз Тоҷикистон ҳодисаи камназир аст. Ҳама афрод ва ҳам бори онҳо маъмулан пеш аз иҷозати вуруд ба хоки ин кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо хеле мӯшикофона тафтиш мешаванд ва аз ҳамин хотир ҳам, шонси вуруди моли мамнӯъ ба ин қаламрав хеле кам аст.
Гедеминас Куликаускас, сухангӯи хадамоти гумруки Литва дар як сӯҳбат бо радиои Озодӣ баъди таҳқиқи мавзӯъ гуфт, ҳодисаҳои қочоқи молу коло аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон кам ба вуқӯъ мепайвандад. Асосан, гуфт ӯ, аз Литва ба Тоҷикистон ба таври транзитӣ мошинҳои сабукраву борбар интиқол дода мешавад. Дар ҳолати муайян шудани моли мамнӯъ, дуздӣ ё қочоқӣ будани он, ин нафар ва ҳам бораш боздошта мешавад.
Вай гуфт: “Аз рӯи маълумоти омории мо, мавридҳои боздошти қочоқчиёни маводи мухаддир аз Тоҷикистон хеле кам иттифоқ меуфтад. Чунки тамоми ҷараёнҳои интиқоли борро ташхис ва муайян кардан воқеан ҳам душвор аст. Боздоштҳоро маъмулан полис анҷом медиҳад. Ҳодисаи барҷастатари қочоқ марбут ба мошин аст, ки қаламрави Литваро ба унвони хоки транзитӣ истифода мекунанд. Ҳаҷми бузургтарини мошинҳои қочоқшуда 6 соли пеш ба қайд гирифта шуд, вақте якбора 26 мошинро аллакай дар дохили вагонҳо бор карда мехостанд ба Тоҷикистон бубаранд. Ин мошинҳо ҳама дар Олмон дуздидашуда буданд. Маъмулан, қочоқчиён мошинҳои дуздии олмониро тавассути Литва ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд. Вале ба ҳисоби миёна солона аз се то чор адад мавриди қочоқи мошин ба қайд гирифта мешавад. Маъмулан ин мошинҳои гаронарзиши сабукрав ва ё мошинҳои навъи “Ҷип” мебошанд”.
Ӯ гуфт, ки яке аз молҳои аслии қочоқӣ аз хоки кишварҳои сеюм ба Иттиҳодияи Аврупо тавассути хоки Литва маҳсулоти тамоку ба ҳисоб меравад, ки пинҳон кардани он хеле душвор аст. Вале дар муқоиса бо ин мол, пинҳон кардани маводи мухаддир осонтар ба назар мерасад ва эҳтимолан, қочоқчиёни тоҷик ҳам аз ин ҳолат истифода кардаанд. “Ҳар мошинро санҷидан воқеан ҳам душвор аст”. Вай гуфт, ки вуруди маводи мамнӯи мухаддир ба Литва бештар тавассути Аврупои Ғарбӣ, кишвари мисли Испания сурат мегирад, қочоқчиён ҳамчунин аз хадамоти почта ҳам истифода мекунанд”.
Соли 2013 нашрияи олмонии “Bild” дар бораи ҳодисаи дар Тоҷикистон ошкор шудани дастикам 93 мошини тамғаи “BMW” хабар дода буд, ки хеле сарусадо кард. Он вақт гуфта шуд, ки эҳтимолан ин мошинҳо аз хоки ҷумҳурии Назди Балтик ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҷумҳурии Литва умдатан ба ҳайси як қаламрави транзитӣ барои интиқоли молу коло аз Тоҷикистон ба ҷаҳони беруна, ва баръакс истифода мешавад. Омори расмӣ мизони додугирифтҳои тиҷоратии миёни Тоҷикистону Литваро дар соли бӯҳронии 2015 ҳадди аққал 75,641 миллион доллар арзёбӣ кардааст, соли 2014 ин нишондод 205,69 миллион долларро ташкил медод. Як коршинони масоили аврупоӣ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки бандарҳои кишварҳои Назди Балтик, аз ҷумла Литва барои ҳифз ва баъдан ба кишварҳои сеюми Аврупои Шарқӣ, Чину Туркия ва давлатҳои дигар интиқол додани пахта ва алюминиум аз Тоҷикистон истифода мешаванд. Аксари кулли ҳаҷми маблағҳои додуситади тиҷоративу иқтисодии миёни Тоҷикистону Литва ҳам аз ҳамин ҷо маншаъ мегирад.