Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маблағи дуздӣ - 90 доллар, ришваи муфаттишон - 1000 доллар


Рамзи фасод
Рамзи фасод

Ду муфаттиши Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҳамадонӣ ҳангоми ситонидани ришва дар ҳаҷми 1000 доллар аз ҷавоне, ки ба дуздии дучархаи арзишаш ҳудуди 90 доллар муттаҳам шуда буд, ба даст афтоданд.

Абдусамад Розиқов ва Шерхон Маҷидов, муфаттишони Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҳамадонӣ рӯзи 28-уми октябр аз ҷониби Оҷонсии мубориза бо фасод дар ҳоле боздошт шуданд, ки ҷавони гумонбар Н.О маблағро дар ҳаҷми 8 ҳазор сомонӣ ба дасти онҳо дод.

Талаби пора баъди боздошти гумонбар

Дар пайи боздошт ва эълони айби ду муфаттиш, Хайриддин Ҷаъфарзода, сардори Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҳамадонӣ низ аз мақомаш барканор шуд. Ӯ як соли пеш сардори Шӯъбаи корҳои дохилӣ таъин шуда буд. барканории сардори Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҳамадонӣ дар ҳолест, ки аввали соли 2016 парлумони Тоҷикистон бо ислоҳи панҷ қонун ва як кодекс масъулияти раҳбарони ниҳодҳои муҳими кишварро барои пешгирӣ аз ришвахорӣ бештар кард. Бар асоси ин дигаргуниҳо, раҳбарон барои порагирии кормандонашон ё ҷазои маъмурӣ мегиранд ё аз кор озод хоҳанд шуд.

Ҳанӯз маълум нест, ки худи боздоштшудаҳо дар робита бо ин қазия ва иттиҳомашон чӣ назар доранд ва то куҷо худро гунаҳгор эътироф кардаанд. Барои порагирӣ дар қонунҳои Тоҷикистон аз 3 то 7 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст.

Як манбаи наздик ба тафтиши ин қазия рӯзи 1-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки муфаттишон аз ҷавони гумонбар дар дуздӣ барои аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод кардани ӯ 10 ҳазор сомонӣ пора талаб карданд. Ин манбаъ бо такя ба тафсилоти парвандаи ҷиноӣ чунин гуфт:

“Ҷавони гумонбар дар дуздӣ аз назди бозори ноҳияи Ҳамадонӣ як дучархаеро, ки ҳудуди 800 сомонӣ арзиш дорад, бо худ бурд. Ӯро боздошт карда, мӯҳлат доданд, ки агар дар ду рӯз маблағро наорад, алайҳаш парвандаи ҷиноӣ боз мешавад. Ин ҷавон танҳо ҳашт ҳазор сомонӣ пайдо кард. Ҳангоми гирифтани ин маблағ, ду муфаттиш дар утоқи кориашон боздошт шуданд”, - гуфт ӯ.

Ҳоло нисбати ин ду муфаттиш бар асоси моддаи 319-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне “гирифтани пора” парванда боз шудааст ва худи онҳо дар боздоштгоҳе дар шаҳри Кӯлоб нигаҳдорӣ мешаванд.

57 ҳодисаи фасод аз ҷониби милиса

Соли гузашта Оҷонсии мубориза зидди коррупсияи Тоҷикистон эълон кард, ки 145 мавриди фасод аз сӯи кормандони низомиро сабт кардааст, ки 57 мавриди он ба маъмурони милиса рабт мегирад.

Соли 2016 хулосаҳои як пажӯҳиши мизони фасод нашр шуд, ки аз ҷониби оҷонсӣ анҷом шудааст. Дар рӯйхати ниҳодҳои фасодзадатарин Вазорати тандурустӣ дар мақоми аввал, Вазорати маориф дар мақоми дуввум ва Вазорати корҳои дохилӣ дар мақоми севум қарор доштанд. Ин ҳамон сохторҳое мебошанд, ки аз наздик бо мардум кор мекунанд.

Тоҷикистон дар шохиси ришвахории созмони Шаффофияти Байналмилалӣ ё Транспаренси Интернешнл дар мақоми 152-юм ва дар яке аз зинаҳои поёнӣ қарор дорад. Ба гуфтаи масъулони ин созмон, далелҳо нишон медиҳанд, ки “ришвахорӣ дар Тоҷикистон васеъ паҳн шудааст ва дар тамоми сатҳҳои ҷомеа вуҷуд дорад”.

XS
SM
MD
LG