Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бар асоси як ҳалнома, даъвои ду адвокати шинохта бар зидди ҳамдигарро бекор кард. Баҳсе, ки чор моҳ идома дошт, рӯзи 1 ноябр бо қарори додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ бекор карда шуд, вале ҳадди аққал як ҷониби баҳсро норозӣ гузошт.
Дар як аризаи додгоҳӣ Ҳилолбӣ Назарова, вакили дифои адвокатураи “Кафолат” (собиқ “Сипар”) - Саидбек Нуриддинов, раиси Иттиҳоди адвокатҳои Тоҷикистонро дар тӯҳмат айбдор карда гуфт, ки ин шахс бидуни далел ва ноодилона ӯро дар тарафдорӣ аз ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ гунаҳгор кард.
Гуё ман бо ӯ ҳамкориву равуо ва бо аъзои ҲНИТ робита дошта бошам. Худи Саидбек ҳам дар ҳамон адвокатура кор мекард ва ҳатто дар вақти интихоботи раиси Иттифоқи адвокатҳо Бузургмеҳр ҳамчун номзад аз ҳама даъват карда буд, ки ба Нуриддинов Саидбек овоз диҳед.
Назарова мегӯяд, ки ин тӯҳмати Саидбек Нуриддинов хеле сангин аст ва барои ӯ паёмадҳои хеле ҷиддӣ хоҳад дошт. Дар навбати худ Нуриддинов ҳам худро таҳқиршуда ҳисобида аз болои Назарова шикоят ва пардохти ҷуброни маънавиро барои осеб дидани обрӯяш талаб кард. Раиси Иттифоқи адвокатҳо аз додгоҳ хост, ки ҳамчун ҷуброни зарари маънавӣ барои тӯҳмат аз Назарова 2 миллион сомонӣ рӯёнида шавад ва гуфт, ки ин маблағро ба хонаи ятимон медиҳад. Вале дар посух Ҳилолбӣ Назарова бо як аризаи дигар аз раиси Иттифоқи адвокатҳо пардохт шудани зарари маънавӣ дар ҳаҷми 1 миллион сомониро талаб кард.
Рӯзи 2 ноябр ҳуқуқшинос Ҳилолбӣ Назарова ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз ҳукми додгоҳ розӣ нест ва ният дорад барои бозбинӣ шудани ин ҳукм ба додгоҳи шаҳри Душанбе муроҷиат кунад. Назарова гуфт:
“Ман аз ҳалномаи додгоҳи Фирдавсӣ розӣ нестам ва ба додгоҳи шаҳри Душанбе шикоят мебарам, ки ин ҳалномаро, ки даъвои маро рад кард, бекор кунад. Ман аз қабл нисбати судя Аҳмад Бобоҷонов розӣ набудам ва намехостам мурофиаи моро пеш барад. Пештар ба Додгоҳи олӣ шикоят бурда будам, ки ӯро иваз кунанд, вале чунин иқдом сурат нагирифт”.
"Маро ҳамчун “пасмондаҳои Бузургмеҳр Ёров” зикр кардааст"
Дар шарҳи баҳси худ бо Саидбек Нуриддинов – Ҳилолбӣ Назарова гуфт, заминаҳои баҳси онҳо ба ҳодисаҳои се соли пеш – замони мамнӯъ эълон шудани ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон ва ҳабси вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёров барои омодагиаш ба ҳимояти ҳуқуқи боздоштшудаҳои узви ҳизб бармегардад.
Ӯ гуфт, баъди боздошт шудани Бузургмеҳр Ёров, гӯё Нуриддинов бар зидди Назарова ба мақомоти амниятӣ “шикояти махфие” ирсол ӯро ҳамчун “пасмондаҳои Бузургмеҳр Ёров” зикр кардааст. Гуё ман бо ӯ ҳамкориву равуо ва бо аъзои ҲНИТ робита дошта бошам. Худи Саидбек ҳам дар ҳамон адвокатура кор мекард ва ҳатто дар вақти интихоботи раиси Иттифоқи адвокатҳо Бузургмеҳр ҳамчун номзад аз ҳама даъват карда буд, ки ба Нуриддинов Саидбек овоз диҳед.
Баъдан ҳеҷ вақт дафтари мо ҷо ҷамоъмади аъзову тарадорони ҲНИТ набуд. Ман ин номаи Саидбекро бар зидди хуудам бовар надоштам, вале вақте ки аз Додгоҳ талаб кардам, ки нусхаи он аризаро ба ихтиёри ман диҳанд баъд бо чашмони худам хондам ва бовар кардам ки дар ҳақиқат дар нисбати ман ва се адвокати дигар туҳмат кардааст”.
Дар ҳоле, ки Ҳилолбӣ Назарова худро бегуноҳ айбдоршуда меномад, Саидбек Нуриддинов аз оғози мурофиа ҳеҷ гоҳ омода нашуд дар ин бора бо матбуот сӯҳбат кунад. Рӯзи 2 ноябр ҳам талоши Радиои Озодӣ барои шунидани мавқеи раиси Иттиҳоди адвокатҳои Тоҷикистон, ки ба ин мақом се соли пеш интихоб шуд, бенатиҷа буд.
"Хусумати шахсӣ", анҷумани вакилон...
Зимнан, Ҳилолбӣ Назарова мегӯяд, раиси Иттиҳоди адвокатҳо “аз рӯи хусумати шахсӣ” ба мақомоти амниятӣ аз болои ӯ ариза навиштааст. Ба гуфтаи ӯ, сабаби аслии хусумат баъди он сар зад, ки дар анҷумани вакилони мудофеъ барои интихоби раиси нави иттифоқи адвокатҳо вай ва чанд вакили дигар мухолифи раис шудани ӯ овоз дода будаанд. Назарова гуфт, баъди як шикояташ дар мавриди бекор кардани қарори анҷумани Иттифоқи адвокатҳо дар соли 2017 баҳси онҳо тунд шуд. Ӯ гуфт:
“Танҳо ба ҳамин хотир вай бар зидди ман ба додгоҳ ариза пешниҳод карда, ман ва гуруҳи дигари вакилони мудофеъро барои ташкили ситод алайҳи Иттифоқи адвокатҳо ва паст задани обрӯи созмон айбдор карда аз додгоҳ хоста буд,ки ҳамчун ҷуброни зарари маънавӣ аз Ҳилолбӣ Назарова 300 ҳазор сомонӣ рӯёнад ва ин миқдор маблағ ба хонаи бачагон дода шавад”, мегуяд вакили мудофеъ.
Саидбек Нуриддинов нахустин раиси Иттиҳоди адвокатҳои Тоҷикистон аст. Ӯ тобистони соли 2015 бо дарёфти 70 дарсади орои вакилони мудофеъ, ба курсии раиси Иттиҳоди адвокатҳоиТоҷикистон нишаст. Нуриддинов 20 сол таҷрибаи кори адвокатӣ дошта, қаблан узви раёсати Коллегияи адвокатҳои Тоҷикистон - "Сипар" буд. Дар гузашта ба ҳайси додрас дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе низ кор кардааст.
То замони ташкили Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон, вакилони мудофеъ асосан дар ҳайати коллегияҳо ва созмонҳои алоҳида фаъолият доштанд.
Аксари вакилони мудофеъ дар Тоҷикистон аз иштирок дар парвандаҳои пурсару садо ваё афроди ҷанҷолбарангез худдорӣ карда, бештар дар баҳсҳои оилавӣ ва тақсими молу мулк ҳузур пайдо мекунанд. Солҳои охир баъзе аз вакилони мудофеъ, аз ҷумла Бузургмеҳр Ёров зиндонӣ шуда, бархеи дигар ба хориҷ рафтаанд. Ҳукми 28 соли зиндони Бурургмеҳр Ёровро созмону давлатҳои ғарбиву аврупоӣ интиқод карда дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд, вале мақомот ин интиқодро қабул надоранд.
Дар давоми се-чор соли охир бар асоси тағйирот ба қонуни адвокатура дар Тоҷикистон садҳои ҳуқуқшиноси мустақил аз имтиҳони вазорати адлия нагузаштанд ва ҳақи идома фаъолият аз рӯи ихтисоси худро аз даст доданд. Дар ҳоле, ки дар гузашта шумори адвокату ҳуқуқшиносҳои мустақил ба 1500 нафар баробар буд, ҳоло шумори онҳо 800 нафар беш нест. Коршиносон мегӯянд, ки ин шумор вакилон барои як кишвари иборат аз 8 миллион аҳолӣ кофӣ нест, чун бар сари беш аз 11 ҳазор нафар танҳо 1 адвокат рост меояд.