Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Аз ҳайкали президент узр пурсед!”


Байрам Мамедов ва Ғиёсиддин Иброҳим
Байрам Мамедов ва Ғиёсиддин Иброҳим

Ба ду фаъоли озарӣ, ки дар пояи ҳайкали президенти фақиди Озарбойҷон шиорҳои сиёсӣ навиштаанд, шарт гузоштаанд, ки пеши ҳайкали Ҳайдар Алиев тавба кунанд ва аз ҳайкал узр бипурсанд.

Ду фаъоли ҷавони озарӣ – узви 22-солаи ҷунбиши Нидо Байрам Мамедов ва корбари 21-солаи Фейсбук Ғиёсиддин Иброҳимро, ки рӯзи 12 май бо иттиҳоми бо граффити навиштани шиорҳои сиёсӣ дар пояи ҳайкали раисиҷумҳури фақиди Озарбойҷон Ҳайдар Алиев боздошт шуданд, барои 4 моҳ ба ҳабс гирифтаанд, вале бо иттиҳоми ... фурӯши маводи мухаддир.

Пулис мегӯяд, аз манзили боздоштшудаҳо беш аз 6 кило ҳероин мусодира кардаанд ва ба ин далел Байрам Мамедов ва Ғиёсиддин Иброҳим ба қочоқи миқдори бузурги маводи мухаддир айбдор мешаванд. Аммо худи ин ду фаъол ва вакили онҳо мегӯянд, ин иттиҳомот сохтаи мақомот аст, ки мехоҳанд бо ҳар роҳе онҳоро ба зиндон шинонанд.

Яке аз ҳайкалҳои сершумори Ҳайдар Алиев
Яке аз ҳайкалҳои сершумори Ҳайдар Алиев

Рӯзи 10 май дар Озарбойҷон расман иди гулҳо таҷлил мешавад ва ба ин муносибат саросари кишвар пур аз шиорҳое бо ин мазмун - Gul bayramınız mübarək! (Иди гулҳо муборак!) шуда буд. Ин ду ҷавон рӯзи 9 май танҳо як ҳарфи ин шиори расмиро иваз карда, дар пояи ҳайкали Ҳайдар Алиев дар назди Бонки миллии Озарбойҷон дар маркази Боку навиштанд, ки Qul bayramınız mübarək!”, яъне “Иди ғуломҳо муборак!” Дар тарафи дигари пояи ҳайкал ҳамчунин навиштае ба забони англисӣ будааст, ки F...k the system!”

Баъди дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет нашр шудани акси ин шиорҳо, мақомот онҳоро тоза карданд ва дар назди ҳайкал аз ҳисоби пулис навбатдор гузоштанд, ки иди гулҳо дигар бидуни кадом ҳодиса гузарад.

“Аз ҳайкали президент узр пурсед!”
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:59 0:00
Линки мустақим

Байрам Мамедов ва Ғиёсиддин Иброҳимов дар баёноти хаттие, ки дар боздоштгоҳ ба вакилашон Элчин Содиқов додаанд ва Содиқов ин баёнотро расонаӣ кард, навиштаанд, ки онҳоро дар боздошт ба шиддат шиканҷа додаанд. Байрам Мамедов аз ҷумла дар баёноташ навиштааст: “Пешобам хунолуд шудааст, қабурғаҳову дасту пойҳоям ҳама дард мекунад. Дастҳоямро дар пушт завлона зада, бо калтаку мушту лагат маро мезаданд. Пойҳоям ҳам баста буд., Вақте аз шиддати дард нола мекардам, даҳонамро бо скотч бастанд. Онҳо таҳдид мекарданд, ки шимамро кашида, калтакашонро ба қафоям мезананд.”

“Аз ҳайкали президент узр пурсед!”
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:31 0:00

Ба навиштаи Мамедов, маъмурони пулис аз онҳо хостаанд, то дар пояи ҳайкали Ҳайдар Алиев гул бигузоранд ва аз ҳайкал узр бипурсанд. Муфаттишон гуфтаанд, ки онҳо ин лаҳзаро ба навор гирифта, аз телевизион намоиш медиҳанд ва ҳардуро озод мекунанд. Ӯ афзуда, ки вақте онҳо ин пешниҳодро рад карданд, аз манзилҳояшон “ногаҳон” ҳероин пайдо карданд.

Дар Озарбойҷон дар гузашта низ дар чандин маврид фаъолони мухолифинро бо иттиҳоми даст доштан дар фурӯши маводи мухаддир маҳкум ба зиндон кардаанд, вале ҳомиёни ҳуқуқ ин ҳукмҳоро беассос хонда, гуфтаанд, ки ҳукумати Озарбойҷон бо чунин иттиҳомоти сохта мехоҳад даҳони мунтақидонашро бубандад.

Падару писар Алиевҳо
Падару писар Алиевҳо

Ҳайдар Алиев, падари раисиҷумҳури кунунии Озарбойҷон Илҳом Алиев, дар солҳои 80 ва бори дувум аз соли 1992 то замони маргаш дар соли 2003 ба ин кишвари пасошӯравии саршор аз манобеи газу нафт раҳбарӣ кардааст. Қабл аз вафот, ӯ мақоми раёсати Озарбойҷонро ба писараш Илҳом Алиев вогузор кард, ки ин нахустин намунаи интиқоли қудрат аз падар ба писар дар паҳнои Шӯравии собиқ буд ва то имрӯз намунаи ягона боқӣ мемонад.

Ғиёсиддин Иброҳим гуфтааст, ки онҳоро дар шӯъбаи пулиси ноҳияи Наримонови Боку маҷбур кардаанд, ки ҳоҷатхонаро тоза кунанд ва саҳни шӯъбаро бирӯбанд.

Додгоҳ аз додситонӣ хостааст, то шикояти ин ду ҷавон дар бораи шиканҷа шуданашон дар боздоштро таҳқиқ кунад.

Элчин Содиқов рӯзи 19 май дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо аз қарори ҳабси чормоҳаи Мамедов ва Иброҳим ба додгоҳи таҷдиди назари шаҳри Боку шикоят бурдаанд:

Элчин Содиқов: Байрам Мамедов узви ҷунбиши Нидо мебошад ва Иброҳимов – як фаъоли ҷавон. Ҳарду мегӯянд, ки шиорҳоро дар пояи ҳайкали Ҳайдар Алиев ба далелҳои сиёсӣ навиштаанд, чунки аз низоми мавҷуда дар Озарбойҷон розӣ нестанд.

Радиои Озодӣ: Муносибат бо онҳо дар пулис чигуна аст?

Элчин Содиқов: Онҳоро шиканҷа додаанд, латукӯб кардаанд. Ҳам дар шӯъбаи пулиси ноҳияи Наримонов ва ҳам дар идораи пулиси шаҳри Боку, ки ҳоло парвандаи ҳардуро дар инҷо таҳқиқ мекунанд. Ҳатто таҳдид кардаанд, ки бо истифода аз калтак(дубинка) нисбат ба онҳо ҳаракатҳои бад анҷом медиҳанд. Шимашонро кашида, хостаанд бо калтак корҳои бад кунанд.

Радиои Озодӣ: Вале як паҳлуи ғайриоддӣ дар ин қазия марбут ба талаби узр пурсидан аз ҳайкали Алиев аст. Дар воқеъ аз онҳо чунин талаб шудааст?

Элчин Содиқов: Ба онҳо гуфтаанд, ки ҳардуятро пеши ҳамон ҳайкал мебарем, шумо дар пеши ҳайкал гул мегузоред ва тавба мекунеду узр мепурсед. Мо ин ҳамаро ба навор мегирем ва ҳардуятонро ҷавоб медиҳем. Вале онҳо рад кардаанд.

Радиои Озодӣ: Ҳоло онҳо ба чӣ айбдор мешаванд? Ба вандализм?

Элчин Содиқов (механдад): На, ба вандализм – на. Иттиҳоми расмии зидди онҳо фурӯши маводи мухаддир аст. Аз манзилҳои онҳо гӯё беш аз 6 кило ҳероин ёфтаанд.

Радиои Озодӣ: Ин иттиҳом ягон асос дорад ё..?

Элчин Содиқов: Сохта аст, албатта. Азбаски барои навиштани шиор дар пояи ҳайкал ҷазое пешбинӣ нашудааст, инро “ёфтанд”, ки ин ҷавонҳои дигарандешро ҷазо диҳанд. Вале ба онҳо акнун аз 5 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG