Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

20 сокини дигари Ишкошим бо нишонаҳои гепатити гелиотропӣ бистарӣ шуданд


Мақомоти вилояти Бадахшон мегӯянд, ҳанӯз ҳам аз деҳаи дурдасти Питупи Ишкошим хурдосолону солмандони заҳролудшуда ба бемористони Хоруғ оварда мешаванд.

Рӯзи сешанбеи 13 март боз як гурӯҳи 20-нафараи сокинони ҷамоати деҳоти Питуп ба бемористони Хоруғ интиқол дода шуданд ва феълан шумори афроди заҳролудшудаи бистарӣ ҳудуди 30 нафар мебошад.

Вазъияти онҳо хуб аст ва фикр мекунам бо сиҳҳатёбии ин афрод дигар, фикр мекунам, ки ин мушкил ба охир мерасад

Моҳи феврал мақомоти бемористи марказии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гуфтанд, ки дар ҷисми ин афрод бемории “гепатити гелиотропӣ” ошкор шудааст ва ин беморӣ аз истеъмоли донаҳои заҳролуд ё барои истеъмоли инсон мамнӯи гиёҳе пайдо мешавад. Гиёҳи гелиотроп гоҳо дар майдонҳои кишти гандум мерӯяд ва дар сурати орд шуда ба организми инсон ворид шуданаш, ҳолати хатарнок касб мекунад.

Бемории солҳои ҷанг

Ин бемориро дар забони мардум варами ҷигар ҳам мегӯянд, ки Тоҷикистон солҳои ҷанги доилӣ шоҳиди ин беморӣ шуда буд. Тибқи омори расмӣ, аз 8 ҳазор беморе, ки соли 1992 дар ҷануби Тоҷикистон гирифтори ин беморӣ шуд, 500 нафар ба ҳалокат расиданд.

Насрингул Некушоева, садори Раёсати тандурустии вилояти Бадахшон рузи 16 март ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло табибон аз вазъи як кӯдак бештар нигаронанд, ки моҳи феврал бародараш бо ҳамин диагноз фавтида буд. Вай гуфт, 84 нафаре, ки аз моҳи январ ба ин тараф ба бемористон оварда шуда буданд, сиҳат шуда ва ба хона баргаштанд, вале ин кудаки 11-сола ҳамоно зери назари табибон мебошад. Ин тифл писари хонаводаи Қурбонбек Қурбонбеков, омӯзгоре аз рустои Питупи ноҳияи Ишкошим аст, ки вазъаш ҳамвора сангин арзёбӣ мешавад.

Акс аз бойгонӣ: кӯдакон бо варами ҷигар дар солҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон
Акс аз бойгонӣ: кӯдакон бо варами ҷигар дар солҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон

Насрингул Некӯшоева гуфт: “Мо аз аҳволи ҳамин хурдсол дар ташвиш ҳастем, дигар вазъ хуб аст, чунки аксари гирифторон сиҳат ёфтанд ва муҳим аз ҳама захираи гандуми заҳрогине, ки дар ин ҷамоат буд, нобуд карда шуд. Дигар назорат аз болои ворид кардани маводи ғизо ба ноҳияи Ишкошим ва ба тамоми вилоят пурзур карда шудааст”.

Вазъ зери назорат аст

Мақомоти ноҳияи Ишкошим изҳори умедворӣ карданд, ки ҳудуди 30 нафаре, ки феълан дар бемористон бистарӣ ҳастанд, гурӯҳи охирини заҳролудшудаҳо мебошанд.

Ашам Холдорова муовини аввали раиси ноҳияи Ишкошим рӯзи 16 март ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳолат аз оғоз зери назорати мақомоти маҳаллӣ аст:

“Дирӯз ба ҷаласаи ҳукумати вилоят рафта будам ва ба бемористони Хоруғ даромада аз аҳволи беморон бохабар шудам. Вазъияти онҳо хуб аст ва фикр мекунам бо сиҳҳатёбии ин афрод дигар, фикр мекунам, ки ин мушкил ба охир мерасад”.

Аз охири моҳи январ то 10-уми феврали имсол 19 нафар заҳролуд шуда, як навраси 11-сола даргузашт. Насрингул Некӯшоева, сардори Раёсати тандурустии вилояти Бадахшон дар як сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ рӯзи 12-уми феврал гуфта буд, ки таҳқиқи мақомот нишон дод, ки манбаи заҳролудшавии аҳолӣ - панҷуним тонна гандуме будааст, ки аз ноҳияи Ҳамадонӣ бурда шуд. Аз ин миқдори гандум моҳи январ 2 тонаашро орд карда истеъмол намуданд.

Қурбонбек Қурбонбеков, як омӯзгор аз рустои Питупи ноҳияи Ишкошим, ки писари 11-солааш дар рӯзҳои аввали заҳролудшавии сокинони деҳа ба беморхона оварда шуд, баъди ду ҳафта ҷон дод. Ба нақли падар, рӯзҳои аввал варами шиками писараш 50 сантиметр буд ва баъдан то 65 сантиметр расид.

XS
SM
MD
LG