Раиси ҷумҳури Туркманистон рӯзи чаҳоршанбеи 11-уми октябр дастуре cодир кард, ки тибқи он, имтиёзҳои иҷтимоӣ барои об, газ ва барқи ройгон, бекор карда мешавад. Ин амр бинобар коҳиши даромади будҷаи ин кишвари саршор аз нафту газ дар пасманзари коҳиши арзиши нерӯи барқ ва интиқоли он ба хориҷ, рӯи даст гирифта шудааст.
Ба навиштаи хабаргузории "Рейтерз", ин қарор сокинони ин кишварро муваззаф мекунад, ки аз оғози моҳи оянда 25 маротиба бештар барои оби ошомиданӣ, пул пардохт кунанд. Бар пояи ин дастури Бердимуҳаммедов, тарофаҳои пардохти об аз 1-уми ноябр то 1,43 доллар барои ҳар 10 метри мукааб об зиёд карда мешавад. Президенти Туркманистон дар ибтидои ҳафтаи ҷорӣ гуфта буд, ки имтиёзҳои иҷтимоӣ марҳила ба марҳила барҳам дода хоҳанд шуд.
Ин кишвари ҳаммарз бо Афғонистон, ки 5,5 миллион аҳолӣ дорад, саршор аз нафту газ мебошад.
Шаҳрвандони ин кишвар дар ҳоли ҳозир қисман газ ва нерӯи барқи бепул дарёфт мекунанд. "Замоне фаро расид, ки захираҳои давлатиро бо эҳтиёт ва сарфакорона истифода барем", - чанде пеш гуфта буд раиси ҷумҳури Туркманистон. Ба гуфтаи Бердимуҳаммедов, сарфаҷӯӣ дар марҳилаи ниҳоӣ ба сармоягузории як тарҳи ҳафтсолаи сармоягузории 69-миллиарддолларӣ кӯмак хоҳад кард, ки 45 миллиард доллари он барои бахши энержӣ ҷудо шудааст.
Ин кишвари ҳаммарз бо Афғонистон, ки 5,5 миллион аҳолӣ дорад, дар чаҳорумин бузургтарин захирагоҳи гази табиии ҷаҳон қарор дорад. Бердимуҳаммедов, ки пас аз марги Сафармурод Ниёзов дар соли 2006 ба сари қудрат омад, ин кишварро бо панҷаи оҳанин идора мекунад ва таҳаммули мухолифинро надорад. Чун Ниёзов ӯ то ҳадде ба нархи ашёи асосӣ ва обу барқ барои мардум, таъкид кардааст.
Даромади содироти Туркманистон пас аз он, ки қимати ҷаҳонии нафт дар соли 2014 коҳиш ёфт ва ҳамчунин баъд аз он, ки Русия харидҳои нафтии худро дар соли 2016 аз ин кишвар мутаваққиф кард, коҳиш ёфт. Туркманистон пас аз он, ки Русия хариди газ аз ин кишварро қатъ кард, бештар вобаста ба фурӯши газ ба Чин шуд.