Муҳаммад Солиҳ, раҳбари Ҳаракати мардумии Узбакистон, яке аз ташаккулҳои умдаи мухолифини узбак дар хориҷ рӯзи 4 декабр ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, шоми 2 декабр аз назди манзили ӯву писараш Тимур дар шаҳри Истамбул 5 нафари машкукро дастгир кардаанд. Сиёсатмадори узбак мӯътақид аст, ки ин афрод бо ҳадафи таҳияи сӯиқасд ба ҷони ӯ фиристода шудаанд ва дар пушти ин режими президенти Узбакистон Ислом Каримов истодааст.
Муҳаммад Солиҳ гуфт: “Ин ҳама бидуни шак ба фаъолиятҳои сиёсии ман рабт дорад, чунки ман ба ҷуз аз сиёсат фаъолияти дигаре надорам. Ман мӯътақидам, ки дар Узбакистон дар фикри аз байн бурдани ман буданду ҳастанд. Ғайри онҳо касе буда наметавонад.”
Пулиси Туркия шоми 2 декабр 5 нафари машкукро аз назди манзили ӯву писараш Тимур дар як маҳалла дар шарқи Истамбул дастгир карданд. Ӯ мегӯяд, ин афрод чанд рӯз боз дар атрофи манзили онҳо мегаштанд ва муҳофизони бино ба пулис хабар додаанд. Баъди расидани пулис талош кардаанд, ба мошини иҷора нишаста, фирор кунанд. Вале пулис тавонистааст мошинро дарёб ва ҳамаи он 5 нафарро дастгир кунад.
Муҳаммад Солиҳ мегӯяд, яке аз дастгиршудаҳо аз Узбакистон буда, бо худ шиносномаи қалбакӣ дошт. Дар ҳоли ҳозир, ба гуфтаи Муҳаммад Солиҳ, ҳамин нафар гумонбари асосӣ дар таъқиби зидди раҳбари мухолифини узбак дониста мешавад ва бар фарқ аз 4 ҳамроҳаш, ки ба шарти берун нарафтан аз Истамбул раҳо ёфтаанд, таҳти боздошт боқӣ мемонад. Худи Муҳаммад Солиҳ вуҷуди ин зодаи Узбакистон дар байни боздоштшудаҳоро далели, ба гуфтаи ӯ, раднопазири даст доштани мақомоти Узбакистон меномад.
Пулиси Туркия гуфтааст, баъди ин ҳодиса манзили Муҳаммад Солиҳро таҳти ҳифозати шадид қарор додаанд.
Дар соли 2013 низ афроди ношинос ба тарафи манзили ин сиёсатмадор дар Истамбул тир холӣ карда буданд, вале касе дар он ҳамла осеб надид.
Муҳаммад Солиҳ, адиб ва сиёсатмадори узбак, ки соли 1949 дар ноҳияи Урганҷи вилояти Хоразм ба дунё омадааст, аз мухолифони собиқадору оштинопазири президенти Узбакистон Ислом Каримов дониста мешавад. Ӯ дар соли 1991 номзадиашро дар муқобили Каримов дар нахустин интихоботи мустақими раёсатҷумҳурии Узбакистон гузошт, вале шикаст хӯрд.
Дар пайи афзоиши фишору таъқибот Муҳаммад Солиҳ маҷбур шуд, дар соли 1993 тарки Узбакистон кунад. Дар соли 1999 Додгоҳи олии Узбакистон Муҳаммад Солиҳро дар ғайбаш ба даст доштан дар таркишҳои Тошканд муҷрим шинохт ва ба 15 соли зиндон маҳкум кард.
Аҳли хонавода ва наздикони Муҳаммад Солиҳ низ дар Узбакистон таҳти таъқиб қарор доранд. Бародари хурдии ӯ Муҳаммад Бегҷон аз соли 1999 дар маҳбас ба сар мебарад.
Исми шаҳри Истамбули Туркия дар солҳои охир ба далели сӯиқасдҳо ба ҷони раҳбарони мухолифини кишварҳои пасошӯравӣ зиёд дар сархати хабарҳо қарор мегирад.
Дар соли 2014 дар маркази Истамбул рӯҳонии маъруфи узбак Абдуллоҳ Ал-Бухорӣ кушта шуд.
Рӯзи 5 марти соли 2015 низ дар натиҷаи як сӯиқасди мусаллаҳона дар маҳаллаи Фотиҳи Истамбул Умаралӣ Қувватов, раҳбари “Гурӯҳи 24”- яке аз созмонҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистонро аз байн бурданд. Мурофиаи парвандаи Сулаймон Қаюмов, гумонбари асосӣ дар ин сӯиқасд дар Истамбул ҳанӯз идома дорад.
Дар гузашта низ дар бораи талошҳои ташкили сӯиқасд ба ҷони Муҳаммад Солиҳ аз сӯи мақомоти амниятии Узбакистон гузоришҳо нашр шуда буд. Аз ҷумла Радиои Озодӣ дар соли 1999 гузориш дода буд, ки раҳбари раёсати мубориза бо терроризми вазорати корҳои дохилии Узбакистон Ботир Турсунов ва раҳбари дафтари Интерпол дар Узбакистон Маҳмуд Ҳаитов ҳамроҳ бо афсари милиса Баҳром Мӯъминов нақшаи сӯиқасд ба ҷони Муҳаммад Солиҳро кашида буданд. Вале Мӯъминов, тавре дар он гузориш иқрор кард, дар лаҳзаҳои охирин аз ширкат дар ин сӯиқасд даст кашидааст.