Шаҳри Кӯбонӣ аз қаламрави Туркия дида мешавад ва садҳо нафар аз курдҳои Туркия ҳар рӯз ба ин ҷо меоянд, то даргириҳои Кӯбониро бинанд. Муҳофизони Кӯбонӣ аз тиреза ва паси деворҳо бо пайкорҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” даргиранд. Ҳамчунин гаҳ-гоҳ эътилофи байнулмилалӣ ба мавзеъҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” бомба меафканад.
Даҳҳо тонки Туркия низ ин ҷо дар хатти марзи байни Туркия ва Сурия саф бастаанд ва сарбозони турк аз фарози онҳо манзараҳои ҷангро мушоҳида мекунанд. Тонкҳо дар марз ба гунае истодаанд, ки гӯё интизори ҳамагӣ як фармони кӯтоҳи “ба пеш”-анд, вале чунин амр то ҳол садо надодааст. Зоҳиран, ин фармон барои мақомоти Туркия ба як муаммо табдил шудааст.
Агар Туркия ба вазъ мудохила кунад, хатари он дар миён аст, ки ба яке аз ҳадафҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” табдил ёбаад. Аммо сокит истоданаш курдтаборони Туркияро аллакай ба майдонҳо кашондааст ва ин ҳол метавонад, сулҳи муваққати Анкара бо Ҳизби коргари Курдистонро баҳам занад.
Гарес Йенкинс, коршиноси муқими Истамбул мегӯяд, мудохилаи Анкара дар Сурия эҳтимоли ҳамлаҳои террористиро дар дохили Туркия ба маротиб бештар хоҳад кард: "Ҳамлаҳои террористӣ дар дохили Туркия аз тарафи худи “Давлати исломӣ” ё хайрхоҳони он бештар хоҳад шуд. “Давлати исломӣ” аллакай Туркияро расман як режими муртад ва ҳадафи машрӯи нерӯҳои исломгаро хондааст.”
Ба ақидаи ин коршинос, ба тарафи гурӯҳи “Давлати исломӣ” -- рақиби сарсахти режими Башор Асад гардондани силоҳ эътимод ба Туркияро дар минтақа коҳиш хоҳад дод. Аз ин ҷо намояндагони давлати Туркия дар бобати мудохилаи ин кишвар ба ҷанг дар Кӯбонӣ изҳороти гуногун медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Човушоғлу, рӯзи 9-уми октябр ширкати нерӯҳои заминии туркро дар ҷангҳои Сурия як амали ғайривоқеӣ номид ва рад кард. Ин дар ҳолест, ки раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон як рӯз пеш гуфт, кишвараш танҳо дар ҳоле вориди ҷанги заминӣ мешавад, ки яке аз ҳадафҳои он барканории режими Башор Асад бошад.
Қаблан низ Туркия пешниҳод мекард, ки ҳарими ҳавоии Сурия минтақаи парвозмамнӯъ эълон шуда, ба мухолифони мӯътадили Сурия машқ ва силоҳ дода шавад. Ин дар ҳолест, ки гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба миқдори зиёд аз миёни мухолифони Башор Асад бархостааст.
Бетарафии Туркия нисбати сарнавишти шаҳри муҳосирашудаи Кӯбонӣ аз ҳоло эътирози курдҳоро дар дохили Туркия ба бор овардааст. Ҳафтуми октябр дар раҳпаймоии онҳо бо талаби дифоъ аз курдҳои Кӯбонӣ даҳҳо нафар ба ҳалокат расиданд. Мавҷи эътирози курдҳо то пойтахти Иттиҳоди Аврупо – Брюссел ҳам расид.
Арон Стейн, пажӯҳишгари Хадамоти муттаҳидаи салтанатӣ дар Лондон мегӯяд, курдҳо аз бархӯрди духелаи Анкара норозиянд ва Кӯбонӣ солҳост, ба мавзӯи хусумати курдҳо ва Анкара табдил шудааст: "Курдҳо ба сурати густарда аз сиёсати марзҳои бози ҳизби ҳокими Туркия норозиянд. Ба ақидаи онҳо, ин сиёсат як бахши бузургтаре аз стартегияи ҳимояти Анкара аз ҳамлаи "Давлати исломӣ” зидди курдҳост.”
Коршинос меафзояд, дар ҳамин ҳол Туркия ба курдҳои худ имкон намедиҳад, ки аз “марзи боз” гузаранд ва аз ҳамқавмони худ дар Сурия дифоъ кунанд.
Ба ақидаи коршиносон, идомаи чунин сиёсат мумкин аст, оташбаси байни курдҳо ва Анкараро, ки ба ошӯби 30-сола хотима гузошт, баҳам занад. Дар ин даргириҳо тақрибан 40 000 нафар кушта шудаанд. Стейн мегӯяд, фурӯ пошидани сулҳе, ки раҳбари Ҳизби коргари Курдистон Абдуллоҳ Оҷалон имзо кард, барои Анкара хатари бештаре дошта бошад.
Ба гузориши хабаргузориҳо, гуфтушуниди Анкара бо намояндагони эътилофи байналмилалии таҳти сарварии Амрико идома дорад ва мумкин аст, натиҷаи он муаммои Туркияро ҳал ва дудилагии онро дар мавриди мудохила дар Сурия бартараф намояд.