Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурбониёни нахустини амалиёти нави Туркия дар Ироқ


Аз ҷараёни амалиёти нерӯҳои Туркия дар шимоли Ироқ маълумоти зидду нақиз мерасанд.

Низомиёни турк аз куштори панҷ сарбози худ ва даҳҳои шӯришӣ хабар медиҳанд. Артиши Туркия рӯзи гузашта, 22 феврал, марзи шимолии Ироқро ба хотири муқобила бо шӯришиёни курд убур карданд.

Телевизиони хусусии NTV-и Туркия гуфт, ки шимоли Ироқро 10 ҳазор нирӯҳои кишвар убур карданд. Дар ҳоле, ки вазири хориҷаи Ироқ Ҳушёр Зеборӣ гуфт, ки Туркия танҳо "чандсад сарбози" худро ба Ироқ фиристодааст.

Пентагон гуфт, ки аз Туркия тақозо кардааст, ба зудтарин фурсат амалиёти худро анҷом диҳад, дар ҳоле, ки Бритониёву Олмон тақозо карданд, ки Туркия дар чаҳорчӯби қавонини байналмилалӣ амал кунад. Вазорати умури хориҷии Бритониё аз Анкара тақозо кард, ки нирӯҳояшро аз Ироқ берун кашад.

Сарвазири Туркия Раҷаб Тойиб Эрдуғон гуфт, амалиёти низомӣ дар доираи маҳдуд гузаронида мешавад ва дар наздиктарин фурсат нерӯҳо ба мақаррашон хоҳанд бозгашт.

Дар навбаи худ, намояндаи Ҳизби коргари Курдистон Аҳмад Данас гуфт, дар задухурдҳо ду сарбози турк кушта шуданд ва ҳашт сарбози дигар маҷрӯҳ шуданд.

XS
SM
MD
LG