Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасмими манъи сафар боиси интиқодҳои Трамп шуд


Дар хориҷ аз Амрико дар робита бо манъи муваққатии сафари шаҳрвандони кишварҳои аксаран мусулмонӣ ки президент Доналд Трамп имзо кард, садои эътироз ҳарчӣ баландтар ба гӯш мерасад. Яке аз созмонҳои аслии кишварҳои исломӣ дар робита бо қарори маҳдудияти сафар изҳори нигарони амиқ кард. Садри аъзами Олмон Ангела Меркел гуфт, ки ин тасмим бо усулҳои калидии байналмилалӣ оид ба кӯмаки муҳоҷирон дар ихтилоф аст.

Меркел дар изҳороте рӯзи 30 январ гуфт, ки монеаҳои ба ин монанд наметавонанд, ба унвони талошҳои мубориза зидди терроризм сафед карда шаванд. Вай гуфт, ки ин тасмимро бо ҳамкоронаш дар Аврупо баррасӣ мекунад.

Бояд мушаххас гуфт, ки ин ба маънои манъи мусалмонҳо нест, тавре матбуот иштибоҳӣ гузориш медиҳад. Гап дар мазҳаб нест, гап дар терроризм ва ҳимоят аз кишвари мо аст. Трамп

Бо ваъдаи ин ки Амрикоро аз «террористони хориҷӣ» муҳофизат мекунад, Трамп рӯзи 27 январ амр дод, ки иҷрои барномаи вуруди муҳоҷирон ба ИМА-ро то 120 рӯз мутаваққиф кунад. Мушаххасан, вуруди муҳоҷирони суриягӣ манъ шуда, ҷараёни муҳоҷират аз 7 кишвари асосан мусалмоннишин барои 90 рӯзи баъдӣ боздошта мешавад.

Ин тасмим боиси эътирозу интиқодҳои шадид дар саросари ҷаҳон шуд. Ҳамаи ҳафт кишвар, яъне Эрон, Ироқ, Либия, Сомалӣ, Сурия, Судон ва Яман – аъзои Созмони ҳамкориҳои исломӣ, ки шаҳрвандони аксари онҳо аз оташи ҷанг ва истибдод фирор мекунанд, мавриди ҳадафи амри президент Трамп қарор гирифтаанд.

Дар як изҳороте аз рӯзи 30 -уми январ Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ навишт, ки «чунин иқдоми интихобӣ ва табъизомез танҳо барои тақвияти пойгоҳи ифротгароҳо хизмат мекунад».

28 январ. Фурудгоҳи Лос-Анҷелес
28 январ. Фурудгоҳи Лос-Анҷелес

Дар Ироқ аъзои маҷлис гуфтанд, ки дар сурати бекор нашудани ин муқаррарот, онҳо дар фикри эҷоди иқдоми ҷавобӣ нисбати шаҳрвандони Амрико мешаванд.

Вазорати умури хориҷии Ироқ аз маъмурияти Трамп даъват кард, ки «қарори иштибоҳии худро бозбинӣ кунад».

Ҳукумати Яман инчунин аз қарори Трамп «изҳори ноумедӣ» карда гуфтааст, ки ин тасмим мавқеи тундгароҳоро тақвият мебахшад. «Танҳо роҳи дастёбӣ ба пирӯзӣ дар мубориза бо терроризм – муколама аст, на эҷоди саддҳо», гуфта шудааст, дар изҳорот.

Бо ин вуҷуд, худи Трамп аз қарораш ҳимоят карда гуфтааст, ки баъди ба роҳ андохтани "шеваҳои амнтарин" дубора ба додани раводид шурӯъ мекунанд.

Чунин иқдоми интихобӣ ва табъйизомез танҳо барои тақвияти пойгоҳи тундгароёнаи ифротгароҳо хизмат мекунад. Созмони ҳамкориҳои исломӣ

«Бояд мушаххас гуфт, ки ин ба маънои манъи мусалмонҳо нест, тавре матбуот иштибоҳӣ гузориш медиҳад», гуфт Трамп дар як изҳороташ рӯзи 29 январ. «Гап дар мазҳаб нест, гап дар терроризм ва ҳимоят аз кишвари мо аст».

Рӯзи 28 -уми январ Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири хориҷаи Эрон, қарори Трампро «тӯҳфаи беҳтарин барои тундгароҳо» номид ва гуфт, ки «ин як таҳқири ошкорои ҷаҳони Ислом аст».

Зайд бин Раъд Зайд Ал-Ҳусейн, масъули бахши ҳуқуқи башари Созмони Милал қарори Трампро интиқод кард ва гуфт, ки табъиз бар пояи миллат аз рӯи меъёрҳои ҳуқуқи башар мамнӯъ аст ва афзуд, ки қарори Трамп "манобеи лозим барои мубориза бо терроризмро" зоеъ мекунад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG