Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп: "Кишварҳои дигар бояд бо ДИИШ биҷанганд"


Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи чаҳоршанбеи 21-уми август гуфт, кишварҳои дигар, аз ҷумла Русия, Покистон ва Эрон бояд бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" биҷанганд.

Нерӯҳои мавриди ҳимояти Амрико чанд моҳ пеш охирин минтақаҳои таҳти назорати гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Сурияро бозпас гирифтанд. Аммо аз он вақт то ба ҳол нигарониҳое дар бораи таҷаммуи дубораи нерӯҳои ин гурӯҳ барои анҷоми ҳамла дар Сурия ва Ироқ матраҳ шудааст.

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико рӯзи сешанбе гуфта буд, ки ҷангиёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар бархе нуқтаҳо дар ҳоли ҷамъ кардани нерӯ ҳастанд, вале афзуд, ки тавоноиҳои ин гурӯҳ барои анҷоми ҳамла то ҳадди зиёде аз байн рафтааст.

Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид чанд рӯз пеш дар гузорише ба Шӯрои Амнияти СММ эълом кард, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба вуҷуди аз даст додани пойгоҳҳои аслии худ Сурия ва Ироқ, беш аз 300 миллион доллар манбаъҳои пулӣ дар ихтиёр дорад.

Коршиносони Созмони Милали Муттаҳид ҳамчунин дар ин гузориш ҳушдор додаанд, ки "бо вуҷуди коҳиши мизони ҳамлаҳои ин гурӯҳ дар моҳҳои ахир, эҳтимолан ҳатто пеш аз поёни соли 2019 бори дигар шоҳиди зуҳури ДИИШ дар Ироқ, Сурия ва дар нуқтаҳои мухталифи ҷаҳон хоҳем буд".

Гурӯҳи "Давлати исломӣ", ки дар солҳои 2014-2017 бахшҳои калоне аз Ироқ ва Сурияро дар ихтиёр дошт, бисёре аз ин минтақаҳоро аз даст додааст ва дар ҳоли ҳозир дар бахши хурде аз Сурия ҷой гирифтааст.

Эътилоф бо раҳбарии Амрико, ҳукумат ва нерӯҳои амниятии Ироқ, ва аз сӯи дигар Русия, ниманизомиёни мавриди ҳимояти Эрон ва гурӯҳҳои дигар дар ҷангҳои солҳои гузашта алайҳи ин гурӯҳ нақши фаъол доштанд.

Дар ҳамин ҳол, нигарониҳои наве дар Афғонистон ба миён омадааст ва мақомот дар Кобул ва гурӯҳи Толибон мегӯянд, дар натиҷаи музокироти Амрико ва Толибон бо ҳадафи хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз ин кишвар, бархе аз ҷанҷӯёни ин гурӯҳ мумкин аст ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" бипайванданд.

Шохаи "Давлати исломӣ" дар Афғонистон, ки бо "Давлати исломии Хуросон" ва аз соли 2014 фаъолият дар минтақаҳои шарқии ин кишварро оғоз кард, дар ин муддат ҳузури худро дар бахшҳои дигари ин кишвар, аз ҷумла шимоли Афғонистон густариш додааст.

Доналд Трамп рӯзи чаҳоршанбе дар Кохи Сафед ҳамчунин гуфт, агар давлатҳои аврупоӣ ҷангиёни зиндонии аҳли он кишварҳоро напазиранд, ӯ ночор хоҳад шуд онҳоро дар кишварҳое, ки шаҳрвандии онро доранд, озод кунад.

Ҳазорон тан аз ҷангиён асир ва афроди гумонбар ба ҳамкорӣ бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" аз ҷумла мардон, занон ва кӯдакон акнун дар паноҳгоҳҳое дар шимол-шарқи Сурия ба сар мебаранд, ки аз сӯи нерӯҳои демократии Сурия идора мешаванд.

Ҳадди ақал ду ҳазор ҷангҷӯи хориҷӣ дар миёни онҳост, ки бисёре аз онҳо шаҳрвандони кишрваҳои ғарбӣ ҳастанд ва сарнавишти онҳо ба ихтилофоти дипломатӣ дар мавриди қабули масъулияти ин афрод, гиреҳ хӯрда аст.

XS
SM
MD
LG