Изҳороти Доналд Трамп, номзади пештози ҷумҳурихоҳон барои курсии президенти Амрико баъди даъваташ барои манъи вуруди мусулмонҳо ба ҳудуди Иёлоти Муттаҳида бо вокунишҳои тунд рӯ ба рӯ шуд. Сухангӯи Қасри Сафед рӯзи 8 декабр гуфт, ки изҳороти Доналд Трамп ӯро аз "салоҳият"-и ишғоли курсии раисиҷумҳури Амрико маҳрум мекунад.
Ҷош Эрннест, сухангӯи Қасри Сафед, мегӯяд, "ҳар президент савганд ёд мекунад, ки Қонуни асосии Амрикоро ҳифзу ҳимоят мекунад, аммо Доналд Трамп бо паёми дирӯзааш шахси муносиб барои тақдими салоҳияти раёсати ҷумҳурӣ нест."
Рӯзи душанбеи 7 декабр Трамп, ки номзади пешдасти ҳизби ҷумҳурихоҳи Амрико дар маъракаи интихоботӣ мебошад, даъват кардааст, то Иёлоти Муттаҳида вуруди мусулмонони хориҷӣ ба қаламрави ин кишварро манъ кунад. Дар ин иртибот Эрнест аз ҳизби ҷумҳурихоҳ низ интиқод кард ва гуфт, акнун ин гурӯҳи сиёсӣ бояд интихоб кунад: мавқеашро тағйир медиҳад ё ҳамроҳ бо Трамп дар зуболадони таърих ҷой хоҳад гирифт.
Рӯзи сешанбе раиси маҷлиси поёнии Конгресси Амрико, сиёсатмадори ҷумҳурихоҳ Пол Райан гуфт, ки "изҳороти Трамп ғайриконститутсионӣ аст ва ҳизб аз он пуштибонӣ намекунад".
Бо ишора ба суханони ахири Трамп котиби давлатии Амрико Ҷон Керрӣ дар пойтахти Фаронса гуфт, муомилаи бидуни табъиз ва баробар на танҳо пояи арзишҳои амрикоӣ, балки асоси муҳоҷират ва сиёсати қабули муҳоҷирон дар ин кишвар буда, Департаменти давлатӣ ба муомилаи бидуни табъизи пайравони тамоми динҳо содиқ аст.
Сухангӯи Вазорати дифои Амрико Питер Кук гуфт, ки изҳороти Трамп манфиатҳои миллии амниятии Амрикоро бо хатар рӯ ба рӯ кардааст. Ӯ афзуд, дар саффи нерӯҳои мусаллаҳи Амрико марду зани зиёде, ки пайрави дини Ислом мебошанд, аз таҳти дил ватанашонро дӯст дошта, ба мудофиаи он сафарбар шудаанд. Кук хотирнишон кард, ки ҳамин ҳоло Амрико бо кумаки мусулмонони саросари дунё бар зидди гурӯҳи “Давлати исломӣ” мубориза мебарад.