Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вуруди паноҳҷӯён ба Амрико маҳдуд мешавад


Раиси ҷумҳури Амрико қонунеро имзо хоҳад кард, ки муваққатан ҷилави вуруди паноҳҷӯён ба хоки Амрикоро мегирад ва дарёфти визаи он кишвар барои шаҳрвандони шаш кишварро маҳдуд мекунад.

Ба иттилои хабаргузориҳо, Доналд Трамп имрӯз қонунеро имзо хоҳад кард, ки аз ҷумла муваққатан пеши вуруди паноҳҷӯён ба ҷуз ақалиятҳои мазҳабӣ, ки таҳти фишор қарор дорандро, мегирад. Ин қонун ҳамзамон раванди содир кардани виза барои шаҳрвандони Эрон, Сурия, Ироқ, Либия, Сомалия, Судон ва Яманро муваққатан маҳдуд мекунад. Бинобар ин гузориш, қонунҳо ва муқаррароти дигаре низ содир мешавад, ки раванди гирифтани виза барои шаҳрвандони ин шаш кишварро муваққатан бекор хоҳад кард.

Ин қонун содир кардани виза барои шаҳрвандони Эрон, Сурия, Ироқ, Либия, Сомалия, Судон ва Яманро муваққатан маҳдуд мекунад.

Бино бар гузоришҳо ва ба нақл аз мақомҳои давлатии Амрико, ки номашон фош нашудааст, ин қонуни вобаста ба паноҳҷӯён қарор аст имрӯз, 25 январ (ба вақти Амрико) ва ҳини дидори раиси ҷумҳури Амрико аз вазорати амнияти дохилии он кишвар имзо шавад. Доналд Трамп рӯзи 24 январ дар Твиттери худ навиштааст, ки "фардо рӯзи бузурге барои амнияти миллии Амрико хоҳад буд. Миёни хеле чизҳои дигар, мо деворро (дар марзи Амрико ва Мексика) ҳам бунёд хоҳем кард."

Сохтани девор дар марзи Мексика аз ваъдаҳои интихоботии Доналд Трамп дар замони рақобатҳои моҳҳои гузашта буд. Ӯ дар айни ҳол, хостори лағви муваққатии вуруди ҳамаи мусалмонон ба хоки Амрико шуда буд, вале сипас хостори "баррасии сахтгирона"-и шаҳрвандони кишварҳое шуд, ки гурӯҳҳои террористӣ дар онҳо ҳузур доранд.

Марзи Амрико ва Мексика.
Марзи Амрико ва Мексика.

Ба гузориши Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, биёре аз раъйдиҳандагон ба Доналд Трамп, мухолифи тасмими Барак Обама, раиси ҷумҳури пешин барои пазируфтани шуморае аз паноҳҷӯёни суриягӣ буданд. Зеро нигарониҳо вуҷуд дошт, ки бархе аз ин паноҳҷӯён дар дохили хоки Амрико даст ба ҳамлаҳо бизананд. Бисёре аз паноҳҷӯён тайи солҳои гузашта аз Сурия, Ироқ ва Афғонистон ба Амрико омадаанд -- кишварҳое, ки дар ҳоли ҳозир маркази ҷанги дохилӣ ё даргириҳо ва танишҳои мусаллаҳона ҳастанд.

Ба гузориши бахши марказии Радиои Озодӣ, ба нақл аз расонаҳои амрикоӣ, илова ба фармони амали шудани лағви муваққатии содир кардани виза барои шаҳрвандони шаш кишвар, раиси ҷумҳури Амрико метавонад хостори пешгирӣ аз ворид шудани он гурӯҳ аз шаҳрвандони ин кишварҳо шавад, ки дар ҳоли ҳозир визаи ворид шудан ба Амрикоро доранд.

XS
SM
MD
LG