Доналд Трамп – раиси ҷумҳури Амрико – Байтулмуқаддасро ба унвони пойтахти Исроил ба расмият шинохт. Ӯ рӯзи 6-уми декабр ҳамчунон эълон кард, ки сафорати Амрикоро аз Телавив ба Байтулмуқаддас кӯч медиҳад. Ин суханони Доналд Трамп аз тарафи мақомоти Исроил ситоиш шуда, аммо аз сӯи бархеи дигар мавриди накӯҳиш қарор гирифтааст.
Антонио Гуттереш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, ҷойгоҳи Байтулмуқаддас бояд аз тариқи гуфтугӯ миёни исроилиҳо ва фаластиниён мушаххас шавад.
Раиси ҷумҳури Амрико гуфт, Конгресс соли 1995 дар як санад хоста буд, то Байтулмуқаддасро ба унвони пойтахти Исроил ба расмият шиносад. Аммо ӯ гуфт, беш аз бист сол боз раисони ҷумҳури Амрико интиқоли сафорат аз Телавив ба Байтулмуқаддас ва, ҳамин тавр, ба расмият шинохтани ин шаҳрро ба унвони пойтахти Исроил ба таъхир гузоштаанд.Доналд Трамп гуфт, “замоне фаро расид, ки Байтулмуқаддас ба унвони пойтахти Исроил эътироф шавад. Дар гузашта раиси ҷумҳурон аснои интихобот ваъда дода, сипас, иҷро намекарданд. Ман тасмим гирифтам, ки иҷро кунам.”
Ин эълони Трамп сиёсати чанд даҳаи Иёлоти Муттаҳидаро тағйир медиҳад, ки бар асоси он ҷойгоҳи Байтулмуқаддас бояд аз тариқи музокирот бо фаластиниҳо, маъруф ба роҳҳали эҷоди ду кишвари мустақил, мушаххас шавад. Доналд Трамп гуфт, вай ҳанӯз ҳам қасд дорад, ҳар ончи дар тавонаш аст, барои як тавофуқи сулҳи қобили қабул ҳам барои исроилиҳо ва ҳам фаластиниён анҷом диҳад.
Ӯ гуфт, ба Вазорати умури хориҷии Амрико дастур додааст, ки омодагиҳо барои интиқоли сафорати ИМА аз Телавив ба Байтулмуқаддасро рӯйи даст гиранд. Ба гуфтаи таҳлилгарон, ин иқдом аз се то чаҳор солро дар бар хоҳад гирифт. Нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу аз ин эълони Доналд Трамп ба унвони як иқдоми таърихӣ ситоиш кард. Вай аз кишварҳои дигар хост, бо интиқоли сафоратҳояшон аз Телавив ба Байтулмуқаддас аз Амрико пайравӣ кунанд. Беш аз ҳаштод кишвар дар Телавив сафорат доранд.
Аммо фаластиниён, раҳбарони араб ва баъзе аз муттаҳидони Амрико ба Трамп ҳушдор додаанд, ки иқдоми ахираш хатари эҷоди хушунат дар саросари Ховари Миёнаро ба вуҷуд оварда, тарҳи сулҳро печида мекунад.
Бисёре аз кишварҳо ҳокимияти исроилиҳо болои Байтулмуқаддасро ба расмият намешиносанд. Ин шаҳр дорои маконҳоест, ки аз сӯи мусалмонҳо, яҳудиҳо ва масеҳиён муқаддас дониста мешавад. Фаластиниҳо пойфишорӣ доранд, ки Байтулмуқаддаси Шарқӣ, бо шумули шаҳри кӯҳна, пойтахти давлати ояндаи онҳо интихоб шавад.
“Ҳамос” аз кишварҳои арабӣ ва мусалмонон хостааст, ки мавқеи Амрико дар минтақаро заиф кунанд ва изҳороти Трампро “таҷовуз алайҳи мардуми Фаластин” номид.
Раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Федерика Могеринӣ рӯзи 7 декабр дар Брюссел дар вокуниш ба изҳороти Доналд Трамп гуфт:
“Эълони президент Доналд Трамп дар бораи Байтулмуқаддас метавонад паёмадҳои ташвишовар ба бор орад. Ин паём мазмуни шикананда дорад ва метавонад моро ба даврони торики дур паспарто кунад. Иттиҳодияи Аврупо як мавқеи рӯшан ва воҳид дорад: мо ба ин боварем, ки танҳо як тасмими воқеӣ барои низои миёни Исроилу Фаластин бояд бар пояи ду давлат қабул шавад ва Байтулмуқаддас пойтахти ҳарду давлати Исроил ва давлати Фаластин аст”.
Антонио Гуттереш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, ҷойгоҳи Байтулмуқаддас бояд аз тариқи гуфтугӯ миёни исроилиҳо ва фаластиниён мушаххас шавад. Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса ин иқдоми Доналд Трампро мояи таассуф хондааст.