Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи Саидвалӣ Ӯзбеков дар Додгоҳи олӣ


Саидвалӣ Узбеков
Саидвалӣ Узбеков

Як иттиҳоми асосӣ алайҳи вакили собиқи парлумон, ба гуфтаи манобеъи Озодӣ, қочоқи сангҳои қиматбаҳост.

Дар Додгоҳи олии Тоҷикистон мурофиаи парвандаи Саидвалӣ Ӯзбеков собиқ вакили Маҷлиси намояндагон ва муовини пешини раиси вилояти Хатлон идома дорад.

Баҳриддин Шарифов, қозии ин парванда рӯзи 2 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, муҳокимаи ин қазия тоза шурӯъ шудааст. Оқои Шарифов аз шарҳи инки оё Саидвалӣ Ӯзбеков ба чӣ муттаҳам мешавад, худдорӣ кард. Аммо ба гуфтаи манобеъи мӯътамад, як иттиҳоми аслӣ алайҳи Ӯзбеков фурӯши ғайриқонунии сангҳои қиматбаҳост.

Саидвалӣ Ӯзбеков, собиқ вакили парлумони Тоҷикистон ва собиқ ноиби раиси вилояти Хатлон, ки аз соли 2001 ба ин сӯ дар ҷустуҷӯи ҷиноӣ қарор дошт, дар поёни соли 2012 аз ҷониби мақомоти интизомӣ дар Душанбе боздошт шуд. Ӯзбеков, ки гуфта мешавад, чанд соли ахир дар Дубай ба сар мебурд, дар остонаи соли нав ба Душанбе баргашт. Наздиконаш мегӯянд, чанд рӯзи аввал ӯ дар манзили духтараш Сойшира қарор дошт ва ҳар рӯз барои бозпурсӣ ба додситонӣ мерафт. Аммо баъди тақрибан 3 рӯзи бозгашташ дастгир шуд ва ҳоло дар боздоштгоҳи тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Ӯзбеков аз миёнаҳои солҳои 1990-ум аз Тоҷикистон фирор карда, бино ба хабарҳои дарёфтӣ, муддате дар Эрон ва солҳои охир гӯё дар Дубай ба сар бурдааст.

Сайидвалӣ Ӯзбекови 52-сола зодаи деҳаи Белайдузи Ҳисор ва аз фарзандони шоир ва ҳунарманди мардумӣ Саид Ӯзбеки Сарихосорӣ мебошад. Ӯзбеков дар замони Шӯравӣ техникуми савдо ва баъдҳо Донишгоҳи тиҷоратро дар шаҳри Душанбе хатм кардааст. Ӯро аз наздикони Нуралӣ Раҳимов, маъруф ба Нуралича, мудири анбори корхонаи шаробсозии Шаҳринав ном мебаранд. Ӯзбеков дар ин корхона то суқути Шӯравӣ мудири анбор буд ва аз афроди сарватмандтарини водии Ҳисор ба ҳисоб мерафт. Ӯ дар оғози солҳои 90 ширкати "Сойшира"-ро таъсис дод, ки дар ноҳияи Ҳисор як корхонаи бузурги шаробсозӣ сохта буд.

Саидвалӣ Ӯзбеков аз соли 1993 то 1998 муовини раиси вилояти Хатлон буд ва соли 1995 аз ҳавзаи интихоботии рақами 38-и Ҳисор намояндаи Маҷлиси Олӣ интихоб шуд. Ба қавли дӯстонаш, ӯ мақолаҳои илмӣ менавишт, муаллифи китоби таронаҳои «Туӣ лаъли Бадахшонам» аст ва ҳатто барои скрипка ва дутор оҳангҳо ҳам навиштааст.

Ин боздошти дувуми Саидвалӣ Узбеков аст. Ӯ ҳамроҳ бо сарони “олами ҷиноӣ”-и он давра, назири Ёқуб Салимов, Рауф Солиев аз "8 март"-и Душанбе ва Исмат Ҳабибуллоев аз Авул дар пайи ошӯбҳои моҳи феврали соли 1990, ки қариб буд, бо истеъфои раҳбари вақти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов, Изаттулло Ҳаёев ва Ғоибназар Паллаев анҷом шавад, низ боздошт шуда буд. Вале он дафъа кораш то ба додгоҳ накашид ва баъди тақрибан ним соли ҳабс раҳо ёфт.
XS
SM
MD
LG