Ҷаҳонгарди чех Петр Мазал саёҳати ҷаҳониаш бо велосипедро аз дидори кӯли Байкал дар минтақаи Сибири шарқии Русия ва тамошои марзи Муғулистон оғоз мекунад ва қасд дорад, бо велосидпеш худро ба кӯҳистони Помири Тоҷикистон низ бирасонад.
Петр Мазал, ки ҳоло дар роҳи сафар қарор дорад ва ҳар рӯз, ба гуфтаи худаш, аз 230 то 300 километрро роҳро пушти сар мегузорад, дар саҳифааш дар Фейсбук таассуроти ҳаррӯзаи худ аз тамошои маконҳои нав дар роҳи саёҳаташро нашр мекунад. Ӯ рӯзи 21 июн бо велосипедаш аз фурудгоҳи “Рузина”-и Прага ба Байкал рафт, то аз онҷо бузургтарин саёҳат дар зиндагиашро шурӯъ кунад.
Охирин пости Петр Мазал дар саҳифааш аз рӯзи 25 июн аст, ки дар он аз расиданаш ба соҳили зебои кӯли Байкал қисса мекунад, ки “мисли саг хаста шудааст ва тамоми аъзои баданаш дард мекунад.” Петр Мазал навиштааст, ки камаш 4 рӯз истироҳат мехоҳад, вагарна дер нахоҳад поид.
Як рӯз пеш Мазал аз саргардониаш дар марзи Русия бо Муғулистон қисса карда буд, ки танҳо барои худи муғулҳо ва шаҳрвандони Русия боз будааст ва барои хориҷиҳои дигар танҳо як гузаргоҳ дар роҳ ба сӯи Улан-Батор, ки барои расидан ба ин гузаргоҳ ӯ бояд 1600 километр роҳро тай кунад.
Дар як пости дигараш аз 23 июн Петр Мазал менависад, “тасаввур мекунам, ки ман дар кӯҳҳои Помир чӣ кор хоҳам кард.” Ӯ мегӯяд, дар кӯҳистони Тоҷикистон мехоҳад рондани велосипед дар баландкӯҳтарин роҳи дунёро таҷриба кунад. Аммо саёҳат ба Тоҷикистон ва кӯҳистони Помир танҳо як нуқта дар саёҳати ба маънои томаш ҷаҳонии Петр Мазал аст.
Ин устоди мактаби миёнаи ҳунарӣ дар шаҳраки Поличка, воқеъ дар 180-километрии ҷанубушарқи Прага, пойтахти Ҷумҳурии Чех, мехоҳад дар маҷмӯъ дар зарфи 300 рӯз 30 000 километр роҳро дар 4 қитъа – Аврупо, Осиё, Африқо ва Амрикои ҷанубӣ – тай кунад. Давраи якуми ин саёҳати бузург сафари қаламрави бузурги Русия то кӯли Байкал, Муғулистон, шимолу шарқи Чин ва Қирғизистону Тоҷикистонро дар бар мегирад.
Аммо Мазал баъди тамошои Тоҷикистон ба Қирғизистон бармегардад, чунки, ба гуфтаи худаш, “мешуд, албатта, ки роҳи сафарро хубтар нақша бикашам, вале гирифтани виза ба кишварҳое, чун Узбакистону Туркманистон ва Афғонистону Покистон дарди сари зиёде дорад.”
Ӯ ҳамчунин аз мушкилоташ дар амри дарёфти визаи Чин шиква кардааст, чунки “дар Чин саёҳати ба танҳоӣ бо велосипедро иҷозат намедиҳанд ва ман маҷбур шудам тавассути дӯстонам барои тамошои вилояти Сиани Чин чанд шарик биҷӯяму пайдо кунам.”
Петр Мазал бо хатми ин бахши сафараш бо ҳавопаймо аз Қирғизистон ба Арманистон парвоз мекунад ва аз онҷо боз савори велосипед аз тариқи Гурҷистону Туркия ба Ҷумҳурии Чех бармегардад. Дар поёни моҳи сентябр ин ҷаҳонгарди чех мехоҳад дар қораи Африқо велосипедронӣ кунад.
Давраи сеюм ва ниҳоии саёҳатӣ дар миёнаи моҳи январи соли оянда шурӯъ мешавад ва саёҳати Амрикои ҷанубиро дар бар мегирад. Ин мавсимест, ки Аврупо ва Чехия ғарқи барф аст, вале дар Амрикои ҷанубӣ – беҳтарин мавсим барои рондани велосипед.
Ин нахустин чунин саёҳати ин омӯзгори мактаб нест. Ду сол пеш ӯ дар зарфи 3 ҳафта саросари қораи Аврупоро бо велосипедаш тай кард ва соли гузашта 3 моҳро пушти фармони велосипед сипарӣ кард. Худи ӯ саёҳат бо велосипедро “ишқи зиндагӣ”-и худ меномад ва эътироф мекунад, ки “ман фақат велосипедро дӯст медорам. Касе агар дар воқеъ надонад, ки барои зиндагӣ чӣ лозим аст, ба хобу ба хӯрдану ба нӯшидан фикр мекунад.”
Петр Мазал мегӯяд, барои ин саёҳати бузурги 30 000-километриаш, ки соле баъд дар Бразилия ва Венесуэла тақрибан 250 000 крони чехӣ, муодили чизе бештар аз 10 000 доллар сарф хоҳад шуд. Ӯ мегӯяд, бахши аъзами ин пул барои харидани парвозҳои лозим бо ҳавопаймо ва хӯрду хӯроки ҳаррӯзааш масраф мешавад. “Харҷи аз ҳама камтарин хароҷоти велосипеди ман аст, ки бароям ҳам воситаи нақлиёт асту шабҳо – болишти зери сар. Ҳадди аксари харҷе ки барои велосипед мекунам, иваз кардани камераву шинаҳояш аст ва шояд – табдили педалҳо.”