Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тағо" -- василаи гурез аз ҷавобгарӣ


Ҳудуди даҳ тан аз нозирони Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон барои роҳ додан ба "тағобозӣ" ё "холабозӣ" ҳангоми санҷиши санадҳои ронандаи гунаҳкор, танбеҳ гирифтаанд.

Ронандаҳое, ки нозирони роҳро зери зарба гузоштанд, ба хотири фирор аз ҷарима ҳангоми қонушиканӣ ба наздикони мансабдори худ тамос гирифтанд ва гӯширо ба нозирони роҳ доданд.

Мирзо Сафаров, муовини раиси Бозрасии Давлатии Автомобилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, тибқи супориши Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аз соли гузашта сӯҳбати нозири БДА бо телефони ронанда, ки бо ин васила мехоҳад аз ҷавобгарии маъмурӣ раҳо шавад, манъ шудааст ва ҳар нозире, ки ин супоришро иҷро намекунад, ҷазо мегирад.

Ба гуфтаи ҷаноби Сафаров, ҳангоми нигоҳ доштани мошине, ки қоидаи роҳро риоя накардааст, ронанда ба нафарони номаълуме занг зада, аз нозири БДА хоҳиш мекунад, то бо ӯ сӯҳбат кунад. Аммо ба гуфтаи Сафаров, ҳоло ҳамаи нозирони БДА аз ин супориш огаҳ ҳастанд ва дар сурати сӯҳбат бо телефони мобилии ронанда, ҷазо хоҳанд гирифт. Ӯ гуфт: “Ин масъала таҳти назорати ҷиддӣ қарор дорад. Супориши вазир ҳаст ва ҳамаи нозирон дар ин бора огоҳ карда шудаанд. Ҳар ронандае, ки қоидаи роҳро вайрон мекунад, дар асоси қонун нисбаташ чора андешида мешавад.”

Талош барои таъсир расонидан ба нозирони БДА аз тариқи додани телефони мобилӣ барои сӯҳбат ба “тағо” солҳо боз дар Тоҷикистон ҷараён дорад. Аслан, дар он сӯи гӯшӣ, афроди мансабдоре қарор доранд, ки масъаларо ё ба хубӣ ё ба зурӣ ҳал мекунанд.

Як нозири роҳ, ки нахост номаш ошкор шавад, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бо он ки медонанд, сӯҳбат бо мансабдори миёнрав хилофи қонун аст, аммо маҷбуранд итоат кунанд, чун аз интиқоми нафарҳои бонуфӯз ҳарос доранд. "Ронандаҳо асосан ба касоне занг мезананд, ки метавонанд ба кори мо таъсир расонанд. Дар баъзе ҳолатҳо вақте телефонро намегирифтем, худашон ба ҳамон маҳал меомаданд ва ҳатто сиёсат ҳам мекарданд, ки чаро телефонро набардоштӣ. Ба хотири дар кор ягон мушкил нашудан маҷбур будем, ки ба он ронанда кордор нашавем. Ҳоло барои набардоштани телефон далел дорем ва ҳар касе чизе гуфт, мегӯем, ки супориши вазир аст."

Ҳасан Носиров, як ронандаи собиқадори тоҷик мегӯяд, ронандаҳои "тағодор", маъмулан пулдор ҳам ҳастанд ва ба хотири напардохтани ҷарима пойи миёнравҳои бунуфузро ба қазия мекашанд ва ба сари нозирони роҳ фишор меоранд: "Агар ин корро накунанд, ба муддати тӯлонӣ мошинашон тафтиш мешавад ва бо як қоидавайронкунии сабук ҷаримаи калон мешаванд. Занг задан ба пайвандонашонро бештар ҳангоми ягон садама истифода мекунанд, то аз ҷавобгарӣ озод шаванд ва ё бо дарназардошти доштани хеши мансабдор ҷазои сабуктар бигиранд."

Кормандони БДА низ ба гуфтаи ин ронанда аз тарси мёнрави воломақом дарҳол гӯширо мебардоранд ва масъала ба хости дили ронандаи қонуншинкан ҳал мекунад. Ин амали нозирони роҳ ва ҳамчунин нодида гирифтани қонуншикании мошинҳои гаронбаҳои ронандаҳои пулдор, ба обрӯи пулиси роҳ латма зада, онро дар назари ҷомеа ҳамчун озордиҳандаи ронандаҳои бе пушту паноҳ ҷилва додааст.

Ёрмуҳаммад Ниёзӣ.
Ёрмуҳаммад Ниёзӣ.

Коршиносон мегӯянд, дар пасманзари муносибати як нозири роҳ ва ронандае, ки оддитарин қонуншиканиро мехоҳад бо “тамоси телефонӣ бо тағо” ҳал кунад, симои як ҷомеа тасвир мешавад. Симои ҷомеае, ки дар он мансабдори ҳомии қонун бо як занги телефонӣ, нозири роҳ -- ҳомии дигари қонунро ба ҷиноят тела медиҳад.

Ёрмуҳаммад Ниёзӣ, ҷомеашиноси тоҷик мегӯяд, “ноадолатие, ки дар иҷтимоъ вуҷуд дорад, бештар бемасъулиятии мақомдорон ба бор омадааст. Ҷомеаи мо, ки бештар ҷомеаи суннатӣ аст, мардум талош мекунанд, ки мушкилоти худро бар асоси қонунҳои нонавишта ва бо истифода аз муносибатҳои хешутаборӣ, ҳал ҳал кунанд. Аз ин рӯ, дар ҷомеаи мо суннатҳои иҷтимоӣ дар бисёр маврид ба қонун ғолиб меоянд."

Ойниҳол Бобоназарова.
Ойниҳол Бобоназарова.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси шинохтаи тоҷик мегӯяд, дар ҷомеаи Тоҷикистон такя бар “тағо” дар ҳалли мушкил ба як система табдил ёфтааст, афроди тавонманд ба таври фаровон аз он истифода мекунанд. “Ин менталилет нест, балки як система ҳаст. Ҳоло аксаран барои ҳал мушкилашон ба мақомот муроҷиат намекунанд, балки ба пайвандони мансбадорашон занг мезананд. Ба додгоҳ муроҷиат намекунанд, зеро ба адолат ба шеваҳои қонун бовар надоранд. Қонун барои камбағал навишта шудааст. Ин як қонуни нонавиштае барои мансабдорон аст. Бо ин тарз анҷом додани корҳо амал накардани қонунро ба намоиш мегузорад”- мегӯяд хонум Бобоназарова.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон талош дорад, ки истифодаи “тағо” дар кори нозирони роҳро барҳам диҳад. Мақомот борҳо ҳолатҳои ҳал кардани кор бо воситаи “тағо” ё пардохти ришваро сабт кардаанд. Ахиран, Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон пурсишеро ба роҳ мондааст, ки дар он шарҳрвандон бояд ниҳодҳои ришвахорро худашон мушаххас кунанд.

XS
SM
MD
LG