Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби 8 ва 10 соли зиндон барои Тошеву Ризоев


Садриддин Тошев
Садриддин Тошев

Айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ хост, ки маҳбусон Садридин Тошев ва Суннатулло Ризоев дар паҳн кардани навори шиканҷаи маҳбусон гунаҳгор дониста шуда, ба мӯҳлати тӯлонӣ паси панҷара нишинанд.

Айбдоркунандаи давлатӣ – Иброҳим Саидов, корманди додситонии Суғд дар мурофиаи рӯзи 9 октябр аз додгоҳ хост, то Садридин Тошев ва Суннатулло Ризоевро барои паҳн кардани навори шиканҷаи маҳбусон ва талош барои номураттаб кардани фаъолияти маҳбас гунаҳкор дониста, онҳоро ба мӯҳлати 8 ва 10 соли зиндон муҷозот кунанд.

Рӯзи чоршанбеи 9–уми октябр музокираи ҷонибҳои айбдокунанда ва дифоъ дар парвандаи Тошев ва Ризоев, шоҳидони шиканҷаву марги Ҳамза Икромзода дар толори боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Тақозои 10 ва 8 соли зиндон барои ду маҳбуси "саркаш"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:33 0:00
Линки мустақим


Барои нахуст бор дар ин мурофиаи додгоҳии пурсару садо ба 3 хабарнигор, аз ҷумла хабарнигори Радиои Озодӣ иҷоза доданд ба толори мурофиа ворид шаванд. Айни замон, ба хабарнигорон иҷозаи сабти садо, видео ва ё аксбардорӣ аз ҷараёни мурофиа дода нашуд. Чунин ҳақро ба вакилони дифои айбдоршавандаҳо ҳам надоданд.

Вақте айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ хост, ки муттаҳамон ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ дар зиндон нигаҳдорӣ шаванд, Садриддин Тошев аслан ҳаракат ё вокунише нишон намедод. Ӯ ноумед ба назар мерасид ва танҳо айнакашро аз
Мурофиа пушти дарҳои бастаи боздоштгоҳи Хуҷанд ҷараён дорад
Мурофиа пушти дарҳои бастаи боздоштгоҳи Хуҷанд ҷараён дорад
даст ба дасташ мечархонд. Ба назар чунин мерасид, ки ӯ аз тамоми ин моҷароҳо хаста шудааст.

Ҷониби айбдоркунанда таъкид мекард, ки Ризоев ва Тошев «тибқи нақшаи пешакӣ» ба хотири «номуназзам сохтани фаълияти зиндони рақами 3-и Хуҷанд» наворҳои сохтаеро бо нишонаҳои лату кӯби як гурӯҳ маҳбусон охири соли гузашта дар расонаҳо паҳн карданд. Ҳамчунин гӯё онҳо ҳамла ба масъулони муассисаи мазкурро тарҳрезӣ кардаанд.

Аммо вакилони дифоъ зимни музокирот ин иттиҳомот алайҳи зерҳимояашон сохтаву беасос ва тафтишоти аввалияро якҷонибаву бидуни исбот номиданд.
Файзинисо Воҳидова, вакили дифои Садриддин Тошев баъд аз анҷоми музокироти ҷонибҳо чунин гуфт:


«Дар тӯли беш аз 3 моҳи мурофиа айбҳои бар зидди Тошев ва Ризоев пешниҳодгардида тасдиқи худро наёфтанд. Зеро онҳо дар ҷойҳои адои ҷазо ҳеҷ гуна имкони паҳн кардани маълумоти бардурӯғро надоштанд. Имрӯз айбдоркунанда даъво дорад, ки гӯё онҳо ба ҳамдигар зарари ҷисмонӣ расонида, баъд навори нишонаҳои онро ба расонаҳо паҳн карданд. Аммо ин воқеият надорад ва ягон далели бебаҳс низ пешниҳод нагардид. Дар ҷараёни мурофиа муайн карда шуд, ки ҳамаи 40 маҳбусе, ки 5-уми ноябри соли 2012 аз маҳбаси рақами 1-и Душанбе ба зиндони рақами 3–и Хуҷанд интиқол ёфтанд, мавриди лату кӯб ва шиканҷа қарор гирифтаанд», гуфт Ф.Воҳидова

Абубакр Қулматов, вакили дифои Суннатулло Ризоев гуфт, «Дар ҷараёни мурофиа маҳбусони шоҳид нишондодҳои пештараи худро дар бораи
вакилони дифои айбдоршавандаҳо
вакилони дифои айбдоршавандаҳо
номураттаб сохтани фаъолияти муассисаи ислоҳотии рақами 3 аз ҷониби шахсони зерҳимояи мо, Ризоев ва Тошев тасдиқ накарданд. Онҳо гуфтанд, ки он нишондодҳо таҳти фишор ва зӯрии муфаттиши тафтиши пешакии парванда гирифта шуда буд».

Бо таъкиди ин ҳама, вакилони дифоъ аз додгоҳ талаб карданд, ки Ризоеву Тошевро аз ин иттиҳомот сафед кунанд.

Вале дар сурати гунаҳкор дониста шуданашон аз ҷониби додгоҳ, ин ду зиндонӣ бо замми ҷазои қаблӣ дар маҷмӯъ 12 соли дигарро бояд дар шароити маҳбас ба сар баранд. Бо ҳамин раиси мурофиа - Улуғбек Мустафоқулов қабл аз шунидани суханҳои вопасини Тошев ва Ризоев дар бозбинии парвандаи онҳо танаффус эълон кард.

Фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, мурофиаи кунунии Тошев ва Ризоев интиқоми мақомот барои фош кардани ҳодисаи марги Ҳамза Икромзода дар моҳи сентябри соли 2012 дар зиндони шаҳри Душанбе аст, ки бар асари шиканҷаи шадид ҷон додааст. Мақомот гуфтанд, Икромзода даст ба худкушӣ зада буд. Вале баъди ин ҳодиса, шоҳидони лату кӯби шадиди Икромзода пеш аз марг дастаҷамъона ба зиндони шаҳри Хуҷанд интиқол ёфтанд ва дар ҳамон ҷо мавриди лату кӯби шадиди зиндонбонҳо қарор гирифтанд. Наворҳои видеоии паҳнкардаи онҳо ба матбуот роҳ ёфт ва Тошеву Ризоев дар паҳн кардани ин наворҳо муттаҳам дониста шуданд.
XS
SM
MD
LG