Бар хилофи хушбиниҳои мақомот, Тоҷикистонро аз нигоҳи озодиҳои сиёсиву шаҳрвандӣ дар як саф бо Туркманистону Куриёи Шимолӣ ва Сомали гузоштаанд.
Созмони Freedom House ё Хонаи Озодӣ, қароргоҳаш дар Амрико, рӯзи 3-юми март гуфт, Тоҷикистон аз миёни 54 кишвари ноозод имсол ба гуруҳи дувоздаҳ "бадтарини бадтаринҳо" шомил шуд. Дар ин рӯйхат Сурияву Арабистони Саудӣ, Чин ва Либия низ ҳастанд.
"Бисёр чизро аз даст доданд"
Гузориши "Озодиҳо дар ҷаҳон – 2021. Демократия дар муҳосира" рӯзи 3-юми март дар сомонаи Freedom House нашр шуд. Масъулонаш гуфтаанд, матлаби пурра дар бораи вазъи Тоҷикистон алоҳида ва ба зудӣ дастрас мегардад. Вале дар гузориши созмон дар соли 2020 гуфта шудааст, режими худкомаи президент Эмомалӣ Раҳмон, ки кишварро аз соли 1992 раҳбарӣ мекунад, озодиҳои сиёсиву шаҳрвандиро батадриҷ маҳдуд кардааст.
"Ҳомиёни демократия дар муқобили душманони худкомаашон хеле ақибнишинӣ карданд ва тавозуни байналмилалӣ ба фоидаи зулму ситам буд"
"Оппозитсия аз маъракаҳои фишору саркӯби чанд соли охир осеб дида, мақомот озодиву фаъолиятҳои мазҳабиро таҳти назорати шадид гирифтаанд. Сарват ва қудрат ҳарчи бештар дар дасти президент ва аъзои оилааш тамаркуз меёбад", -- омадааст дар гузориши Freedom House дар соли 2020.
Freedom House мегӯяд, пандемияи коронавирус, номуайяниҳои иқтисодӣ ва низоъҳо дар саросари ҷаҳон боис ба коҳиши озодиҳо шудаанд. Созмон дар гузориши нави худ мегӯяд, шумори кишварҳое, ки ба гурӯҳи давлатҳои “ноозод” ворид гардиданд, дар 15 соли охир дар баландтарин сатҳ қарор гирифт.
Масалан, Қирғизистону Беларус дар миёни кишварҳое ёд шудаанд, ки дар бахши озодиҳои сиёсиву маданӣ "бисёр чизро аз даст доданд". Мақдунияи Шимолӣ, баръакс, аз кишварҳоест, ки ба баландтарин нишондодҳои озодӣ даст ёфтааст.
Бино ба хулосаи Хонаи Озодӣ, соли 2020 нишондодҳои озодӣ дар 73 кишвари сайёра, аз ҷумла Чину Беларус, Венесуэла, Амрико ва Ҳинд мушоҳида шудааст. "Ҳомиёни демократия дар муқобили душманони худкомаашон хеле ақибнишинӣ карданд ва тавозуни байналмилалӣ ба фоидаи зулму ситам буд", -- таъкид шудааст дар гузориш.
Бар асоси он, раҳбарони кишварҳо барои саркӯби рақибону мухолифон ҳарчи бештар аз нерӯ истифода карда, ба ҳукмҳои сангини зиндон, шиканҷа ва куштор даст мезаданд.
Қирғизистон ва Беларус: Озодие, ки осеб дид
Дар Қирғизистон интихоботи моҳи октябри соли гузашта боис ба эътирозҳо, сарнагунии ҳукумат ва истеъфои президент Сооронбой Ҷэеенбеков шуд. Freedom House мегӯяд, президенти нави Қирғизистон, Содир Ҷабборов, ки аз утоқи зиндон ба курсии президентӣ нишаст, "Конститутсияи нави кишварро таҳия кард, ки низоми сиёсии Қирғизистонро ба режимҳои худкомаи ҳамсояҳояш монанд мекунад".
Беларус бо коҳиши навбатии озодиҳо рӯ ба рӯ шуд. Раҳбари худкома, Александр Лукашенко, ки мардум моҳҳо боз истеъфояшро талаб доранд, ба зидди эътирозгарон аз хушунат кор гирифт. Ба иттилои Созмони Милал, дар эътирозҳои баъд аз интихоботи баҳсбарангез дар Беларус, 30 ҳазор нафар дастгир шуда, "шуморе кушта, дигарон шиканҷа шуданд".
Freedom House мегӯяд, интихоботи пурмушкили дигар дар минтақа ба Русия рабт мегирад. "Референдуми тақаллубшуда" ҳамакнун имкони то соли 2036 дар қудрат мондани президент Владимир Путинро фароҳам мекунад. Гузориш айни замон интихоботи порлумонии соли 2020 дар Гурҷистон, кишвари дигари Шӯравии собиқро "нисбатан озод, вале нокомил" номидааст.
Гузориши "Озодиҳо дар ҷаҳон – 2021” мегӯяд, дар Украина барномаи ислоҳоти президент Владимир Зеленский "дар муқобили пандемияву фасоди сиёсӣ осеб дид ва ба як бӯҳрони конститутсионӣ овард". Дар бораи вазъ дар Арманистон гуфтаанд, нахуствазир Никол Пашинян тавонист, дар анҷоми ислоҳот ба пешрафте даст ёбад, вале мағлубияти ин кишвар дар ҷанги шашҳафтаина бо Озарбойҷон бар сари минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ, "созиш дар ҳукуматро аз байн бурд".
Баъд аз Трамп
Муҳаққиқони Freedom House вазъи гӯшаҳои дигари ҷаҳонро низ арзёбӣ кардаанд. Аз ҷумла, Эрон барои сензураи гузоришҳои мустақил дар бораи пандемияи коронавирус ва айни чунин кор ҳангоми суқут додани ҳавопаймои украинӣ ва марги 176 сарнишинаш дар моҳи январи 2020 танқид шуд.
Чинро барои пахши хабарҳои ғайривоқеӣ дар бораи коронавирус ва ҷорӣ кардани сензура ба хотири пинҳон доштани пайдоиши бемории ҳамагир сарзаниш кардаанд. Инчунин, ин кишвар барои саркӯби эътирозгарони демократӣ дар Ҳонгконг танқид шунид.
Freedom House ба вазъи сиёсии Амрико низ таваҷҷуҳ карда, гуфтааст, президенти пешин, Доналд Трамп, "ошкоро талош кард, мағлубияти худро (дар интихоботи моҳи ноябр) бо роҳҳои ғайриқонунӣ бекор кунад" ва бо ин кораш "издиҳоми мусаллаҳро ба хароб кардани ҷараёни тасдиқи натиҷаҳои интихобот дар Конгресс таҳрик дод".
Ҳомиёни ҳуқуқи амрикоӣ мегӯянд, Трамп дар давоми чаҳор соли раҳбарияш "ҷиноятҳои маъмурии мақомотро бахшида, ба онҳо чашм мепӯшид, аз масъулият барои кӯтаҳиҳои худ фирор ва ифротгароҳои нажодпарастро ташвиқ мекард". Бино ба гузориши "Озодиҳо дар ҷаҳон – 2021. Демократия дар муҳосира", барои ислоҳи осебе, ки дар давраи Трамп ба ҳуқуқ ва озодиҳо дар Амрико расид, "иқдом ва ислоҳоти батадриҷ ва ҷиддӣ" лозим аст.