Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон Покистонро шикаст дод, вале ба марҳилаи баъдӣ роҳ наёфт


Tajikistan, Dushanbe city, Tajikistan national football team
Tajikistan, Dushanbe city, Tajikistan national football team

Тими миллии футболи Тоҷикистон дар даври охирини марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 мунтахаби Покистонро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод, вале натиҷаи ин бозӣ мавқеи ҳарду дастаро дар ҷадвали гурӯҳи “G” тағйир надод.

Бозии даври шашум дар гурӯҳи “G” байни тимҳои миллии Тоҷикистону Покистон шоми сешанбеи 11-уми июн дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳузури 7800 тамошогар доир гардид.

Дар ин дидор футболбозони тоҷик хеле фаъол буданд ва чандин лаҳзаҳои хуби голзаниро ба вуҷуд оварда, се бор муваффақ ҳам шуданд.

Шервонӣ Мабатшоев дар дақиқаи 35-ум тӯби ба ӯ ирсолкардаи Ваҳдат Ҳаноновро аз дохили ҷаримагоҳ ба нишон расонда, ҳисобро кушод.

Ду голи дигар дар нимаи дуюми бозӣ зада шуд. Манучеҳр Сафаров дар дақиқаи 65-ум ҳисобро дучанд кард. Голи сеюм ва хеле зеборо Ваҳдат Ҳанонов дар дақиқаи 70-ум бо зарбаи сахт тақрибан аз мобайни майдон ба самар расонид.

Ёдовар мешавем, бозии аввали ин дастаҳо дар марҳилаи дуюми қаҳрамонии ҷаҳон-2026 рӯзи 21-уми ноябри соли гузашта дар Исломобод бо пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби бузурги 6:1 ба поён расида буд.

Бозии дигари даври шашум дар гурӯҳи “G” миёни тимҳои миллии Арабистони Саудӣ ва Урдун, ки шаби 11-ум ба 12-уми июн дар Варзишгоҳи донишгоҳи шоҳ Сауди шаҳри Риёз доир гардид, бо ҳисоби 2:1 ба суди урдуниҳо хотима ёфт.

Ҳарсе гол дар нимаи аввали бозӣ зада шуд. Ал-Лаҷанӣ, бозигари мизбонон, дар дақиқаи 16-ум ҳисобро боз кард. Голҳои меҳмононро Ал-Олван дар дақиқаи 27-ум ва Нур Ал-Равабдеҳ (45+2) ба самар расониданд.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии даври шашуми мусобиқот дастаҳои мунтахаби Урдун ва Арабистони Саудӣ 13-имтиёзӣ гирифтанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо дар ҷадвали гурӯҳи “G” мунтахаби Урдун дар ҷойи аввал қарор гирифт. Арабистони Саудӣ зинаи дуюмро соҳиб шуд.

Дастаҳои мунтахаби Урдун ва Арабистони Саудӣ ба марҳилаи сеюми қаҳрамонии ҷаҳон-2026 роҳ ёфта, инчунин соҳиби роҳхат ба Ҷоми Осиё-2027 гардиданд.

Мунтахаби Тоҷикистон бошад, зери роҳбарии сармураббӣ Гела Шекиладзе, мутахассиси гурҷӣ, бо касби 8 имтиёз дар гурӯҳи худ ҷойи сеюмро гирифт. Покистон бидуни имтиёз дар зинаи охирин ҷойгир шуд. Ҳарду даста аз ҳаққи ширкат дар даври сеюми қаҳрамонии ҷаҳон-2026 ва роҳхат ба Ҷоми Осиё-2027 маҳрум гаштанд.

Акнун тимҳои миллии Тоҷикистону Покистон дар марҳилаи ниҳоии интихобии Ҷоми Осиё-2027, ки 25-уми марти соли 2025 оғоз меёбад, иштирок хоҳанд кард. Ба финали қаҳрамонии қора-2027 шаш ҷойи дигар ҷудо шудааст.

УЗБЕКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН БА МАРҲИЛАИ СЕЮМИ ҶОМИ ҶАҲОН-2026 РОҲ ЁФТАНД

Марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2026 дар қораи Осиё бо иштироки 36 дастаи мунтахаб дар нӯҳ гурӯҳ баргузор шуд.

Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дуюмро гирифтанд, ба марҳилаи сеюми мусобиқот роҳ ёфтанд ва ҳамзамон соҳиби роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 шуданд.

Ба ин тартиб, аз рӯи натиҷагирии шаш даври мусобиқот аз гурӯҳи “А” Қатар ва Кувайт, аз гурӯҳи “В” Ҷопон ва Кореяи Шимолӣ, аз гурӯҳи “С” Кореяи Ҷанубӣ ва Чин, аз гурӯҳи “D” Умон ва Қирғизистон, аз гурӯҳи “Е” Эрон ва Узбекистон, аз гурӯҳи “F” Ироқ ва Индонезия, аз гурӯҳи “G” Урдун ва Арабистони Саудӣ, аз гурӯҳи “Н” Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Баҳрайн, аз гурӯҳи “I” Австралия ва Фаластин ба марҳилаи сеюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2026 роҳ ёфта, инчунин соҳиби роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 гардиданд.

ФУТБОЛИ КАСБӢ ДАР ТОҶИКИСТОН БА ИСЛОҲОТИ ҶИДДӢ НИЁЗ ДОРАД

Ба назари коршиносон, роҳ ёфтан ба марҳилаи чаҳорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 ва ҷой гирифтан дар миёни ҳашт дастаи пурқуввати қора обрӯи футболи тоҷикро боло бурд. Вале нокомии тими миллии кишвар дар марҳилаи дуюми қаҳрамонии ҷаҳон-2026 боиси нигаронии мутахассисону мухлисон гардид.

Агар ба вазъи имрӯзаи футболи касбӣ дар Тоҷикистон воқеъбинона нигоҳ кунем, он ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад. Маркази миллии футболи Тоҷикистон, ки дар дараи Варзоб бунёд меёбад, заминаи хубест барои омода кардани дастаҳои миллӣ, аммо бояд марказҳои минтақавии футбол низ сохта шаванд, ҳарчанд харҷи зиёдро талаб мекунанд.

Як масъалаи ҷиддии дигар вазъи ғайриқаноатбахши майдонҳои футбол дар бисёре аз шаҳру ноҳияҳои кишвар аст. Дар Тоҷикистон бояд футбол аз ҷиҳати иқтисодӣ самаровар бошад. Аммо ҳоло бошгоҳҳо аз ҳисоби мухлисон, ки ба тамошои бозиҳо меоянд, пули ночизе ба даст меоранд.

Аз ин рӯ, дар Тоҷикистон манбаи даромад худи футболбозон шуда метавонанд, ки аз онҳо бозигарони моҳир на танҳо барои тими миллӣ ба воя расонда мешавад, балки метавон онҳоро ба бошгоҳҳои сарватманди осиёӣ ва ё аврупоӣ фурӯхта, аз ин ҳисоб қисми харҷеро, ки барои бошгоҳҳои футбол масраф мешавад, ҷуброн кард.

Ҳамакнун дар Тоҷикистон таҳияи барномаи нави рушди ин намуди олимпии варзиш барои 10 соли оянда зарур аст. Агар ин корҳо сурат нагирад, дастоварди футболбозони тоҷик фақат аз доираи Ҷоми Осиё берун намеравад. Зеро суръати рушди футбол дар ҷаҳон бисёр тез аст ва футболи Тоҷикистон ҳам бояд аз он ақиб намонад.

Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026. Мусобиқоти интихобӣ

Марҳилаи дуюм. Гурӯҳи G

Даври 6-ум

Тоҷикистон – Покистон – 3:0

Голҳо: Шервонӣ Мабатшоев, 35 (1:0), Манучеҳр Сафаров, 65 (2:0), Ваҳдат Ҳанонов, 70 (3:0).

Беҳтарин бозигари дидор: Манучеҳр Сафаров (Тоҷикистон).

11-уми июн. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 7800 тамошогар.

Арабистони Саудӣ – Урдун - 0:3

Голҳо: Ал-Лаҷанӣ, 16 (1:0), Ал-Олван, 27 (1:1), Нур Ал-Равабдеҳ, 45+2 (1:2).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи G

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Тӯбҳо

И

1

Урдун

6

4

1

1

16-4

13

2.

Арабистони Саудӣ

6

4

1

1

12-3

13

3.

Тоҷикистон

6

2

2

2

11-7

8

4

Покистон

6

0

0

6

1-26

0

Натоиҷи бозиҳои даври шашуми марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2026 дар ҳашт гурӯҳи дигар:

Гурӯҳи “А”:

Кувайт - Афғонистон - 1:0

Қатар - Ҳиндустон - 2:1

Мавқеи дастаҳо: 1. Қатар – 16 имтиёз. 2. Кувайт - 7. 3. Ҳиндустон - 5. 4. Афғонистон - 5.

Гурӯҳи “В”:

Кореяи Шимолӣ - Мянмар - 4:1

Ҷопон – Сурия - 5:0

Мавқеи дастаҳо: 1. Ҷопон – 18 имтиёз. 2. Кореяи Шимолӣ - 9. 3. Сурия - 7. 4. Мянмар – 1.

Гурӯҳи “С”:

Тайланд - Сингапур - 3:1

Кореяи Ҷанубӣ - Чин - 1:0

Мавқеи дастаҳо: 1. Кореяи Ҷанубӣ – 16 имтиёз. 2. Чин - 8. 3. Тайланд - 8. 4. Сингапур – 1.

Гурӯҳи D:

Умон - Қирғизистон - 1:1

Малайзия - Тайбэйи Чин - 3:1

Мавқеи дастаҳо: 1. Умон – 13 имтиёз. 2. Қирғизистон - 11. 3. Малайзия - 10. 4. Тайбейи Чин – 0.

Гурӯҳи “Е”:

Эрон - Узбекистон - 0:0

Туркманистон - Ҳонконг - 0:0

Мавқеи дастаҳо: 1. Эрон – 14 имтиёз. 2. Узбекистон - 14. 3. Туркманистон - 2. 4. Ҳонконг – 2.

Гурӯҳи F:

Ироқ - Ветнам - 3:1

Индонезия - Филиппин - 2:0

Мавқеи дастаҳо: 1. Ироқ – 18 имтиёз. 2. Индонезия - 10. 3. Ветнам - 6. 4. Филиппин – 1.

Гурӯҳи “Н”:

Яман – Непал - 2:2

Имороти Муттаҳидаи Арабӣ – Баҳрайн - 1:1

Мавқеи дастаҳо: 1. Имороти Муттаҳидаи Арабӣ – 16 имтиёз. 2. Баҳрайн - 11. 3. Яман - 5. 4. Непал – 1.

Гурӯҳи “I”:

Лубнон - Бангладеш - 4:0

Австралия - Фаластин - 5:0

Мавқеи дастаҳо: 1. Австралия – 18 имтиёз. 2. Фаластин - 8. 3. Лубнон - 6. 4. Бангладеш – 1.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG