Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар моҳи май аз офатҳои табиӣ 44 млн сомонӣ зарар дидааст


Офатҳои табиии моҳи майи имсол барои Тоҷикистон 44 миллион сомонӣ ё бештар аз 4 миллион доллар зарар расондааст. Хабаргузории давлатии "Ховар" ва хабаргузории русии ТАСС бо такя ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар доданд, ки моҳи май дар кишвар 256 офати табиӣ сабт шуд.

Ба қавли манбаъ, аз 3 то 26-уми майи имсол дар натиҷаи офатҳои табиӣ, аз ҷумла омадани сел, 25 манзил осеб дида, 15 хона пурра вайрон шуд.

Аз офатҳои табиӣ, инчунин, бинои 6 муассисаи таълимии миёна ва томактабӣ, 260 километр роҳҳои мошингард, 27 пул, 15,2 километр хатҳои интиқоли барқ, хатҳои алоқа, 87,7 километр иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ ва 92,6 километр хатҳои обрасон ва каналҳо зарар дидаанд.

Дар офатҳои табиӣ дар моҳи майи имсол чанд нафар ҷони худро аз даст доданд. Кумита шумораи умумии қурбониёни ҳодисаҳоро нагуфтааст. Ин ниҳод танҳо хабар додааст, ки ба 1174 оила кумак расонда, зиёда аз 5,5 ҳазор касро ба ҷойи бехаф кӯчондаанд. Мақомот гуфтанд, дар натиҷаи офатҳои табиӣ 638 сар чорво талаф шудаанд.

Бо вуҷуди фаро расидани фасли тобистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз эҳтимоли борони сахт ва омадани сел дар минтақаи куҳии ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Суғд хабар додааст. Мақомот гуфтаанд, рӯзҳои наздик эҳтимоли баланд шудани сатҳи оби дарёҳои Зарафшон, Обихингоб, Сурхоб, Ёхсу, Қизилсу ва рӯдхонаҳои Варзоб, Лучоб, Элок, Ромит ва Харангон вуҷуд дорад.

XS
SM
MD
LG