Ягона медали тиллоро дар ин мусобиқа аз Тоҷикистон Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни то 60 кило соҳиб шуд. Вай пас аз чаҳор пирӯзӣ ба рақибонаш аз Ҳиндустон, Русия, Португалия ва Ҷопон ба финал баромад. Қувватови 22-сола дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Магжан Шамшоддини 27-солаи қазоқ дастболо шуда, бо медали тилло ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 5 ҳазор евро мукофотонида шуд. Ин аввалин медали Қувватов дар Grand Slam аст.
Обид Ҷебов, ки дар вазни то 66 кило дар даври аввал озод буд, дар даврҳои баъдӣ бо шикаст додани рақибонаш аз Муғулистон, Қазоқистон ва Узбекистон ба финал роҳ ёфт. Ин паҳлавони 26-солаи тоҷик дар даври ниҳоӣ аз гуштигири 20-солаи Туркманистон Сардор Раҳимов мағлуб шуда, бо медали нуқра ва 3 ҳазор евро сарфароз гашт.
Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 73 кило ба рақобат аз даври дуюм шуруъ кард. Вай пас аз се пирӯзӣ ба рақибонаш аз Баҳрайн, Қазоқистон ва Муғулистон ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Ӯ дар нимфинал Муҳаммад Ҷумъаеви узбекистониро шикаст дода, ба финал баромад. Аммо Хоҷазодаи 29-сола дар қувваозмоии ниҳоӣ аз қаҳрамони феълии ҷаҳон Нилс Стампи 27-сола аз Швейтсария шикаст хӯрд ва бо медали нуқра, инчунин ҷоизаи молӣ ба маблағи 3 ҳазор евро мукофотонида шуд.
Медали сеюми нуқраро дар ин мусобиқа ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон Темур Раҳимов овард. Ин паҳлавони 26-солаи тоҷик дар вазни беш аз 100 кило дар даври аввал озод буд. Ӯ дар даври дуюм Давит Кевлишвилии испаниро шикаст дода, сипас бар гуштигири 18-солаи Туркия Иброҳим Татароғлу дастболо шуд. Темур дар даври ниманиҳоӣ ба Магомедумар Магомедумарови 23-сола аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, ки се “шидо” гирифт, ғолиб омада, ба финал баромад.
Рақиби Темур дар даври ниҳоӣ қаҳрамони секаратаи олимпӣ ва бисёркаратаи ҷаҳон Тедди Ринери 35-сола аз Фаронса буд. Дар ин рақобати сангинвазнҳо паҳлавони машҳури фаронсавӣ бо баҳогузории “иппон” дастболо шуда, бо медали тилло ва 5000 евро сарфароз гашт. Паҳлавони тоҷик медали нуқра ва 3000 евро ба даст овард. Бори дуюм аст, ки Темур аз Ринер шикаст мехӯрад. Бори аввал ӯ дар қаҳрамонии ҷаҳон соли 2023 дар Доҳаи Қатар дар даври ниманиҳоӣ қувваозмоиро ба Ринер бохта буд.
Се паҳлавони дигари тоҷик медалҳои биринҷӣ гирифтанд. Муллораҷаб Халифаеви 25-сола дар вазни то 66 кило барои нишони биринҷӣ ба Абдураҳим Нутфуллоеви 22-солаи узбекистонӣ ғолиб омад. Муҳаммадҷон Абдуҷалилзодаи 20-сола дар вазни то 90 кило бо шикаст додани Теодорос Тселидиси 27-солаи юнонӣ ба гирифтани медали биринҷӣ даст ёфт, ки ин аввалин медали ӯ аз Grand Slam аст. Ҷаҳонгир Маҷидови 23-сола бошад, барои медали биринҷӣ Тома Никифорови 31-соларо аз Белгия шикаст дод. Ба Халифаев, Абдуҷалилзода ва Маҷидов барои ҷойҳои сеюм медали биринҷӣ ва 1500-евроӣ тақдим гардид.
Инчунин паҳлавони тоҷик Ҳақдод Гулови 25-сола, ки дар вазни то 60 кило барои медали биринҷӣ аз Изнаур Сааеви 22-солаи русиягӣ ноком шуд, ҷойи панҷумро азони худ кард.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 37 варзишгар (28 мард ва 9 зан) дохил буданд. Дар ин мусобиқа миёни занон варзишгарони тоҷик Райҳона Розиқзода (48 кг), Мадина Қурбонзода, Аҳлия Муъминова, Насиба Карликова (ҳарсе дар вазни -52 кг), Фазилат Гулбоева ва Раҳмия Ханҷарбекова (ҳарду дар вазни -57 кг), Шоҳида Қаландарова, Ҷонона Назарова (ҳарду дар вазни -63 кг) ва Мавлуда Одинаева (-70 кг) дар аввалин рақобати худ шикаст хӯрданд.
Дар рақобатҳо байни мардон Меҳрзод Сӯфиев, Муҳаммад Маҳмадизода (ҳарду дар вазни то 60 кг); Ёсин Бобокалонов, Муқтадири Бобоҷон (ҳарду дар вазни то 66 кг), Абубакр Шеров, Маҳмадшариф Наҷмуддинов, Муҳаммадраҳим Сарахонов (ҳарсе дар вазни -73 кг); Сайфиддин Сайфиддинзода, Суннатулло Лоиқов, Суннатулло Мӯсоев, Раҳматуллобек Фарҳодов (ҳарчор дар вазни -81 кг), Комроншоҳи Устопириён, Шодмон Ризоев, Акмал Муродов (ҳарсе дар вазни -90 кг), Парвиз Абдураҳмонов, Эмомризо Анварзода, Кароматулло Ҳакимов (ҳарсе дар вазни то 100 кг), Раҳмон Мансур, Шарифҷон Назриев, Некрӯзшоҳ Некбахтзода (ҳарсе дар вазни +100 кг) дар даврҳои муқаддамотӣ ноком шуда, аз идомаи мубориза маҳрум гаштанд.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 390 варзишгар (204 мард ва 186 зан) аз 65 кишвари панҷ қораи ҷаҳон иштирок доштанд.
Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медод. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони нишони биринҷӣ бо 1500 евро сарфароз гардиданд.
Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медалу ҷоизаҳои молӣ, инчунин соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонӣ ва олимпӣ шуданд, аз он ҷумла ғолиб соҳиби 1000 имтиёз гардид.
Баъди натиҷагирии се рӯзи мусобиқа Швейтсария бо касби 2 медали тилло ва 2 нишони нуқра дар ҳисоби умумидастаӣ ғолиб шуд. Австрия бо касби 2 медали тилло ва як нуқра ҷойи дуюм ва Италия бо касби 2 медали тилло, як биринҷӣ ва яктоӣ ҷойҳои панҷуму ҳафтум зинаи сеюмро ишғол карданд. Тоҷикистон бо касби як медали тилло, се нуқра, се медали биринҷӣ, инчунин як ҷойи панҷум дар зинаи сеюм қарор гирифт.
Ғолибону ҷоизадорони Dushanbe Grand Slam 2024:
Занон
-48 кг
1. Бавуудорж Баасанхуу (Муғулистон)
2. Тугче Бедер (Туркия)
3. Айна Моисеева (AIN, Русия)
3. Николич Милитса (Сербия)
-52 кг
1. Фабен Кохер (Швейтсария)
2. Бинта Ндиайе (Швейтсария)
3. Глафира Борисова (AIN, Русия)
3. Ҷунг Йерин (Ҷумҳурии Корея)
-57 кг
1. Ҷессика Климкейт (Канада)
2. Сара-Леони Сизик (Фаронса)
3. Вероника Тониоло (Италия)
3. Энхриилен Лхагватогоо (Муғулистон)
-63 кг
1. Лубяна Повесана (Австрия)
2. Дали Лилуашвили (AIN, Русия)
3. Амина Белкадӣ (Алҷазоир)
3. Ива Оберан (Хорватия)
1. Микайла Поллерес (Австрия)
2. Лара Светко (Хорватия)
3. Петерсен Поллард (Британияи Кабир)
3. Сабина Герчак (Венгрия)
-78 кг
1. Анна Мария Вагнер (Олмон)
2. Алина Боем (Олмон)
3. Эмма Рид (Британияи Кабир)
3. Беата Пакут-Клочко (Полша)
+78 кг
1. Асия Тавано (Италия)
2. Кинга Волжак (Полша)
3. Урсзула Ҳофман (Полша)
3. Ҳёонҷи Ли (Кореяи Ҷанубӣ)
Мардон
-60 кг
1. Муҳаммадсолеҳ Қувватов (Тоҷикистон)
2. Мажҳан Шамшоддин (Қазоқистон)
3. Изнаур Сааев ((AIN, Русия)
3. Ҳаято Кондо (Ҷопон)
-66 кг
1. Сардор Раҳимов (Туркманистон)
2. Обид Ҷебов (Тоҷикистон)
3. Иван Черних (AIN, Русия)
3. Муллораҷаб Халифаев (Тоҷикистон)
-73 кг
1. Нилс Стамп (Швейтсария)
2. Беҳрӯзи Хоҷазода (Тоҷикистон)
3. Муҳаммад Ҷумъаев (Узбекистон)
3. Дархан Койбагар (Қазоқистон)
-81 кг
1. Ёшито Ҳоҷо (Ҷопон)
2. Вахид Борчашвили (Австрия)
3. Дмитрий Гочилаидзе (Гурҷистон)
3. Абилайхан Ҷубаназар (Қазоқистон)
-90 кг
1. Мансур Лорсанов (AIN, Русия)
2. Давид Кламмерт (Ҷумҳурии Чех)
3. Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (Гоҷикистон)
3. Ҷиёп Ҳан (Кореяи Ҷанубӣ)
-100 кг
1. Геннаро Пирелли (Италия)
2. Даниэл Эйх (Швейтсария)
3. Ҷаҳонгир Маҷидов (Тоҷикистон)
3. Ҷаъфар Костоев (Имороти Муттаҳидаи Арабӣ)
+100 кг
1. Тедди Ринер (Фаронса)
2. Темур Раҳимов (Тоҷикистон)
3. Денис Башаев (AIN, Русия)
3. Лоссени Коне (Олмон)
Паҳлавонони тоҷик акнун барои ширкат дар мусобиқаи Qazaqstan Barysy Grand Slam 2024, ки рӯзҳои 10-12-уми май дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона – доир мегардад, омодагӣ мебинанд.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқа то ҳоло 7 варзишгари тоҷик (6 мард ва як зан) номнавис шудаанд: Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60 кг), Абубакр Шеров (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг)), Комроншоҳ Устопириён (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг), Темур Раҳимов (+100 кг); Аҳлия Муъминова (-52 кг).
Гуфтугӯ