Сокинони деҳаи Ашти ноҳияи Ашт хостори ба номи Тоҳири Абдуҷаббор гузошта шудани исми яке аз кӯчаҳои ин русто шудаанд. Дар як номаи дастаҷамъӣ сокинон аз раиси ҷамоат ба унвони намояндаи ҳукумати маҳаллӣ хоҳиш кардаанд, ки кӯчаи "Масҷиди сафед"-и деҳа ба номи ин фаъоли сиёсию ҷамъиятии авохири қарни 20-уми Тоҷикистон табдил шавад.
Ҳафтаномаи “Миллат” 5 сол қабл дар соли 2013 пешниҳод карда буд, ки ба Тоҳири Абдуҷаббор ба унвони муаллифи матни нахустини Эъломияи истиқлоли кишвар унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шавад.
Деҳаи Ашт макони таваллуди пешвои ҷумбиши мардумии “Растохез” ва муаллифи матни Эъломияи истиқлоли Тоҷикистон аст. Худи Тоҳири Абдуҷаббор соли 2009 дар синни 64-солагӣ даргузашт ва баъди ин ҳамдеҳаҳои ӯ чанд дафъа ба мақомот муроҷиат карда, хостори ба номаш гузошта шудани яке аз хиёбонҳои деҳа шуданд.
Мақомоти ҷамоати Ашти ин ноҳия мегӯянд, ки тасмим доранд ин мавзӯъро дар сатҳи ҳукумати ноҳия баррасӣ кунанд. Шавкат Ёрматов, раиси ҷамоати деҳоти Ашти ноҳияи Ашт рӯзи 29-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, аз пешниҳоди сокинон огоҳ мебошад ва аз дар назар аст дар ҷаласаи ҳукумати ноҳия рӯзи 30-юми март масъалаи номгузории як кӯча ба номи Тоҳири Абдуҷабборро матраҳ намоянд: "Ҳоло кӯчаҳо пурра номгузорӣ карда шуданд ва бояд бубинем, ки кадом хиёбонро мешавад иваз намуд, баъдан ба депутатҳои маҷлиси ноҳия пешниҳод мекунем".
Шавкат Ёрматов дар иртибот ба ин, ки сокинони деҳаи Ашт дар пешниҳоди худ зикр кардаанд, ки шаҳраки “Дустӣ”и ноҳия ба номи “Тоҳиробод” иваз карда шавад, гуфт, ҳоло ин шаҳрак андаке бузургтар аст, вале номи кӯчаро мешавад ба поси хотири Тоҳири Абдуҷаббор гузошт.
Бахтовар Темурзода, сокини деҳаи Ашт, ки аслан ба таҳқиқоти масоили таърихӣ машғул аст, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, сокинони маҳаллаи "Масҷиди сафед" ба раиси ҷамоати деҳоти Ашт муроҷиат намуданд, ки ҳамин маҳалла ба номи Тоҳири Абдуҷаббор гузошта шавад.
Вай афзуд ҳоло дар ноҳияи Ашт як иқдоме гирифта шудааст, ки ба номи афроди машҳур ва шинохта деҳоту маҳалҳо номгузорӣ мешавад. "Пешниҳоди сокинони деҳаи Ашт барои устод Тоҳири Абдуҷаббор, ки барои ба истиқлолият расидани Тоҷикистон то маргаш талош ба харҷ додааст, саривақтист",-афзуд вай.
Хабарнигори тоҷик Насибҷон Амонӣ, ки мақолаҳои Тоҳири Абдуҷаббор ва хотироту ёрону дӯстон дар бораи ин сиёсатмадорро дар ду китоб гирд овардааст, мегӯяд, ин шахсият барои истиқлолияти Тоҷикистон заҳматҳои зиёд кашидааст ва қадрдонӣ аз ӯ тавассути номгузории як кӯча ё хиёбоне метавонад дар амри зинда нигоҳ доштани хотири ӯ аз ҷониби наслҳои баъдӣ, иқдоми хубе шавад.
Ба қавли Насибҷон Амонӣ, он ҳадафе, ки Тоҳири Абдуҷаббор дунбол дошт, яъне истиқлолияти Тоҷикистон буд ва ҳоло ин мустақилият барпо аст. “Аз номгузорӣ шудани кӯчае ба номи Тоҳири Абдуҷаббор комилан ҳимоят мекунам, ҳарчанд номи Тоҳири Абдуҷаббор фаротар аз як кӯча ё шаҳраку ноҳия аст. Ман умедворам, ки ин иқдом аз тарафи ҳам ҷамоат ва ҳам ҳукумати ноҳия ҷонибдор карда хоҳад шуд."
Ҳафтаномаи “Миллат” 5 сол қабл дар соли 2013 пешниҳод карда буд, ки ба Тоҳири Абдуҷаббор ба унвони муаллифи матни нахустини Эъломияи истиқлоли кишвар унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шавад. Тарафдорон Тоҳири Абдуҷаббор бар инанд, ки нақши ӯ дар таърихи навини Тоҷикистон ба тавре ки мебояд, то ҳол қадршиносӣ нашудааст.