Як ҷавони аз шаҳри Кӯлоб ба ҳукумати ин шаҳр тарҳи бинои “Қасри миллии тоҷикон”-ро пешниҳод кардааст. Ин ҷавон Сиёвуш Саидов, хатмкунандаи мактаби миёнаи рақами 2 -и шаҳри Кӯлоб аст ва мехоҳад дар ин шаҳр ҳам, мисли Душанбе ва Хуҷанд бинои боҳашамати таърихӣ ва фарҳангӣ бунёд шавад. Сиёвуш иддао мекунад, ки тарҳи Қасри ӯ аз дигар бинову меъмориҳои таърихии кишвар фарқ мекунад. Ва фарқи аслии он ҳам ин аст, ки ин бино, ба гуфтаи меъмораш, таърихи тоҷиконро бозгӯ мекунад. Сиёвуш мехоҳад, ин пешниҳоди худро ба президенти Тоҷикистон ҳам бирасонад.
Ин ихтироъкори ҷавон имсол ҳуҷҷатҳои худро ба филиали Донишгоҳи технологии Кӯлоб супурда ва мехоҳад таҳсилашро дар риштаи энержӣ идома диҳад. Сиёвуш дар робита ба тарҳи Қасри миллии тоҷикон” бо барномаи "Ояндасоз" сӯҳбат кард. Ин сӯҳбатро хабарнигори маҳаллӣ Маҳмудҷон Раҳматов омода кардааст.
Озодӣ: Ин лоиҳаи шумо, ки Қасри миллии тоҷикон номаш кардаед, аз қасрҳои дигари мӯҳташам, аз ҷумла аз Қасри Арбоб, Касри Миллат, Қасри Сомон ва дигар қасрҳои Душанбе чӣ бартарӣ ё тафовут дорад?
Сиёвуш: Бартарии Қасри миллии тоҷикон ин аст, ки таърихи миллати тоҷикро бозгӯ мекунад. Дар он тамоми нишонаҳои таърихиро дидан мумкин аст. Ҳама чизи ин қаср як маънӣ дорад. Масалан қаҳрамонҳои мардуми тоҷик аз замони шоҳ Исмоили Сомонӣ то имрӯзро дар ин қаср мо инъикос кардаем. Дар ин бинои мо шаш сутун қомат хоҳанд афрохт, ки нишони 6 қаҳрамони миллати тоҷик аст. 2 гунбазе, ки тасвир шудааст, нишони мустаҳкам будани миллати тоҷик аст ва тоҷи Исмоили Сомонӣ ҳам ҳаст, ки нишони таъриху тамаддуни миллати тоҷик аст ва он аз 8 қисм иборат аст.
Озодӣ: Аз ҷониби ҳукумати шаҳри Кулоб, ин корҳои шумо, яъне лоиҳаҳоятон то куҷо дастгирӣ меёбанд ва оё ягон тарҳи шумо то имрӯз амалӣ шудааст?
Сиёвуш: Соли 2013 ман макети шаҳраки замонавиро таҳия ва ба раиси Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмон Азизович пешниҳод кардам ва онҳо вобаста карданд, ки ин лоиҳаро дар оянда дар шаҳри Кӯлоб созанд ва дар шаҳрсозӣ ба назар гиранд. Аслан ман чанд бор, ки ба шаҳрдории Кӯлоб барои дар амал татбиқ кардани лоиҳаҳои худ муроҷиат кардам, дастгирӣ мекарданд маро, масалан, барои ширкат дар озмунҳо дастгирии молӣ мекарданд.
Озодӣ: Кӯлоб оё ба як Маркази ихтироот ниёз дорад?
Сиёвуш: Ростӣ, ин орзӯи ман аст ҳоло. Аз набуди чунин як марказ танқисӣ мекашем, зеро тамоми имкониятҳову шароите, ки маркази ихтироъкорон дорад, ман онҳоро дошта наметавонам ва ин барои кори ман мушкил эҷод мекунад.
Озодӣ: Ҳоло чӣ интизор доред? Лоиҳаи Қасри миллии тоҷикон оё дастгирӣ хоҳад ёфт ва ин қаср дар Кӯлоб оё қомат хоҳад афрохт?
Сиёвуш: Бояд сохта шавад, ба фикрам ва бояд дастгирӣ ёбад. Чун мо талош кардем, ки дар он тамоми рукнҳои таърихи худро дар он инъикос кунем ва барои Кӯлоб, ки худ як макони қадимаи Тоҷикистон аст, чунин як қасри таърихӣ зарур аст, фикр мекунам. Ин қаср воқеан бинои зебо ва монанд ба як осорхона хоҳад шуд. Аз сӯи дигар, мо дар дигар шаҳрҳои бузурги кишвар чунин қасрҳову биноҳои боҳашамати фарҳангӣ ва таърихӣ дорем, аммо дар Кӯлоб – то ҳол ягон қаср нест.