Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати Зайд Саидовро 16 млн сомонӣ ҷарима бастанд


Душанбе Плаза
Душанбе Плаза

Ширкати сохтмонии «Тоҷсохтмон байналмилал», марбут ба хонаводаи Зайд Саидовро бо ҳукми додгоҳи пойтахт 16 миллион сомонӣ ҷарима бастаанд.

Исҳоқ Табаров, вакили дифои Зайд Саидов ба Радиои Озодӣ гуфт, ки додгоҳи пойтахт бар асоси даъвои Кумитаи андози Тоҷикистон ширкати сохтмонии «Тоҷсохтмон байналмилал»-ро рӯзи 1-уми апрел 16 миллион сомонӣ ҷарима кардааст. Ба гуфтаи Исҳоқ Табаров, Кумитаи андози Тоҷикистон соли гузашта дар пайи тафтиши фаъолияти ширкати «Тоҷсохтмон байналмиллал» ин ширкати сохтмониро ба сарпечӣ аз пардохти андозҳо ба маблағи 16 миллион сомонӣ айбдор карда, ин даъворо ба додгоҳ бурдааст.

Муассиси ширкати "Тоҷсохтмон байналмилал" писари Зайд Саидов - Хайрулло Саидов мебошад. Баландтарин бинои пойтахт -- "Душанбе Плаза"-ро ҳамин ширкат бунёд кардааст. 5 бинои нави мактаби рақами 8-и Душанберо, ки рӯзи 19 март бо иштироки раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфт ва бузургтарин мактаби замонавӣ дар пойтахт ба шумор меравад, охирин иншооти сохтаи "Тоҷсохтмон байналмилал" буд, ки ба гуфтаи масъулонаш, баъди чунин ҷаримаи сангин зоҳиран аз фаъолият хоҳад монд.

Шикояти Зайд Саидов пушти дарҳои баста баррасӣ хоҳад шуд

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 15 апрел ҳамчунон пушти дарҳои баста ба баррасии шикояти кассатсионии Зайд Саидов шурӯъ мекунад.

Шӯҳрат Қудратов, яке аз вакилони Зайд Саидов рӯзи 1 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, баррасии шикояти кассатсионии вакилони Зайд Саидов низ дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ доир хоҳад шуд. Ба гуфтаи ин вакил, онҳо 26 сол ҳукми зиндони Зайд Саидовро беасос шуморида, аз додгоҳ пурра бекор кардани ин ҳукмро талаб мекунанд.
Баррасии шикояти кассатсионии Зайд Саидов ва вакилоин ӯ дар ҳолест, ки додгоҳи иқтисодии Душанбе дар камтар аз як моҳи охир дастикам се иншооти марбут ба ин соҳбкори зиндонӣ ва наздикони ӯро ба фоидаи давлат мусодира кард.

Исҳоқ Табаров, вакили дувуми Зайд Саидов, ки ба ҳимояи ӯву наздикеонаш дар ин даъвоҳи иқтисодӣ машғул аст, ба Озодӣ гуфт, ҳанӯз рӯзи 7 март “Модная точка” , собиқ ошхонаи вазорати саноати Тоҷикистон, ва кор давлатӣ карда шуд. Рӯзи 27 март корхонаи “Тоҷикмармар”, ки ҳанӯз соли 1992 аз сӯи Зайд Саидов хусусӣ гардонда шуда буд, низ мусодира шуда, рӯзи 31 март бинои сеошёнае ,ки дар ҷои собиқ маркази илмии вазорати саноат дар кӯчаи Лоиқ Шералӣ бино шуда буд, давлатӣ карда шуд. Исҳоқ Табаров гуфт, Хайрулло Саидов, писари Зайд Саидов, барои тармими ин бинои охир ва сохтани қабати сеюми он беш аз 600 000 доллар масраф кардааст.

Рӯзи 2 апрел бояд сарнавишти корхонаи дӯзандагии “Гулистон” ва рӯзи 4 апрел, ба гуфтаи Исҳоқ Табаров, сарнавишти корхонаи “Табаррук”, ки дар ҷои корхонаи “Электроника-М” сохта шуда, ба тавлиди нӯшобаву шарбат машғул буд, баррасӣ хоҳад шуд. Исҳоқ Табаров мегӯяд, муҳокимаи ин даъвоҳо ҳамагӣ ним соату як соат давом карда, ба як навъ “тарака”-и молу мулки ин соҳибкор мемонад ва худи Зайд Саидовро бо вуҷуди дархости онҳо ба ҳеҷ яке аз ин мурофиаҳои додгоҳӣ даъват накардаанд. Исҳоқ Табаров мегӯяд, сарнавишти ин биноҳо аз пеш кайҳо ҳал шудааст ва мурофиаҳо танҳо ба хотири расмӣ кардани ин қарорҳост.

Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва вазири собиқи саноати Тоҷикистон рӯзи 19 майи соли гузашта, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои сохтани ҳизби Тоҷикистони нав, дар роҳи бозгашт аз сафари Фаронса дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шуд. Рӯзи 25 март Додгоҳи олии Тоҷикистон дар поёни мурофиае, ки пушти дарҳои баста дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ гузашт, Зайд Саидовро бо ҷароими сангине, чун “таҷовуз ба номус”, “бисёрзанӣ” ва “қаллобӣ”-ву “ришвахорӣ” ба 26 соли зиндон маҳкум кард. Зайд Саидов ва тарафдорони ӯ мӯътақиданд, ки таъбиқи ин соҳибкор ангезаҳои сирф сиёсӣ дошта, ба азми ӯ барои таъсиси ҳизби сиёсӣ рабт мегирад. Аммо мақомоти Додгоҳи олӣ ва Оҷонсии мубориза бо фасод, ки тафтиши парвандаҳои Зайд Саидовро бар ӯҳда дошт, мегӯянд, дар ин парванда ягон ангезаи сиёсӣ нест, балки иттиҳомоти алайҳи ӯ эълоншуда дар ҷараёни мурофиа собит шудааст.
XS
SM
MD
LG