Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ТВ "Варзиш" аз 1 март ба кор медарояд


Аз 1 март Тоҷикистон шабакаи нави телевизиониеро бо номи «Варзиш» ба роҳ меандозад. Ин шабака махсуси пахши сирф барномаҳои варзишӣ хоҳад шуд.

Рӯзи 1 март шабакаи нави телевизионии Тоҷикистон бо номи «Варзиш» ба пахши барномаҳояш шурӯъ мекунад. Пахши озмоишии барномаҳои ин шабака алакай рӯзи 19 феврал дар моҳвораи «Yahsat 1A» шурӯъ шуданд. Аммо масъулони Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон мегӯянд, ҳанӯз ин моҳвора интихоби ниҳоӣ барои пахши барномаҳои ТВ «Варзиш» нест ва қарордоде ҳам то ҳол бо он баста нашудааст.

Як ҳамсӯҳбати Озодӣ аз ин кумита рӯзи 25 феврал гуфт, ҳоло онҳо рӯи ду вариант кор карда истодаанд – яке ин ки бо моҳвораи «Yahsat 1A» кор кунанд, ки аксари шабакаҳои телевизионии форсӣ аз он истифода мебаранд ва ин имкон медиҳад, ки ТВ «Варзиш» дар кишварҳои дигари форсизабон низ тамошобин пайдо кунад. Интихоби дигар, ба гуфтаи ӯ, моҳвораи АВС-2 аст, ки 4 шабакаи телевизионии мавҷудаи Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир аз ҳамин моҳвора истифода мекунанд.

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони Озодӣ, шабакаи «Варзиш» 24 соат дар шабонарӯз пахш шуда, асосан ҷараёни мусобиқоти варзишӣ, бахусус бозиҳои футболро, ки дар Тоҷикистон мухлиси зиёд доранд, ба тамошобинон пешкаш хоҳад кард. Аз ҷумла қарор аст, тавассути ин шабака бозиҳои қаҳрамонии футболи Тоҷикистон ва ҳам бозиҳои беҳтарини қаҳрамониҳои футболи кишварҳое, чун Англия, Испания, Италия, Олмон ва Русия ва ҳамин тавр, бозиҳои қаҳрамонии футболи Аврупо, ки имсол моҳи июн дар Фаронса хоҳад гузашт,намоиш дода шаванд.

Дар ҳоли ҳозир, пахши бозиҳои беҳтарини футболи Аврупо ва ҷаҳон як манбаи асосии ҷалби тамошобинон барои дастикам 3 шабакаи дигари телевизионии Тоҷикистон, ба истиснои шабакаи кӯдаконаи «Баҳористон» боқӣ мемонад.

Аммо ба гуфтаи шореҳоне, ки барои кор дар шабакаи «Варзиш» даъват шудаанд, барномаҳои ин шабака танҳо бо нашри ҷараёни бозиҳои футбол ва дигар мусобиқоти варзишӣ маҳдуд нахоҳад шуд, балки алакай як силсила барномаҳои вижаи бахшида ба масоили варзишӣ низ омода кардаанд, ки баробари оғози кори ТВ «Варзиш» ба эфир хоҳанд рафт.

Яке аз ҳамсӯҳбатони мо гуфт: «Аслан дар ТВ «Варзиш» ба шарҳи бозиҳои чемпионатҳои аврупоӣ бартарӣ медиҳанд ки ҳамааш литсензионӣ аст. Аз ҷумла шарҳи бозиҳои Премер- Лигаи Англия, Ҷоми қаҳрамонҳои Аврупо, Ҷоми Аврупо ва амсоли ин. Шабака бозиҳои футболро низ ба таври литсензионӣ пахш мекунад. Аз барномаҳое, ки алакай маълум шудаанд, якеаш барномаи бомдодист бо номи "чашмаи рӯз", ки фароғатист. Ҳамчунин ҳар субҳ бозиҳои 5 мусобиқаи футболи Аврупо дар як барномаи алоҳида шарҳ дода мешаванд. Як барномаи дигар очеркҳо дар бораи ситораҳои варзиш аст. Аз ҳоло очеркҳо ва ҳам сабти бозиҳои муҳими футболи Аврупо, аз ҷумла ҳамаи бозиҳои давраи ҳаштякниҳоии Ҷоми қаҳрамонҳои Аврупоро захира карда истодаем.»

Моҳи ноябр дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки ба зудӣ ин кишвар ду шабакаи нави телевизиониро бо номҳои «Варзиш» ва «Синамо» фаъол мекунад. Бо фармондҳои раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз 24 ноябр муовини раиси Федеросиюни футболи Тоҷикистон Хуршед Файзуллозода раиси ТВ «Варзиш» ва Набӣ Набизода раҳбари ТВ «Синамо» таъин шуданд.

Ибтидо қарор буд, ки пахши ин барномаҳо аз оғози соли 2016 шурӯъ шавад, вале ба сабабҳои фаннӣ ва идомаи корҳои ташкилӣ оғози пахши барномаҳои ТВ «Варзиш» то 1 март ба таъхир афтод. Аз кай ба пахши барномаҳояш шурӯъ кардани ТВ «Синамо» ҳанӯз маълум нест.

Феълан дар Тоҷикистон 4 шабакаи саросарии телевизионӣ - «Шабакаи аввал», ки шабакаи расмии давлатист, «Сафина», ки бештар махсуси ҷавонон аст, «Баҳористон», ки барои кӯдакону наврасон барнома пахш мекунад, ва шабакаи хабарии «Ҷаҳоннамо» - фаъолият доранд. Барномаҳои ин 4 шабака тавассути моҳвораи АВС-2 рӯи кунҷи 75 дараҷаи шарқӣ, дар мавҷи вертикалии 11 491 пахш мешаванд.

Аммо пахши озмоишии барномаҳои ТВ «Варзиш» аз 19 феврал дар моҳвораи «Yahsat 1A», ки дар кунҷи 52,5 дараҷаи шарқӣ ҷойгир шудааст, рӯи мавҷи горизонталии 11 938 мегагертс идома доранд.

Аксари шабакаҳои пуртамошобин ба забонҳои форсиву дарӣ, аз ҷумла шабакаҳои «Тулӯъ», "Нур" ва "Шабакаи якум"-и Афғонистон ва 12 шабакаи форсиву курдии марбут ба гурӯҳи GEM TV, ҳамин тавр, Iran+, TV Persia ва PMC низ барномаҳои худро аз тариқи ҳамин моҳвора пахш мекунанд ва ба ин далел, тамошобинони зиёде дар Тоҷикистон ҳам лаълиҳои моҳвораии худро ба сӯи «Yahsat 1A» гардондаанд.

Як далели рӯи «Yahsat 1A» ҳисоб кардани масъулони шабакаи навбунёди «Варзиш» низ ҳамин аст, ки аз тариқи ин моҳвора метавонанд шумори бештари тамошобинонро ҷалб кунанд.

XS
SM
MD
LG