Бо пешниҳоди вазорати адлия дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон моддаи махсусе илова шуд, ки «Ғуломфурӯшӣ ва истифодаи меҳнати ғуломона» унвон дорад. Ба ин тартиб, вожаҳои «ғуломӣ»-ву «ғуломфурӯшӣ» пас аз садсолаҳо ин бор қонунгузории тоҷик эҳё шуданд.
Ғуломӣ, ба қавли Абдуманнон Холиқов, муовини аввали вазири адлияи Тоҷикистон, дар замони нав дар шаклу намудҳои нав дар тамоми дунё зоҳир мешавад. Вай афзуд, то ба имрӯз дар ҳудуди Тоҷикистон мавридҳои ғуломфурӯшӣ ва истифодаи меҳнати ғуломона сабт нашудаанд, зеро қонунгузорӣ ҳамчунин ҷиноятро мушаххас накарда буд:
«Аммо аҳамияти проблемаи мазкурро ҷомиаи инсонӣ хеле бармаҳал ба назар гирифта, як қатор санадҳои байнулмилалии ҳуқуқиро қабул кардааст, ки на фақат ғуломиву ғуломфурӯшӣ, балки истифодаи меҳнати ғуломиро манъ мекунанд. Аз ҷумла соли 1926 Конвенсияи СММ оид ба ғуломӣ ва соли 1956 Конвенцияи байнулмилалӣ оид ба ғуломӣ, ғуломфурӯшӣ, истифодаи меҳнати ғуломон ва институту одатҳои ба ғуломӣ шабоҳатдошта қабул шуданд. Ба хотири мутобиқ кардани қонунгузории миллии Тоҷикистон ба меъёрҳои байнулмилалӣ мо тасмим гирифтем ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон моддаи алоҳида 130 - 2 – ро илова кунем,» - гуфт Холиқов.
Пешниҳоди Вазорати адлияи Тоҷикистон дар бораи моддаи нави марбут ба ғуломфурӯшӣ ва истифодаи ғуломонаро, ки рӯзи 25-уми декабр дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон муаррифӣ шуд, аъзои парлумон ба зудӣ қабул накарданд. Қабл аз ҳама Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон ин суолро пеш гузошт, ки то куҷо ворид кардани мафҳуми «ғулому ғуломфурӯшӣ» ба қонунгузории Тоҷикистон мантиқӣ аст, зеро аксар вақт мутобиқ кардани қонунҳо бо меъёрҳои байнулмилалӣ далел оварда мешаванд, аммо худи онҳо амалан асоси воқеӣ надоранд. Вай гуфт: «Вақте шумо истифодаи меҳнати ғуломонаро дар Кодекси ҷиноӣ ҷой мекунед, пас ин бояд амал кунад, истифода шавад. Худи ғуломӣ чӣ аст? Ғуломӣ ҳолат ё вазъи беҳуқуқии шахсе, ки новобаста ба розигии ӯ нисбат ба вай баъзе ё тамоми салоҳияти ӯ ба ҳуқуқи моликият хосбуда татбиқ карда мешавад, аз ҷумла соҳибият, истифода ва ихтиёрдории инсон.»
Дар посух ба раиси Маҷлиси намояндагон Абдуманнон Холиқов гуфт, Тоҷикистон аз соли 2003 ба ин сӯ инсон ва ҳуқуқи озодиҳои ӯро арзиши олӣ эълом доштааст ва ворид кардани банди алоҳида ба Кодекси ҷиноӣ дар робита ба ғуломфурӯшӣ ва истифодаи меҳнати ғуломона як гуна ҷилавгирӣ аз ин ҷиноятҳо аст.
Дар ҳоле, ки мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар ин кишвар ҳанӯз мавориди ғуломфурӯшиву истифодаи меҳнати ғуломона ошкор нашудаанд, тибқи иттилои СММ, солона то 27 миллион нафар ҳамчун ғулом истифода мешаванд ва аз ин шумора 600 ҳазор нафар шаҳрвандони ИДМ ҳастанд. Бино ба иттилои Бюрои тафтишоти федералии ИМА, ғуломфурӯшон солона аз ғуломфурӯшӣ ва истифодаи меҳнати ғуломона 9,5 миллиард доллар фоида мегиранд.
Дар ҳамин ҳол, иддае аз коршиносон мегӯянд, ошкор кардани мавориди ғуломфурӯшӣ ва истифодаи меҳнати ғуломона дар Тоҷикистон ба он вобастааст, ки мақомот ин истилоҳро чӣ гуна тафсир мекунанд.
Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшинос ва яке аз фаъолони ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мегӯяд, ворид кардани ин мафҳумҳо ба қонунгузорӣ бештар ҷанбаи ҷилавгирӣ аз ҷиноятро дорад, на ҳимоят аз ҳуқуқ ва ё боло бурдани арзиши инсонро: «Агар дар хотир дошта бошед, масъалаи пахтачинии кӯдакон аз сӯи давлатҳои демократӣ баррасӣ шуд. Давлатҳои демократӣ Тоҷикистон танқид карданд, ки онҳо ҳамчун ғулом истифода бурда шудаанд. Ин падидаҳо дар ҷомиа фаровонанд. Аз ин хотир, ба гумон аст, ки ин модда зиёд ба кор ояд. Масалан, сарватмандеро, ки як нафарро бепул кор фармудааст, намешавад ба ҷавобгарӣ кашид, чун пул ва пуштибон дорад.»
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар гузашта ғуломфурӯшӣ ва истифодаи меҳнати ғуломона бештар дар доираи қочоқи инсон баррасӣ мешуд ва қочоқи инсонро рабт мегирифт бо роҳандозии фоҳишахонаҳо, даллагӣ, истисмори шаҳвонӣ, маҷбур кардани ноболиғон ба робитаи ҷинсӣ ва дигар ҷурмҳо.
Бо пешниҳоди вазорати адлия дар ҷаласаи парлумони Тоҷикистон ду моддаи дигари марбут ба истифодаи иҷбории кӯдакон дар ҷиноятҳо ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ворид шуданд. Моддаи 241, эзоҳи 1 истифодаи кӯдаконро дар акс ва моддаи 241, эзоҳи 2 дар наворҳои парнографӣ манъ мекунад. Муҷозот барои ин ҷиноят ҳам аз 2 ба 10 сол афзуда, онҳоро ба сафи ҷиноятҳои вазнин дохил карданд.
Бино ба иттилоъи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, тайи нимсолаи аввали соли 2013 наздик ба 50 мавриди истифодаи ноболиғон дар ҷиноятҳои ҷинсӣ ошкор шудаанд.