Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тими миллии футзали Тоҷикистон дар нимфинали Ҷоми Осиё бо Тайланд бозӣ мекунад


Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2024 бо тими мизбон - Тайланд - бозӣ мекунад. Ин бозӣ рӯзи ҷумъаи 26-уми апрел дар шаҳри Бангкок, дар варзишгоҳи Hua Mark Indoor доир мегардад.

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2024 дар Тайланд тими миллии Афғонистонро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, ба нимфинал баромад, инчунин соҳиби роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон гардид. Зимнан, дастаи мунтахаби Тоҷикистон бори аввал ба даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфт.

Замони асосии бозии даври чорякниҳоӣ муқобили мунтахаби Афғонистон бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расид. Дар дақиқаи 19-ум бозигари тими Афғонистон Ризо Ҳусейнпур тӯбро ба дарвозаи дастааш зад. Дар нимаи дуюми дидор, дар дақиқаи 23-юм, Фарзод Маҳмудӣ, бозигари мунтахаби Афғонистон, ҳисобро баробар кард.

Ғолиб дар 10 дақиқаи замони изофа (ду қисми 5-дақиқаӣ) муайян шуд. Голи дуюм ва ҳалкунандаи дастаи Тоҷикистонро Файзалӣ Сардоров дар дақиқаи 47-ум аз пеналти ба самар расонд.

Ҳамин тариқ, бозии чорякфиналӣ бо ҳисоби 2:1 ба суди шогирдони сармураббии тими миллии Тоҷикистон Пайрав Воҳидов ба анҷом расид ва онҳо аввалин бор ба даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфта, соҳиби роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон шуданд.

Пайрав Воҳидов пеш аз бозии даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2024 муқобили тими миллии Афғонистон гуфта буд, ки ҳадафи аслии даста дар Ҷоми Осиё-2024 то ҳадди имкон пеш рафтан ва соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳонӣ шудан аст. Ӯ ва шогирдонаш ба мақсади худ расиданд.

Рақиби навбатии футзалбозони тоҷик – тими миллии Тайланд бошад, дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2024 мунтахаби Ироқро бо ҳисоби 3:2 шикаст дода, ба нимфинал баромад, инчунин бори ҳафтум соҳиби роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон гардид.

Бояд гуфт, ки тайландиҳо дар ҳамаи марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё иштирок кардаанд. Натиҷаи беҳтарини онҳо роҳ ёфтан ба финали қаҳрамонии Осиё дар соли 2008 мебошад, ки дар Тайланд баргузор шуда буд. Аммо тайландиҳо дар бозии ниҳоӣ аз тими Эрон бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрданд.

Дар ду бозии дигари даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2024 дар Бангкок рӯзи чоршанбе тими миллии Эрон мунтахаби Қирғизистонро бо ҳисоби 6:1 ва дастаи Узбекистон тими Ветнамро бо ҳисоби 5:1 шикаст доданд.

Ҳамакнун дар даври ниманиҳоӣ 26-уми апрел Узбекистон бо Эрон рақобат мекунад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи Bangkok Arena соати 19:00 бо вақти Душанбе шуруъ мешавад.

Бояд тазаккур дод, 16 дастаи мунтахаби иштироккунандаи марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 ба чаҳор гурӯҳ тақсим шуда буд. Аз гурӯҳи “А” Тайланд ва Ветнам, аз гурӯҳи “В” Узбекистон ва Ироқ, аз гурӯҳи “С” Тоҷикистон ва Қирғизистон, аз гурӯҳи “D” Эрон ва Афғонистон ба плей-офф роҳ ёфтанд.

Бар асоси натиҷаҳои Ҷоми Осиё-2024 панҷ дастаи беҳтарин, ба истиснои тими мизбон - Узбекистон, ба Ҷоми ҷаҳон-2024, ки аз 14-уми сентябр то 6-уми октябр дар шаҳрҳои Тошканд, Андиҷон ва Бухоро доир мегардад, роҳхат мегиранд.

Дарвоқеъ, мунтахаби Тоҷикистон бори дувоздаҳум дар таърихи худ дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё ширкат мекунад ва бори аввал аст, ки ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтааст.

Ҳайати тими миллии футзали Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2024 дар Тайланд:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («Истиқлол»), Муродулло Алиқулов («Амонатбонк»);

Бозигарони майдонӣ: Файзалӣ Сардоров, Дилшод Саломов, Идрис Ёров, Бахтиёр Солиев, Самандар Ризомов (ҳама аз «Соро компания»), Муҳаммадҷон Шарипов, Некрӯз Алимаҳмадов, Комрон Алиев, Насратшо Исмоилов, Абдуқаюм Умаров (ҳама аз «Истиқлол»), Умед Қузиев («Амонатбонк»), Баҳодур Хоҷаев («Истаравшан»).

Сармураббӣ – Пайрав Воҳидов.

Ҷоми Осиё-2024

Нимфинал

26-уми апрел (ҷумъа)

Тайланд - Тоҷикистон – соати 16:00 (бо вақти Душанбе).

Бангкок, варзишгоҳи Hua Mark Indoor

Узбекистон – Эрон – соати 19:00 (бо вақти Душанбе).

Бангкок, варзишгоҳи Bangkok Arena

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG