Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Журналистони русро дар Маскав ба хок супурданд. ВИДЕО


Рӯзи 7 август дар шаҳри Маскав маросими дафни се рӯзноманигори рус - Орҳан Ҷамол, Александр Расторгуев ва Кирилл Радченко баргузор шуд, ки дар як ҳамла дар Африқои Марказӣ кушта шуданд.

Марсоими видоъ бо Орҳан Ҷамол дар масҷиди ҷомеаи пойтахти Русия доир шуд ва дар он наздикону ҳамкорони ин журналисти саршинос иштирок карданд. Яке аз онҳо журналист ва фаъоли ҷамъиятӣ Максим Шевченко буд, ки гуфт, Орҳан Ҷамол аз журналистони ҳақиқатҷӯ буд:

"Ҳамаи зиндагии ӯ як қаҳрамонӣ аст: ҳамеша дар роҳи адолат мубориза бурда, дар гузоришҳояш зидди зулму ситам, дурӯғ ва беадолатӣ менавишт. Ӯ ҳамеша ба кӯмаки онҳое мешитофт, ки заъиф буданд, доим аз онҳое ҷонибдорӣ мекард, ки бо хатар ва фишор рӯбарӯ буданд”.

Маросими видоъ бо хабарнигорони кушташудаи рус дар Маскав
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:30 0:00

Орҳан Ҷамол дар бахши мусулмонии оромгоҳи Хованское ба хок супурда шуд. Бо Радченко дар сардхонаи рақами яки Тсаритсино ва бо Расторгуев дар толори маросимҳои оромгоҳи Троекурово видоъ намуданд.

Рӯзноманигорони русро рӯзи 31 июл дар наздикиҳои шаҳри Сибюи Африқои Марказӣ ба ҳалокат расиданд.

Тибқи фарзияи асосии тафтишот, онҳоро ба хотири ғорат куштаанд. Рӯзноманигорон бо худ чанд ҳазор доллар ва таҷҳизоти гаронбаҳои наворабардорӣ доштанд.

Вале фарзияи дигар ин аст, ки ҳамла ба фаъолияти касбии рӯзноманигорон марбут мебошад. Тахмин меравад, ки Ҷамол, Радченко ва Расторгуев барои наворбардории филм дар бораи дастнишондаҳои руси ЧВК «Вагнер», як гурӯҳи низомии наздик ба Кремлин ба Африқо рафта буданд. Маскав инро рад мекуанд. Ба гуфтаи дипломатҳо, дар Африқои Марказӣ бо дархости мақомот расман 170 мураббии рус ва танҳо 5 низомӣ қарор доранд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG