Фозилҷон Фатҳуллоев, ки ҳоло ба соҳибкорӣ ва нависандагӣ машғул аст, дар номае ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз вай барои идомаи таҳияи рейтинг ё назарсанҷии мақомоти муваффақ ва баръакс дархости кумак кардааст. Вай мегӯяд, ин рейтинг ба масъулиятшиносии мақомоти тоҷик ва рушди равшанфикрии шаҳрвандони Тоҷикистон мусоидат мекунад.
То ҳол Фозилҷон Фатҳуллоев ду рейтинги "қаҳрамонҳо" ва "анти қаҳрамонҳо" дар миёни мақомоти тоҷикро таҳия кардааст, аммо ҳамакнун ба арзёбии кадрҳои ҳирфаӣ аз ҷумлаи собиқ мақомдорони тоҷик ниёз дорад. Зеро, бархе аз коршиносони Фозилҷон Фатҳуллоев ба далели "дигар шудани вазъи зиндагӣ дар Тоҷикистон" ба муҳоҷират ба кишварҳои хориҷӣ водор шудаанд. Сӯҳбати ихтисосӣ бо Фозилҷон Фатҳуллоев чунин ҷараён гирифт:
Радиои Озодӣ: Фозилҷон, таҳияи чунин рейтинг ё назарсанҷӣ ба чӣ ҳадафе сурат гирифтааст?
Фозилҷон Фатҳуллоев: Ин рейтинги таҷрибавӣ аст ва нахуст каме ба эҳсосот дода шуда будам. Онро бар пояи назарсанҷиҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳия кардам. Аммо дар пайи нашри он дар шабакаҳои иҷтимоӣ бархе аз шаҳрвандон ба ман мустақим муроҷиат карда, хоҳиш карданд, ки таҳияи ин рейтингро идома диҳам, зеро он ба масъулиятшиносии бархе аз мақомоти давлатӣ мусоидат мекунад. Ба ин сабаб бо истифода аз назароти мақомдорони собиқи давлатӣ рейтинги дувумро таҳия кардам. Таҷрибаи таҳияи рейтинги аввал собит кард, ки бо истифода аз назарсанҷиҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ё бо истифода аз системаҳои риёзӣ таҳияи рейтингҳо дар Тоҷикистон чандон воқеъбинона нестанд. Зеро, зимни пурсишҳои иҷтимоӣ маҳалгароӣ метавонад натиҷаи рейтингро ғайривоқеӣ нишон бидиҳад. Системаҳои риёзӣ бошанд, собит карданд, ки бархе аз омор бо асли ҳол мувофиқат намекунанд. Ба ин хотир, рейтинги аввалиро ман ба хотири эҷоди равшанфикрӣ таҳия карда, чунин алоқамандии сокинон ба таҳияи чунин рейтингро интизор набудам. Ҳатто нимаи шаб бархе аз муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз хориҷи Тоҷикистон бо ман дар тамос шуда, хоҳиш мекарданд, ки таҳияи ин рейтингро идома диҳам. Яъне, сабаби асосии таҳияи ин рейтинг талаботи мардум ба ин гуна назарсанҷӣ буд.
Навори суҳбатро дар инҷо бинед:
Радиои Озодӣ: Пас, ҳадафи асосии таҳияи ин рейтинг чӣ аст?
Фозилҷон Фатҳуллоев: Ҳадафи асосӣ ин эҷоди равшанфикрӣ дар миёни мардум мебошад. Ҳадафи дувум, баланд бардоштани масъулиятшиносии мақомоти давлатӣ дар Тоҷикистон аст. Ягон ҳадафи сиёсӣ ё гирифтани мансаберо ман дунбол намекунам. Зеро, бархе аз шаҳрвандони мо ҳатто намедонанд, ки барои ҳалли ин ё он масъала ба кадом мақомот бояд муроҷиат кунанд. Аз ҳамин сабаб арзу шикоятҳо афзоиш ёфта, дар миёни ҷомеа фитнаангезӣ зиёд мешавад. Аз тарафи дигар, бархе аз мақомот ончунон нотарс шудаанд, ки ҳатто бо мардум муносибати дағалонаро раво мебинанд, нисбати кормандонашон бадрафторӣ мекунанд. Паҳлуи дигари таҳияи ин рейтинг аз он иборат аст, ки мақомдорон ҳавасманд шаванд, ки ба феҳристи мансабдорони қаҳрамон ворид шаванд. Ман аслан намехостам, касеро қасдан ба гурӯҳи "антиқаҳрамон" ворид созам, аммо ин як наҳваи ҳавасмандкунии мақомот барои баланд бардоштани масъулиятшиносии эшон мебошад.
Радиои Озодӣ: Ин рейтинг бар пояи кадоме аз нишондодҳо таҳия мешавад? Ришвахорӣ ё аъмоли дигари зишт?
Фозилҷон Фатҳуллоев: Қабл аз таҳияи ин рейтинг мо таҷрибаи кишварҳои дигар, аз ҷумла наҳваи рейтингсозии Фил Хайманро дар заминаи судмандии фаъолияти хизматчиёни давлатиро омӯхтем. Аммо, ин ҳамаи намудҳои таҳияи рейтингҳо ба шароити Тоҷикистон мувофиқат накарданд. Ба ин далел, рейтинги ман бар асоси назару баҳсҳои гурӯҳи ҳакамон таҳия шудааст. Ба ин гурӯҳ 20 нафар собиқ хизматчиёни давлатӣ ҷалб шуданд. Пешниҳоди ман ин аст, ки мақомоти баландпояи Тоҷикистон мусоидат кунанд, ки ба ин гурӯҳ намояндаҳои мақомоти феълӣ ҷалб шаванд ва баҳсҳо ба унвони мисол, дар толори яке аз донишгоҳҳо бо ҷалби мардуми оддӣ сурат бигиранд. Мо дастовардҳои ҳар як мақомдорро таҳлил ва баҳогузорӣ мекунем. Рейтинги дувум "антиқаҳрамонҳо" унвон карда шудааст. Яъне, ҳакамон осеби расида ба ҷамъият аз фаъолияти ин мақомдорҳоро арзёбӣ мекунанд. Ба ҳар як "антиқаҳрамон" тибқи аъмолаш "ҷоиза" дода мешавад. Агар ба усулҳои "В минус" ё "А плюс" фаъолияти мақомдоронро баҳогузорӣ кунем, онҳо фасодкорӣ дар кори мансабдоронро аслан ба инобат намегиранд. Аммо дар шароити Тоҷикистон моро зарур аст, ки сатҳи фасодкории мақомотро низ ба инобат бигирем. Ба ин далел, интихоби шакли таҳияи рейтингҳо ҳанӯз дар ҳоли баррасӣ қарор дорад. Ҳарчанд, шарикони ман мутахассисони хуб ҳастанд, аммо камбуди мутахассисони ҳирфаӣ дар ин кор эҳсос мешавад. Ман ин мушкилро пинҳон намедорам. Минбаъд, замоне, ки иттилооти оморӣ ба танзим дароварда шавад, мо ба таҳияи рейтингҳо бар пояи системаҳои риёзӣ хоҳем гузашт. Аммо, феълан рейтингҳо танҳо бар пояи назароти ҳакамон таҳия карда мешаванд.
Радиои Озодӣ: Ҳакамон аз ҷумлаи чӣ касоне интихоб мешаванд?
Фозилҷон Фатҳуллоев: Ҳакамон нафароне мешаванд, ки дар низоми давлатдорӣ кор кардаанд ва аз салоҳиятҳои ҳар як мақоми давлатӣ огаҳӣ доранд. Ин ҳакамон ҳамзамон то чӣ андоза масъулиятшинос будани ҳар як мақоми ворид ин рейтингро ба хубӣ эҳсос мекунанд. Муҳим, ҳакамон набояд доғи судӣ дошта бошанду собиқаи зиёди фаъолият дар сохторҳои давлатиро дошта бошанд. Хуб мешуд, агар мақомоти собиқадор аз ҷумлаи нафақахӯрон вориди гурӯҳи ҳакамон шаванд. Ман ваъда додам, ки рейтинг махфӣ мешавад, зеро бархе аз собиқадорон хафв эҳсос карда, бархеи дигар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд. То замони ҳимояти ин рейтинг аз сӯи мақомоти баландпоя ҳоло ин савол матраҳ аст, ки таҳияи ин рейтинг ба сурати доимӣ сурат мегирад ё не. Ҳанӯз ин рейтинги озмоишӣ ҳам бошад, ман аллакай бо бархе аз мушкилиҳо рӯбарӯ шудам.
Радиои Озодӣ: Ин чӣ мушкилиҳо буданд?
Фозилҷон Фатҳуллоев: Аз сӯи бархе аз мақомоте, ки ба гурӯҳи "антиқаҳрамон" ворид шудаанд, нисбати ман фишорҳое сурат гирифтанд. Аз ман шумораи телефонамро гирифта, сипас маро ба фаъолиятҳои зиддидавлатӣ айбдор мекарданд. Ҳарчанд дар таҳияи ин рейтинг чӣ фаъолияти зидди давлатӣ мешавад, ман то ҳол намедонам.
Радиои Озодӣ: Шумо ба ин дидор савори дучарха омадед, чаро?
Фозилҷон Фатҳуллоев: Қаблан низ дучархасавориро ба хотири саломатиам дӯст медоштам. Аммо баъд аз таҳияи рейтинги аввал дар нақлиёти ҷамъиятӣ мардум маро мешинохтагӣ шуданд ва дар дохили нақлиёт ба ман арзу шикояти худро матраҳ мекарданд, ки боиси нороҳатии мусофирон мешуд. Ба ин далел, корти нақлиёти мусофирбари ҷамъиятиро партофтам ва ҳоло танҳо бо дучарха дар дохили шаҳр ҳаракат мекунам. Аз сӯи дигар, дучархасаворӣ ин варзиш ҳам мебошад, ки барои саломатии инсон судовар мебошад.
Радиои Озодӣ: Моҳияти номае, ки ахиран унвонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон ирсол доштает, аз чӣ иборат аст?
Фозилҷон Фатҳуллоев: Ҳадафи асосии ин нома дархости кӯмак барои таҳияи ин рейтинг мебошад. Гурӯҳи ҳакамони рейтинг тадриҷан барҳам хӯрд. Бархеҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанду бархеи дигар то 20-уми июн тариқи "грин карт" ба Амрико кӯч мебанданд. Ин ҳама қобили қабул аст, зеро зиндагӣ дар Тоҷикистон рӯз ба рӯз дигар мешавад. Ба ин хотир аз раиси ҷумҳур хостам, ки ба манзури баланд бардоштани масъулияти мақомдорон ва афзоиши равшанфикрии мардум ин рейтингро пуштибонӣ кунанд. Асосан бо кадрҳои ҳирфаӣ, онҳое, ки дар гузашта дар сохторҳои давлатӣ фаъолият кардаанд. Мо Хадамоти хизмати давлатӣ дорем, аммо ин ниҳод бо таҳияи чунин рейтинг машғул намешавад. Мо ба мутахассисони ҳирфаие ниёз дорем, ки дар нисбати мо бо салоҳияти кормандони давлатӣ бештар ошноӣ доранд. Мехоҳам бо мусоидати президенти Тоҷикистон ин рейтинг як навъ фишори воқеии мардум барои масъулиятшинос кардани мақомот гардад. Бигзор кормандони давлатӣ на аз ин рейтинг, балкӣ аз фикри мардум ҳарос дошта бошанд. Бигзор ин рейтинг ба шунидани дарди мардум мусоидат кунад. Зеро, дар акси ҳол мардум қабл аз ҳама раиси кишварро дар ҳама камбудиҳо гунаҳгор месозад. Вуҷуди кормандони бевиҷдону беномус дар мақомотро раиси ҷумҳур худ 10-уми май дар як ҳамоиш таъкид карда буд. Дар зиндагии худ низ бо чунин кормандони беномус борҳо вохӯрдаам. Ҳатто як нафар аз раёсати ҷумҳурӣ ба ман харидории мансаберо пешниҳод карда буд. Ман ин пешниҳодро қабул накардам. Мехоҳам тавассути ин рейтингҳо гунаҳгори асосӣ дар камбудиҳои кишвар ошкор карда шавад. Агар раиси ҷумҳур ин пешниҳодро пуштибонӣ кунад, омодаам ошкоро ва шаффоф тамоми маълумоти ин рейтингро дар ихтиёри мақомот гузорам. Омода ҳастам дар толори бузурге дар ҳузури ҳазор нафар ё беш аз он бемасъулиятӣ ва масъулиятнокии ин ё он мақомдорро собит созам. Ҳарчанд бо дарназардошти мухолифати бархе аз мақомот ба ин рейтинг умеди зиёде барои пуштибонии ин иқдом аз сӯи раиси ҷумҳурро надорам.
Радиои Озодӣ: Агар раиси ҷумҳур ин пешниҳоди шуморо напазируфт, пас, чӣ кор мекунед?
Фозилҷон Фатҳуллоев: Мутассифона, дигар ба танҳоӣ ман тавони таҳияи чунин рейтингро надорам. Ахиран як ширкате дар Истаравшан маро роҳбари худ интихоб карданд ва ман ба хотири таъмини зиндагии оилаам водор мешавам дар ин шаҳр машғули соҳибкорӣ шавам.
Радиои Озодӣ: Ихтисоси шумо иқтисоди ҷаҳонӣ аст, намехоҳед дар риштаи илм талоше анҷом бидиҳед?
Фозилҷон Фатҳуллоев: Муддате дар Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолият кардам. Он замон Олим Бобоев роҳбари ин пажӯҳишгоҳ буданд. Аммо шакли фаъолияти ин муассиса хушам наомад, зеро бештар зери таъсири ақидаҳои коммунистӣ фаъолият мекарданд.
Маълумотнома:
Фозилҷон Фатҳуллоев 11 июли соли 1987 дар Душанбе таваллуд шудааст. Соли 2005 Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар риштаи иқтисоди байналмилалро бо дипломи аъло хатм кардааст. Соҳибкор аст.