Рӯзи 28 апрел дар ҷараёни иҷлоси солонаи NWFA 2016 Wood Flooring Expo дар Спрингфилди Амрико барандагони ҷоизаҳои “The 2016 Wood Floor of the Year”(“Беҳтарин фаршҳои чӯбии соли 2016”)-ро эълон карданд. Дар байни 8 барандаи ин ҷоизаҳо якеаш насиби фарши чӯбии Қасри Миллат – қароргоҳи президенти Тоҷикистон шудааст.
Ин фарш сохтаи ширкати “Yantarnaya Pryad-Parquet”, марказаш дар шаҳраки Химки, дар канори Маскав, пойтахти Русия аст. Ин ширкат имсол дар маҷмӯъ ду ҷоизаи “The 2016 Wood Floor of the Year”-ро ба даст овард.
Светлана Нахимова, намояндаи ширкати “Yantarnaya Pryad-Parquet” рӯзи 2 май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ширкати онҳо дар Тоҷикистон муштарии зиёд дорад ва алакай дар чанд тарҳ дар он кишвар ширкат кардаву чанд тарҳи дигареро рӯи даст дорад.
Устоҳои “Yantarnaya Pryad-Parquet”, ки ба сохтани фаршҳои паркет аз чӯб ва бо ороиши бадеӣ ихтисосдорад, дар Тоҷикистон аз ҷумла дар сохтани фаршҳои чӯбии Қасри Миллат ва “Кохи Наврӯз” дар Душанбе ва “Чойхонаи Хуррамшаҳр” дар Данғара саҳм гирифтаанд.
Фарши Қасри Миллат дар ин озмун барои беҳтарин коркарди лазерӣ сазовори ҷоиза шудааст. Дар муаррифии он гуфта мешавад, ки “ин фарш дар масоҳати 28 900 фути мураббаъ доман густурда, модели вижаест, ки нақшу нигораш аз масҷидҳои мухталифи минтақа илҳом гирифтааст.” Гуфта мешавад, ки ин фаршро 13 усто бо истифода аз 17 дастгоҳ сохтаанд ва “толори он барои баргузории ҷаласаҳо истифода шуда, нақшу нигораш чунон сохта шудааст, ки кас ангушти ҳайрат мегазад.”
Светлана Нахимова гуфт, нархи як метри мураббаъи паркети ширкати “Yantarnaya Pryad-Parquet” аз 2000 рубл, ё тақрибан 30 доллар шурӯъ шуда, нархи фаршҳое, ки ороиши бадеӣ дода мешавад, аз 9 то 16 000 рубл, мутаносибан аз 125 то 230 доллар сар шуда, то ба 700 доллар барои ҳар метри мураббаъ мерасад.
Ҷоизаи дувуме, ки ин ширкати русӣ аз Спрингфилд бо худ овард, барои беҳтарин толор буда, фарши қасри зимистонаи Осорхонаи Эрмитажи Петербург аст. Ин фарш дар замонаш дар асри 18 барои маликаи вақти Русия Екатеринаи дувум сохта шуда, устоҳои “Yantarnaya Pryad-Parquet” ахиран онро навсозӣ кардаанд.
Дар намоишгоҳи NWFA 2016 Wood Flooring Expo ҳамчунин “Czar Floors” (“Фарши шоҳона”) дар дараи Ҳантингдон, “Artistic Floors” дар шаҳраки Паркери аёлати Колорадои Амрико дар ҷумлаи беҳтарин фаршҳои чӯбии дунё ном бурда шуданд.
Аммо шоҳҷоизаи ин озмунро инак барои бори дувум фарши як манзили хусусӣ дар Осиёи Миёна ба даст овардааст. Дар ин фарше, ки аз чӯби чормағз сохтаанд, нақши як тимсоҳ ба дарозии 17 фут ва дар шакли 3D кашида шуда, дар маҷмӯъ барои сохтанаш 20 000 блок сарф шудааст. Чашму чанголҳои тимсоҳро аз чӯби сиёҳ сохтаанд ва баробари дидани фарш таассуроте дар зеҳни бинанда ҳосил мешавад, ки тимсоҳ зинда аст ва ҳамин ҳоло ҳаракат мекунад.
Дар моҳи августи соли 2015 пойгоҳи интернетии Theestle низ Қасри Миллат – қароргоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистонро дар даҳгонаи зеботарин қасрҳои президентии дунё баъд аз Кохи Сафеди Амрико дар зинаи дувум гузошта буд.
Тибқи ин раддабандӣ, дар ҷои сеюм – Оқ-Ӯрда – қасри президенти Қазоқистон ҷойгир шуда, мақомҳои баъдиро кохҳои шоҳиву раёсатҷумҳурӣ дар Абу-Дабӣ, Прага, Ишқобод, Кремли Маскав, қасри “Иттиҳод”-и Камерун ва кохҳои президентии Тайван ва Ғана соҳиб шудаанд.
Сохтмони Қасри Миллат дар маркази Душанбе, дар қаламрави собиқи пойгоҳи 201-уми артиши Русия соли 2002 оғоз ёфта, ин маҷмаа дар соли 2008 ҳангоми мизбонии нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Шанхай мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Қасри Миллат бахше аз маҷтамаи бузурги меъморист, ки ҳамчунин Боғи Парчам, Боғи Рӯдакӣ, Китобхонаи Миллӣ, Осорхонаи Миллӣ ва чанд бинои дигарро дар бар гирифта, симои маркази пойтахти Тоҷикистонро назар ба солҳои 90 ҷиддан тағйир дод.