Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти нахустин тарҷумони “Қуръон” ба забони тоҷикӣ


Акс аз хабаргузории "Тоҷнюз".
Акс аз хабаргузории "Тоҷнюз".

Донишмандони тоҷик даргузашти Муҳаммадҷон Умаров, нахустин тарҷумони “Қуръон” ба забони тоҷикиро талафоти сангин барои илми арабшиносии Тоҷикистон меноманд.

Муҳаммадҷон Умаров, корманди собиқадори Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хаттии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, нафаре, ки нахустин тарҷумаи мустақими “Қуръон” аз арабӣ ба тоҷикиро анҷом додааст, субҳи 30 июн бар асари дарди гурда дар манзилаш дар маҳаллаи 120-юми Душанбе аз олам чашм пӯшид. Намози ҷанозаи ин донишманд асри 30 июн дар масҷиди Сариосиёи пойтахт баргузор мешавад.

Қосимшоҳ Искандаров, олими афғоншиноси тоҷик, ки собиқаи тӯлонии ҳамкорӣ бо Муҳаммадҷон Умаровро дар Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ дошт, рӯзи 30 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, Муҳаммадҷон Умаров тақрибан 4 моҳи охир ба иллати дарди гурдаҳояш бистарӣ шуда буд: “Хеле як марди донишманд ва дар забони арабӣ хеле тавоно ва дар айни замон хеле фурӯтан буданд. Ман аз замоне, ки ба аспирантураи Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ омадам, то имрӯз боре нашунидам, ки устод Умаров батарафи касе садояшро баланд карда бошад, ё ба касе ҳарфе сахт зада бошад. Мӯреро дар тамоми умраш озор надодааст Устод. Хеле орому хоксор ва ба маънои томаш як зиёӣ буд.”

Қоимшоҳ Искандаров даргузашти Муҳаммадҷон Умаровро талафоти сангин барои илми арабшиносии Тоҷикистон номид. Ғаффор Мирзоев, устоди забони арабӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз дунё рафтани нахустин тарҷумони “Қуръон” ба забони тоҷикиро “зоеаи ҷуброннопазир” хонд ва гуфт, пур кардани ҷойгоҳи шахсиятҳое мисли Муҳаммадҷон Умаров дар илми тоҷик осон нахоҳад буд: “Эшон аз олимони шинохтаи мо дар риштаи таҳқиқ ва омӯзиши улуми шарқшиносӣ, бахусус ҷаҳони Араб ба шумор мерафт. Вале бузургтарин ёдгори зиндагии ӯ, албатта, 3 шоҳкор аст – нахустин тарҷумаи мустақими китоби барои мусалмонон муқаддаси “Қуръон” аз арабӣ ба тоҷикӣ, тарҷумаи “Саҳеҳи Бухорӣ” ва чопи аллакай 4 ҷилди он ва ҳам “Таърихи Табарӣ дар 8 ҷилд, ки дуи охирро устод Умаров дар ҳамкорӣ бо Файзуллоҳ Баротзода, раҳбари кунунии Маркази исломшиносии Тоҷикистон анҷом додаанд.”

Муҳаммадҷон Умаров аз тоҷикони Бухорост, вале тамоми умраш дар Душанбе гузаштааст. Ӯ 15 январи соли 1950 ба дунё омада, соли 1967 мактаби миёнаи рақами 53 ва соли 1972 шӯъбаи забони арабии риштаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Баъди

Акс аз хабаргузории "Тоҷнюз".
Акс аз хабаргузории "Тоҷнюз".

хатми донишгоҳ ду навбат (солҳои 1973-1975 ва 1982-1985) дар кишварҳои арабӣ, як муддат дар Саридораи Энсиклопедияи Шӯравии тоҷик ва аз соли 1978 то поёни умр, дар тӯли 37 сол дар Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон кор кардааст.

Хабаргузории Тоҷнюс дар бахши “Инҳоро бояд шинохт!”-и сомонааш бархе аз намунаҳои фаъолиятҳои илмиву тарҷумонии Муҳаммадҷон Умаровро барчидааст:

Таҳияи матни тарҷумаи форсии китоби муқаддаси “Қуръон”, мутааллиқ ба Шоҳ Валиюллоҳи Деҳлавӣ-“Фатҳу-р-раҳмон фӣ тарҷумати-л-Қуръон” (дар маҷаллаи “Илм ва ҳаёт” солҳои 1992-2005 чоп шуд)

Тарҷумаи “Ҳафтяки Қуръони маҷид” (ҳамроҳ бо овардани матни арабӣ, ба хати кириллӣ, дар ҳамкорӣ бо Н.Назаров. нашри аввал, Душанбе 1999 ва нашри дуввум, Душанбе 2003)

Овонигории матни арабӣ, тарҷума ва тафсири “Ҳафтяки шариф” аз “Тафсири Ҳусайнӣ”, дар ҳамкорӣ бо Н.Назаров. Душанбе 2006
Тарҷумаи Қуръони карим ба забони адабии тоҷикӣ (Душанбе 2007 ва нашри нав 2011)

Тарҷумаи матни комили “Саҳеҳ”-и Имом ал-Бухорӣ (дар шаш ҷилд, дар ҳамкорӣ бо Ф.Бобоев. чор ҷилди он то имрӯз чоп шудааст. Душанбе 2004, 2005, 2008 ва 2011)

Таҳияи матни “Таърихи Табарӣ-тарҷумаи Абӯалии Балъамӣ” (аз рӯи нусхаи қаламии қарни XIII милодӣ, дар ҳамкорӣ бо Ф.Бобоев, ки соли 2001 бо ҳуруфи кириллӣ нашр гардидааст)

Таҳрири ҳашт ҷилди китоби «Таъриху-л-мулуки ва-р-русул»-и Имом Табарӣ (машҳур ба «Таърихи Табарӣ» дар ҳамкорӣ бо Ф.Бобоев), Душанбе, 2015.

Муҳаммадҷон Умаров ҳамчунин чандин филмҳои бадеиро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст, ки яке аз онҳо тарҷумаи сериали телевизионии “Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нӯъмон” (сохти Миср) аз арабӣ ба тоҷикист.

Муҳаммадҷон Умаров дар як сӯҳбаташ бо ҳафтаномаи «Нигоҳ» гуфта буд, ки шиори ӯ дар зиндагӣ ин байт буд:

Ба дасти касон кони гавҳар макан,

Агар зиндаӣ, дасту пойе бизан.

Ҳамкорону шогирдонаш мегӯянд, Муҳаммадҷон Умаров дар ҳақиқат то поёни умр ҳама дасту пой бизад ва бо дасти худ кони гавҳар канд.

XS
SM
MD
LG