Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешсафони матбуоти тоҷик эълон шуданд


Рузи душанбеи 2 декабр дар як ҳамоиш нашрия ва хабарнигори сол ва ҳамчунин маҳбубтарин ҳафтанома ва радиои Тоҷикистон эълон шуд.

Дар пайи назарсанҷии Маркази таҳқиқотии "Зеркало”, ки ахиран аз тариқи телефон миёни миёни 30 коршиносон ва 579 хонанда ва шунавандаи тоҷик анҷом шуда, маълум гардидааст, ки нашрияи «Азия-плюс» ва хабарнигори ин нашрия - Олга Тутабалина дар соли 2013 беҳтарин будаанд. Хабарнигори "Азия-Плюс" Олга Тутубалина, ки соли равон дар як блог рӯшанфикрони тоҷикро барои беҷуръатӣ ва тамаллуқкорӣ танқид карда буд, аз тарафи баъзе намояндагони ителлигентсия ба додгоҳ кашида шуд.

Ҳамзамон, хабаргузории «Озодагон» дар соле, ки мегузарад, ҳамчун бозёфти фазои иттилотии кишвар, ном бурда шуд. Бар асоси ин пурсиш радиои «Ватан» ва ҳафтаномаи «Оила» маҳбубтарини расонаҳо сол дониста шуданд.

Қаҳрамон Бақозода, раҳбари маркази таҳқиқотии "Зеркало” дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, «мо пайваста кӯшиш мекунем, ки фаъолияти васоити ахбори умумро дар Тоҷикистон дар назар дошта бошем. Ҳадафи мо ин аст, ки расонаҳо бо хонанадаву шунавандаи худ дар иртибот бошанд ва мо ба ҳайси таъминкунандаи ин робита баромад мекунем. Дар ин пурсише, ки мо анҷом додем, 30 коршинос ва 579 нафар аз сокинони кишвар ширкат доштанд. Дар
миёни онҳо 300 нафар шунавандагони радио ва 300 нафар хонандагони нашриёт буданд».

Ба гуфтаи Қаҳрамон Бақозода, бо анҷоми чунин пурсишҳо онҳо мехоҳанд барои ҳавасмандии хабарнигорони расонаҳои мустақил мусоидат кунанд.

Дар ҳамин ҳол, Раҷаби Мирзо, раҳбари маркази таҳлилву таҳқиқотии «Бозтоб» ва яке аз гузоришгарони ҳамоиши "ВАО-и Тоҷикистон: Дастовардҳо ва дурнамо", сомонаи Радиои Озодиро сарчашмаи аслии хабарӣ дар Тоҷикистон унвон кард.

Ҷаноби Мирзо гуфт, ки имсол низ барои беш аз 60 дарсади матбуоти Тоҷикистон сомонаи Радиои Озодӣ, чун манбаи хабарӣ хидмат кардааст.

Раҷаби Мирзо аз ҷумла афзуд, «бояд гуфт, то ҳанӯз, мутаассифона, манабаъҳои хабар дар Тоҷикистон маҳдуд боқӣ мондаанд ва тавре дар натиҷаи мониторинг ё таҳлил дида мешавад, боз ҳам матбуотаи чопии кишвар ба сифтаи манбаи аслии хабар аз сомонаи Радиои Озодӣ истифода мебаранд ва он чун муайянкунандаи мӯҳтавои нашрияҳо мондааст. Ва ҳамчунин тайи ним соли ахир хабаргузории Озодагон низ ба майдон нисбатан фаъолтар ворид шуд. Аз Би-би-сӣ, ки паҳлӯҳои иттилоотии худро аз даст додааст, камтар истифода мешавад».

Ҳамчунин, Раҷаби Мирзо зимни таҳлили дастовардҳои матбуоти даврӣ дар соли
2013 афзуд, ки бо вуҷуди нигарониҳо дар ростои интихоботи президентӣ, ягон нашрия баста нашуд ва ҳеҷ чопхонае аз нашри ин ва ё он ҳафтанома худдорӣ накардааст.

Ин ҳам дар ҳоле, ки, ба таъкиди ин таҳлилгар, соли 2010-ум ба ҳангоми интихоботи парлумонӣ чанд нашрия ба наҳвае ҳушдор гирифта буданд ва барои муддате дар чопи онҳо мушкил пайдо шуда буд.

Аммо Акбаралӣ Сатторов, раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон бар ин назар аст, ки имсол ҷасорати матбуотӣ бештар ба назар расидааст, вале масъулияту касбият баръакас, пойин рафтааст.

Ҷаноби Сатторов мегӯяд, «агар аз лиҳози ҷасорат бигирем, дар нисбати кишварҳои минтақа мо хеле пешрафта ҳастем, инро метавон ба ҳангоми варақ задани матбуоти даврӣ ва ҳам расонаҳои хабарӣ мушоҳида кард. Дар ин росто журналистикаи тоҷик гомҳои қавитар гузоштааст, аммо бидуни касбият ва масъулият пеш рафтан дар ин самт номумкин аст ва мо наметавонем барои рӯзноманигорони ҷавоне, ки тоза рӯи ин майдон меоянд, намуна бошем», гуфт ӯ.

Бо ин ҳама раиси Иттиффоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон дар мавриди ба мушкилоти сангини молиявӣ мувоҷеҳ будани васоити ахбори омма дар кишвар изҳори нигаронӣ кард. Ӯ, бо ишора ба бархӯрди номуносиби ҳукумат ба расонаҳои хусусӣ ва ҳам молиёти миёншикан нисбати рӯзноманигорон гуфт, дар сурати идомаи ин вазъ дар ду соли наздик эҳтимоли аз байн рафтани матбуоти даврии мустақил вуҷуд хоҳад дошт.

Зимнан, бино ба омори расмӣ, дар Тоҷикистон 446 нашрияву маҷалла, аз ҷумла 270 нашрияи хусусӣ, 10 хабаргузорӣ ва 44 шабакаи радиоиву телевизионӣ, ки 28 шабакааш хусусист, сабти ном шудаанд. Аммо аксари нашрияҳои чопӣ ба сурати ҳафтаӣ ва он ҳам бо теъдоди ҳамагӣ чанд ҳазор нусха нашр мешаванд. Аз ин миён ҳам фақат як теъдоди ангуштшуморе масоили сиёсиву иҷтимоиро пайгирӣ мекунанд ва бақия асосан “оилавӣ”-ву тафреҳианд.
XS
SM
MD
LG