Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши маргталабона дар Волгоград


Бар асари як ҳамлаи маргталабона дар шаҳри Волгоград дар ҷануби Русия дастикам 6 нафар куштаву дастикам 33 тани дигар захмӣ шудаанд.

Мақомоти Русия мегӯянд, теъдоди қурбониён бар асари ҳамлаи маргталабона дар Волгоград метавонад боз ҳам биафзояд, чунки вазъи баъз е аз захмиён вахим гуфта мешавад. Ба гуфтаи мақомот, як зани маргталаб мавоҷи мунфаҷираро дар дохили автобуси мусофиркаш таркондааст. Автобус дар роҳи ҳаракаташ дар ноҳияи Красноармейск, дар наздикии маркази Волгоград таркидааст.

Сухангӯи Кумитаи тафтишоти Русия Владимир Маркин гуфт, ҳамлагар ҳамсари фармондеҳи як гурӯҳи ҷангиёни исломӣ аз Доғистон будааст. Расонаҳои русӣ аз ин зан Наида Асиялова ном бурда, мегӯянд, ки ӯ сокини шаҳри Буйноқи ҷумҳурии Доғистон аст.

Ҷумҳурии Доғистон яке аз ошӯбзадатарин ҷумҳуриҳои мухтори Русия дар минтақаи Қафқози шимолӣ буда, дар солҳои охир ба мавҷи хушунат ва ҳамлаҳои мусаллаҳонаи ҷангиёни исломӣ рӯбарӯ мебошад.

Мақомоти Русия ҳамлаи Волгоградро амали террористӣ унвон карда, дар қиболаш парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Мақомот мегӯянд, ҳангоми таркиш дар дохили автобус тақрибан 40 нафар сафар доштаанд.

ТАФСИЛОТ НАШР МЕШАВАД
XS
SM
MD
LG