Даҳ сол пеш хонаводаи Зайнабхон Саипова мотамзада шуд. Писари 26-солаи журналист ӯро дар шаҳри Ӯш ҳадаф қарор доданд. Ӯ аз захми тири туфанг даргузашт. Алишер Саипови узбактабор барои Радиои Озодӣ ва Садои Амрико кор мекард.
Рӯзномаи худашро ҳам дошт, ки дар Қирғизистону Узбакистон паахш мешуд. Зайнабхон Саипова хонаи писарашро ба як осорхона табдил додааст. Мегӯяд: «Ҳамин либосҳои зеборо рӯзи маргаш пушида буд. Ҳамаҷо пури хун буд. Либосашро барои ташхис буриданд».
Алишер Саипов аксаран дар бораи гурӯҳҳои исломӣ, мухолифон дар минтақа ва дар бораи қатли тазоҳургарон дар Андиҷон дар соли 2005 менавишт. Ӯ дафтари хурди кориро иҷора гирифта буд. Вақте тири ҳамлагар ӯро аз по афтонд, Алишер дар масофаи 200 метр дуртар аз макони кораш буд. Ба гуфтаи ҳамкораш, пеш аз марг ноором ба назар мерасид.
«Мегуфт, ки касе аз паяш аст. Гуфт, шояд кишварро тарк кунам. Рузномаро ба ту месупорам, бояд чопаш идома ёбад». Вале баъди марг, рӯзномаро бастанд. Қотилашро ҳам наёфтаанд.
Як мардеро бо гуноҳи қатли ӯ ба зиндон маҳкум карданд, вале хешовандонаш гуфтанд, ки қотил ӯ нест ва ҳукм беэътибор шуд. Парвандаи соли 2012 бозшуда ҳамоно посухи асосии ин саволро, ки қотили Алишер кӣ буд, наёфтааст.
Духтари Алишер 2 моҳ дошт, ки бепадар шуд. Ҳоло 10-сола аст. Дар бораи падараш аз нақлҳои аъзои хонаводааш мешунавад.
"Модарам ва бибиям гуфтанд, ки падарам журналист буд ва одамони баде ӯро куштанд. Ман ҳам мехостам журналист шавам. Вале модару бибиам гуфтанд, ки журналист нашав. Ҳоло мехоҳам ҷарроҳ шавам" мегӯяд ӯ.
Гузориши Бахши қирғизии Радиои Озодиро тамошо кунед: