Телефони мобил, ки аз беҳтарин ихтирооти асри гузашта унвон мешавад, ҳамчунин метавонад ҳамчун василаи назорат ба зиндагии хусусии шаҳрвандон истифода шавад. Гурӯҳи хабарнигорони аврупоӣ бо нашри як филм ҳушдор додаанд, ки дар низомҳои диктотурӣ бархе ширкатҳои арзакунандаи хадамоти телефони ҳамроҳ барои ҷосусӣ аз болои фаъолони оппозитсиюн, журналистон, мудофеони ҳуқуқи башар ва ҳам соҳибкорон ба хадамоти махсус ва сохторҳои амниятӣ мусоидат мекунанд.
Филми мустанади “Қуттии сиёҳ”, ки бори аввал моҳи апрел дар як шабакаи милии телевизионии Шветсия (Sveriges Television) ба намоиш даромад, собит кардааст, ки ширкати телекоммуникатсионии Teliasonera ба ҳукуматҳои ҷумҳуриҳои шӯравии пешин дар ҷосусӣ аз болои шаҳрвандон тавассути ироаи фанновариҳои нав мусоидат мекардааст.
Хабарнигорони пажӯҳишгар собит кардаанд, ки ин ширкати шведӣ, ки дар шаш кишвар - ҷумҳуриҳои Белорус, Ӯзбакистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Гурҷистон ва Қазоқистон фаъолият мекунад, дар назорат бар зиндагии хусусӣ ва фаъолиятҳои ҷамъиятии журналистон, раҳбарони иттиҳодияҳои синфӣ ва сиёсатмадорон мусоидат кардааст. Яке аз манбаъҳои ин ширкат дар ҷараёни ҷамъоварии маълумот гуфтааст, ки “баҳори Араб режимҳоро водор кард, ки назоратро бар ин гурӯҳҳо қавитар ва гуфтугӯҳои телефонии онҳоро пайваста гӯш кунанд”.
Йоаҳим Дифвермарк ҳамроҳ бо Свен Бергман ва Фредрик Лаурин продюсери филми “Қуттии сиёҳ” аст. Ӯ дар сӯҳбат бо Озодӣ аз Шветсия гуфт, фикри наворбардории ин филм дар ҳоле ба зеҳнаш омад, ки баъди суқути ҳукумати Ҳусни Муборак дар Миср маълум шуд, ки ширкатҳои зиёди ғарбӣ бо ин режим ҳамкорӣ мекардаанд.
- Мо ба чунин фикре омадем, ки метавонем ба кори ширкатҳои шведӣ дар манотиқи дигари дунё назар кунем. Назари мо ба ширкати тавлидкунандаи телефонҳои ҳамроҳ Ericsson ва Teliasonera афтод. Вақте мо ба таҳқиқ шурӯъ кардем, маълум шуд, ки Teliasonera дар кишварҳои зиёде кор мекардааст, ки он ҷо мушкили марбут ба риояи ҳуқуқи башар, озодии баён ва демократия хеле ҷиддӣ аст. Мо қарор кардем, ки нақши ширкати шведиро ба ин масоил бисанҷем.
Барои анҷоми ин филм хабарнигорон ним солро дар таҳқиқоти ҷумҳуриҳои шӯравии пешин, дар манотиқе ба роҳ монданд, ки намояндагии ширкати Teliasonera дар он ҷо фаъолият мекунанд. Дифвермарк мегӯяд, ки барои ҷамъоварии маълумот дар ин кишварҳо аз манобеи иттилоотӣ дар дохили ширкат, журналистон ва ҳам созмонҳои ҷамъиятӣ истифода кардаанд.
Моҷароҳо дар атрофи ин филм ва ҳам мақолаҳои нашршуда дар матуботи
Шветсия раҳбарони ширкати Teliasoneraро маҷбур кард, ки дар робита ба ин иттиҳомот посухи хаттӣ бидиҳанд. Сесиллиа Эдстром, муовини президенти ширкати Teliasonera дар изҳороти матбуотии худ иттиҳомоти ворида болои ин ширкатро тасдиқ ё рад накард, вале гуфт: “Ширкатҳои тиҷоратӣ ба ҳуқуқи инсон арҷ мегузоранд, вале ҳимояи ҳуқуқи башар масъулияти ҳатмии ҳукуматҳо мебошад”.
Хабарнигори шведӣ дар бораи натиҷаи кори гурӯҳи эҷодӣ дар Тоҷикистон, ки вориди филми мустанади “Қуттии сиёҳ” нашудааст, гуфт, дар ин кишвар ҳам собит шуд, ки назорати махфӣ аз болои мухолифону соҳибкорони бонуфуз ва ҳам журналистон вуҷуд доштааст. Йоаҳим Дифвермарк мегӯяд:
- Кор дар Тоҷикистон душвор буд. Кишвар дар масофаи дур аз Шветсия ҷойгир аст. Ҳамкории миёни хабарнигорон дар сатҳи байналмилалӣ чандон хуб нест. Дар ин кишвар дар сатҳи муайян манобеи иттилоотӣ ҳифз мешавад. Вале мо тавонистем, ки равобити миёни хадамоти махсус ва Teliasonera-ро тавассути роҳҳои мухталиф таъйид кунем.
Роҳи аввал тавассути манобеи дохилии худи ин ширкат буд, ки гуфтанд, ба хадамоти махсуси Тоҷикистон бо дастгоҳҳои назорати муштариёнаш мусоидат кардаанд. Манбаи дигари мо созмонҳои ғайридавлатӣ буданд. Дар кишварҳое, ки мо таҳқиқашон кардем, масъала ин аст, ки хадамоти махфӣ қудрати инро доранд, ки намояндагони ҳизбҳои сиёсии мухталифро назорат кунанд. Тафовут дар ҳамин аст, ки онҳо аз пушти мухолифону журналистон ва фаъолони ҷамъиятӣ, ки даст ба ҷиноят назадаанд, назорат мекунанд.
Ширкати Teliasonera дар Тоҷикистон бо унвони Tcell муаррифӣ шудааст. Соли гузашта Tcell дар натиҷаи ҳамоиши ду ширкати мухобиротии “Индиго-Тоҷикистон” ва “Сомонком” ташкил шуда, 40 % саҳмияҳои он моли Хазинаи
Оғохон ва 60 % моли Teliasonera мебошад.
Ширкати Tcell, ки худро дар дохили Тоҷикистон ба унвони як ширкати миллии телекоммуникатсионӣ муаррифӣ кардааст, дар шароити рақобати шадид тавонистааст беш аз 2,5 миллион аҳолии кишварро бо телефони ҳамроҳ таъмин кунад ва интернету иртиботи бесимро дар дар манотиқи кӯҳдоману душворгузар ба роҳ монад. Tcell дар тӯли се соли охир азимтарин пардохткунандаи молиёту андоз дар Тоҷикистон будааст.
Масъулини ширкат таъкид мекунанд, ки тамоми фаъолияти онҳо дар Тоҷикистон дар доираи қонун сурат мегирад. Рустам Мирсаидов, масъули равобит бо ҷомеаи ширкати Tcell ба саволи Озодӣ, ки “дар сурати муроҷиати сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва амният барои шунидани сӯҳбатҳои телефонӣ, СМС-ҳо, интернет ва имейлҳои компютерҳои муштариҳо, Тcell ба онҳо кӯмак мекунад?”, чунин посух дод: «Ширкати Tcell бо таҷҳизоти мавҷудаи худ, имконияти бурдани назорати махфӣ бар сӯҳбатҳои телефонӣ, СМС-ҳо, Интернет ва имейлҳои компютерии муштариёни худро надорад ва бо сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу амният, танҳо дар чаҳорчӯби Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ амал менамояд».
Дар ҷомеаи Тоҷикистон гурӯҳе бар ин боваранд, ки гуфтугӯҳои телефонӣ ҳоло низ мисли даврони шӯравӣ шунида мешаванд ва бисёриҳо ба ин далел аз гуфтугӯҳои худмонӣ тариқи телефон худдорӣ мекунанд. Имрӯз низ ҷумлаи маънидори “Ин сӯҳбати телефонӣ нест”, борҳо дар телефонҳои мобилӣ садо медиҳад. Ба эътимоди бархе, дар Тоҷикистон шунидани гуфтугӯҳои телефонҳои соҳибкорону тоҷирон бо фармоиши рақибонашон дар соҳаи бизнес то дараҷае расидааст, ки бисёри афроди сарватманду бонуфуз кӯшиш мекунанд як не, даҳҳо корти телефон ё СИМ-карта дошта бошанд, то ки назорату гӯшкунии сӯҳбатҳои онҳо дувор шавад.
Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон, ки иттифоқан телефони ҳамроҳаш марбути ширкати Tcell будааст, гуфт, ҳарчанд далеле надорад, ки бигӯяд, сӯҳбатҳои телефонии ӯ гӯш карда мешаванд, аммо аз эҳтимол дур намедонад, ки ӯ, ба унвони як шахсияти сиёсӣ метавонад таҳти назари сохторҳои махсус бошад. Кабирӣ гуфт:
- Кор ба ҳадде расидааст, ки агар бо як масъули давлатӣ дар як мавзӯи оддӣ сӯҳбат кунед, вай ҳатман телефонашро хомӯш мекунад, ё дур мебарад ё
ҳадди аққал садои телевизионашро баланд мекунад. Бо ҳамин мехоҳад мутмаин бошад, ки садояшро сабт намекунанд. Агар ҳам гӯш кунанд, инсон бояд тарзе рафтору гуфтор кунад, ки ҳеҷ нигаронӣ аз гӯш кардани телефон набошад. Аз тарафи дигар, дар кишвари мо истифода аз сабтҳои ба таври ғайриқонунӣ ба дастомада дар қонунгузорӣ мамнӯъ аст ва он наметавонад чун далел истифода шавад. Албатта, барои шантаж метавонанд истифода кунанд.
Масъулини филми мустанади “Қуттии сиёҳ” бо наворбардории филми фошкунандаи худ мегӯянд, бо ин ки васоили навини мухобирот воқеан ҳам дар зиндагии ҳамарӯзаи мардумони ҷаҳон кӯмак мекунанд, инчунин як нигарониеро дар зеҳни инсонҳо эҷод мекунанд, ки ҳукуматҳои алоҳида ва шахсияту ширкатҳои мушаххас метавонанд телефон, Интернет ва дигар фанновариҳои замонавиро зидди инсонҳо истифода кунанд. Йоаҳим Дифвермарк мегӯяд, масъулияти ширкатҳои кишварҳои пешрафта ҳам, ки муваззафанд қонунҳоро дар макони будубоши бизнеси худ риоя кунанд, ин аст, ки дар баробари эҳтиром ба қонуни кишварҳои мисли Тоҷикистон, масъулияти ахлоқии худро дар Шветсия фаромӯш накунанд. Вай мегӯяд, “дар талоши ба даст овардани даромади молӣ дар давлатҳои диктотурӣ фаромӯш накунанд, ки бояд фаъолияти шаффоф ва боз дошта бошанд”.