Додгоҳи ноҳияи Первомайскии шаҳри Бишкек пас аз баррасии тӯлонӣ, шоми рӯзи 16-уми август Омурбек Текебоев, раҳбари ҳизби «Ота Мекон» ва Дуйшенқул Чотонов, сафири собиқи Қирғизистон дар Кореяи Ҷанубиро гунаҳор эълон карда, ҳардуро ба мӯҳлати 8-солии зиндон маҳкум кард. Текебоев барои гирифтани пора дар ҳаҷми 1 миллион доллар дар як муомилаи тиҷоратии соли 2010, замоне, ки нахуствазир буд, айбдор дониста шуд.
Дар сухани охирини худ дар додгоҳ айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ хост, ки Текебоев ва Чотоновро ба 10 ва 8 соли зиндон маҳкум кунад.
Баъди эълони ҳукм тарафдорони Текебоев ба нишони эътироз садо баланд карданд, вале ӯ оромона гуфт: «ҳамааш хуб мешавад»
Додраси додгоҳи ноҳияи Первомайскии шаҳри Бишкек Ойбек Эрнис уулу дар паи муҳокимаҳои думоҳа ниҳоят шоми 16 август ҳукми сиёсатмадори мухолифи ҳукумат – Омурбек Текебоев ва собиқ дипломат Дуйшенқул Чотоновро содир кард. Додрас гуфт, ки дар мурофиа гунаҳгории раиси ҳизби «Ота Макон» ва шарикаш пурра исботи худро ёфт ва ҳукм кард, ки ҳардуи онҳо ба мӯҳлати 8-солӣ ба зиндон андохта шаванд. Додгоҳ гуфт, ки моликияти маҳкумшудаҳо мусодира мешавад. Чотонов дар мақоми сафири Қирғизистон дар Кореяи Ҷанубӣ кор кардааст.
Додгоҳ гуфт, ки баъди хатми мӯҳлати зиндон давоми се сол ин ду нафар ҳақи ишғол кардани мақомҳои давлатиро нахоҳанд дошт.
Маҳкумшудаҳо гуфтанд, ки аз болои ин ҳукм ба зинаи болоии додгоҳ шикоят мекунанд.
"Ҳамааш хуб мешавад"
Хабарнигори бахши Қирғизии Радиои Озодӣ, ки аз ҷараёни мурофиа ва қироати ҳукм мушоҳида мекард, гуфт, баъди эълони ҳукм тарафдорони Текебоев ба нишони эътироз садо баланд карданд, вале «ӯ оромона гуфт, «ҳамааш хуб мешавад».
Дар сухани охирини худ айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ хост, ки Текебоевро ба 10 ва Чотоновро ба 8 соли зиндон маҳкум кунанд, дар ҳоле, ки вакилони дифои сиёсатмадорон ба пурра озод шудани онҳо аз зиндон даъват мекарданд. Вакилони дифоъ ва тарфдорони маҳкумшудаҳо аз оғоз ба сиёсӣ будани ин додгоҳ таъкид мекунанд ва мегӯянд, ихтилофҳои сиёсии байни раиси ҳизби «Ота Макон» ва президент Алмосбек Отамбоев раиси ҳизби сиёсиро ба курсии додгоҳ нишонд. Текебоев як муддаии курсии президентӣ аст ва ният дошт дар октябри соли 2017 номзадиашро ба интихобот пешбарӣ кунад. Вале дар сурати доштани доғи судӣ номзад наметавонад сабтином шавад.
Парванда зери назари КДАМ буд
Омурбек Текебоев 26 феврали соли 2017 аз ҷониби ходимони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт шуд. Давоми шаш моҳи боздошт аз рӯи моддаи «коррупсия» онҳо талош карданд бегуноҳии худро дар баробари иттиҳоми гирифтани пора дар ҳаҷми 1 миллион доллар аз соҳибкорони рус собит кунанд. Даъвогарон шаҳрванди Русия Алексей Модин ва Леонид Маевский мебошанд, ки гуфтанд, тавассути як миёнҷии дигар, ки ҳоло қайди ҳаёт нест, ба Текебоев пул додаанд. Гӯё ин маблағ барои харидани аксияҳои ширкати «Мегаком» дода шуд.
Аз оғоз маҳкумшудаҳо таъқиби худро дорои ангезаҳои сиёсӣ меномиданд, вале тафтишот гуфтааст, ки далели қотеи гунаҳгории ин афродро собит кардааст.