Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муборизаи ҳукумати Хуҷанд бо кори кӯдакон


Ҳукумати шаҳри Хуҷанд мегӯяд, бо тафтиши 40 коргоҳу муассиса мехоҳанд, ба истифода аз нерӯи кӯдакон дар иҷрои корҳои сангин нуқта гузоранд.

Ҳукумати шаҳри Хуҷанд бо тасвиби як қарор бар зидди истифода аз нерӯи кӯдакон дар иҷрои корҳои сангин мубориза эълон карда, гурӯҳи махсуси тафтишгаронро ҳам созмон додааст. Ҳайати ин гурӯҳ то ҳоло барои мо маълум нест, вале мақомот мегӯянд, онҳо дар тӯли сол беш аз 40 корхонаву муассисаро зери заррабин қарор хоҳанд дод.

Барномаи ҷилавгирӣ аз ҷалби наврасон ба кор аз сӯи шаҳрдории Хуҷанд дар ҳоле рӯи даст гирифта шудааст, ки дар бозору саҳро ва коргоҳҳо аз нерӯи бачаҳои зери синни 18 зиёд истифода мешавад. Барои мисол, кӯдакон баробари калонсолон дар саҳро пахтачинӣ мекунанду дар бозор – аробакашӣ ва дар мусофирбарҳо -“кондукторӣ”.

Кӯдакони тоҷик дар пахтазор. Акс аз бойгонӣ.
Кӯдакони тоҷик дар пахтазор. Акс аз бойгонӣ.

Шӯъбаи оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҳукумати Хуҷанд мегӯяд, дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ 10 мавриди ҷалби кӯдакон ба кор дар маркази вилояти Суғд ошкор шудааст. Мадина Салимова, раҳбари ин шӯъба, гуфт: “Мо нисбат ба волидони ин кӯдакон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода ва барои ҷаримабандӣ ба додгоҳ фиристодем. Мутаассифона, баъзе аз кӯдакон ба ҷои мактаб рафтану дарс хондан, ба корҳои вазнин машғуланд, ки ин аввал ба саломатӣ ва баъдан сатҳи саводу маърифати онҳо таъсир мерасонад.”

Салимова илова кард, Кодекси меҳнати Тоҷикистон танҳо ба 20 соат кор дар як ҳафта ҷалб кардани бачаҳо ва он ҳам наврасоне, ки синнашон аз 14 болост, иҷозат медиҳад. Ҳамзамон қонун ба кӯдакон музд ва дигар имтиёзи кории баробар бо калонсолонро пешбинӣ кардааст. Вале дар ҳоли ҳозир кордеҳ кӯдаконро ба таври ғайрирасмӣ, бидуни шартномаи хаттӣ, ба корҳои вазнин ҷалб мекунад.

Духтаракони 14-15-солае, ки дар атрофи Хуҷанд дар заминҳои шолипарварӣ кор мекунанд, гуфтанд, музди кору давомнокии соати кории онҳо аз худи кордеҳ вобаста аст: “Мо 12 соат кор мекунем. Рӯзҳои офтобии тафсон ҳам. Барои мо рӯзи истироҳат ё ид нест”,-гуфт яке аз онҳо. Дигаре илова кард, “мо ба пули корамон либосу дигар чизҳои барои мактаб зарурӣ мехарем.”

Ин духтаракон, ки кори саҳро мекунанд, аз оилаҳои нодоранд. Онҳо мегӯянд, барои як рӯзи кории 12-соатӣ кордеҳ ба онҳо 40 ё 50 сомонӣ музд медиҳад. Шуъбаи оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҳукумати шаҳри Хуҷанд мегӯяд, бо роҳандозии санҷиши вижаи беш аз 40 корхонаву муассисаҳои маркази вилоят мехоҳанд, аз ҷалби ғайриқонунии кӯдакон ба кор ҷилавгирӣ кунанд.

Вале оё бо ин иқдом мешавад аз истифодаи ғайриқонунии нерӯи кории кӯдак пешгирӣ кард? Мадина Салимова, раҳбари шӯъбаи оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҳукумати шаҳри Хуҷанд мегӯяд, “албатта, вақте ки ақаллан раҳбарони чанд корхона барои кӯдакро бо роҳи ғайриқонунӣ ба кор ҷалб кардан ҷарима мешаванд, ин ба корхонаву муассисаҳо ва соҳибкорони дигар як сабақ мешавад. Он вақт онҳо синну соли коргаронашонро ба инобат гирифта, рӯзи кории кӯтоҳ таъин мекунанд ва расман шартнома мебанданд ва музду имтиёзҳои баробари калонсолон медиҳанд.”

Вале коршиносон ва таҳлилгарон дар масоили ҳимоят аз ҳуқуқи кӯдак бар онанд, ки танҳо бо санҷишу тафтиш ва ошкору ҷарима кардани корхонаҳое, ки кӯдаконро ғайриқонуқнӣ кор мефармояд, кофӣ нест. Дилрабо Самадова, раҳбари созмони ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, мегӯяд, “мақсади санҷишу тафтишҳо бо ёфтани корфармои

Дилрабо Самадова
Дилрабо Самадова

бачаҳою ба ҷавобгарӣ кашидани вай одатан тамом мешавад. Аммо барои барҳам додани ҷалби бачаҳо ба кори вазнин, беҳтар мебуд, давлат ба оилаҳои нодор ёрии моддӣ мерасонд. Масалан, барои таҳсили фарзандони оилаҳои нодор дар мактаб харидани либос, китобу дафтар ва лавозимоти дигари онҳо. Чунки бачаҳои оилаҳои нодор ба корҳои вазнин ҳам розӣ мешаванд, барои он ки пул ба даст оранд.”

Мусоҳиби мо афзуд, аз сӯи дигар давлат бо фароҳам ва пешниҳоди ҷойҳои кории мувофиқ барои кӯдакон, бо рӯзҳои кории кӯтоҳмуддат, дастмузд ва имтиёзҳо метавонад ин мушкилро танзим ва аз истифодаи ғайриқонунии нерӯи кӯдакон ҷилавгирӣ кунад. Бино ба гуфтаи масъулони оид ба ҳуқуқи кӯдак дар шаҳрдории Хуҷанд, дар ҳоли ҳозир низ бачаҳои зери синни 18 расман дар корхонаву фурӯшгоҳҳо кор мекунанд. Аммо шумораи онҳо ангуштшумор будааст. Аксари кулли кӯдакони тоҷик ба корҳои саҳрову корхонаву бозорҳо бидуни шартномаи расмӣ, бо музди аз калонсолон кам ва бидуни ҳеҷ гуна имтиёзе ҷалб карда мешаванд.

XS
SM
MD
LG