Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

38 устоди "тасодуфӣ" аз Донишгоҳи Кӯлоб хориҷ шуд


Даромадгоҳи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб.
Даромадгоҳи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб.

Мақомоти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб 38 устоди ин донишгоҳоро ба иллати ба гуфтаи онҳо "камсаводӣ" ва "тасодуфӣ" будан, аз кор барканор карданд. Ба гуфтаи масъулони донишгоҳ, санҷиши дониши устодон дар пайи шикояти донишҷӯён баргузор шуд.

Дар як соли ахир бори дуввум аст, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб сафҳои устодонро аз афроди ба гуфтаи онҳо "тасодуфӣ" ва "ришвахор" пок мекунад. Абдулло Ҳабибулло, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб рӯзи чоршанбеи 27 июл дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки “комиссияи босалоҳияти донишгоҳ баъди санҷишҳои такрорӣ ба хулосае расид, ки даҳҳо устод ба талабот мувофиқ нестанд.

Ӯ гуфт, ки ба хотири шаффофияти раванди санҷиш баъзе устодонро такроран имтиҳон карданд, вале натиҷа боз ҳам манфӣ буд. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки баъзе устодони донишгоҳ аз иштирок дар санҷиши такрорӣ даст кашиданд.

"Ҳамин нафароне, ки аз кор озод шуданд, ба талаботи макотиби олӣ ҷавобгӯ набуданд. То ҳол ба мо фишору таҳдидҳо ҳаст, ки ин устодон бояд дар донишгоҳ бимонанд, аммо бо ин шароите, ки донишгоҳи Кӯлоб дорад, дигар баҳое даркор нест" - гуфт Абдулло Ҳабибулло.

Шарофат Худойдодова.
Шарофат Худойдодова.

Аввали моҳи июн раҳбарияти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб гуфта буд, ки имкон дорад то оғози соли нави таҳсили 2016-2017 ҳудуди 50 устоди ин донишгоҳ аз кор хориҷ шавад.

Шарофат Худойдодова, муовини раиси Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб дар заминаи аз кор ронда шудани даҳҳо устоди донишгоҳ гуфт, ки "дар вақти гирифтани диктанти санҷишӣ аз забони тоҷикӣ, устодоне ошкор шуданд, ки аз нӯҳ то 12 иштибоҳ доштанд."

Ӯ гуфт, ки миёни ихроҷшудаҳо хатмкардаҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Маскав низ ҳастанд, ки дар матн ба иштибоҳҳои ҷиддӣ роҳ доданд. Аммо бахши умдаи устодони хориҷшударо онҳое ташкил медиҳанд, ки дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таълим гирифтаанд. "Дар байни хориҷшудаҳо устодоне низ ҳастанд, ки таҷрибаи кории беш аз 10- сола доранд. Дар вақти санҷиш мо аз 9 то 12 хаторо дар матни устодон ошкор кардем",- гуфт Худойдодова.

Аммо Зафархон Содиқов, устоди 36-солаи факултаи иқтисод ва идора дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки матни санҷишии ӯ ҳамагӣ се хато дошт, вале боз ҳам баҳои манфӣ доданд. "Ҳарчанд ман унвони илмӣ надорам, аммо 9 китоби таълимӣ навиштаам, ки ҳоло дар дасти донишҷӯён аст, аммо аз соли нави таҳсил дигар барои мо ҷои кор нест", --гуфт Зафархон Содиқов.

Мақомоти донишгоҳ як ҳадафи дигари санҷишро раҳо шудан аз фасодкорӣ унвон мекунанд. Сару садоҳо дар мавриди ришва гирифтани устодони донишгоҳ дар гузашта зиёд буданд, аммо танҳо моҳи сентябри соли 2015 қазияи яке аз омӯзгорони ин донишгоҳ бо иттиҳоми гирифтани ришва ба додгоҳ рафт.

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бо беш аз 7 ҳазор донишҷӯ бузургтарин мактаби олӣ дар вилояти Хатлон дониста мешавад ва дар 10 факултаи донишгоҳ беш аз 500 устод дарс мегӯянд.

XS
SM
MD
LG